Андешаҳо пиромуни шохисаҳои фикрии Иқболи Лоҳурӣ
Бурун з-ин гунбади дарбаста…
Нигоҳе ба шохисаҳои фикрии шеъри Иқболи Лоҳурӣ
Ба қалами Муҳаммадкозими Козимӣ
Бахши аввал
Бурун з-ин гунбади дарбаста пайдо кардаам роҳе,
Ки аз андеша бартар мепарад оҳи саҳаргоҳӣ.
* * *
Пас аз ман шеъри ман хонанду дарёбанду мегӯянд:
Ҷаҳонеро дигаргун кард як марди худогоҳе.
Шеъри форсӣ дар тӯли торих ду бор дучори таҳаввуле ҷиддӣ шуд; таҳаввули аввал дар ҳудуди қарни панҷуми ҳиҷрӣ буд, ки Саноӣ ва Носири Хусрав ҳикмат ва маърифатро ба шеъри дарборӣ ва заминии мо тазриқ карданд. Дар қарнҳои баъд пайдоиши осори арҷманде чун «Қасоиди Хоқонӣ» ва «Мантиқуттайр» ва «Маснавии Маънавӣ» ва «Девони Шамс», дигар на таҳаввул, балки марҳилаи камоли он чизе аст, ки дар қарни панҷум поягузорӣ шуд. Пас аз он ба ҷуръат метавон гуфт, шеъри форсӣ дар гароиши куҳани хеш, аз Саноӣ ба баъд, ҳеч гоҳ он қадр зеру рӯ нашуд, ки дар асри Иқбол шуд ва бештар ҳам ба василаи ин шоир.
Ман мункири азамати бузургоне чун Абдулқодири Бедил нестам, вале Бедил дигаргункунандаи андешаи роиҷ дар шеър нест, балки фақат камолбахши он аст ва дар баъзе маворид низ албатта тағлизкунандаи он.
Албатта, ҷараёни машрута дар Эрон низ як хонатаконии шадиди фикрӣ дар шеъри форсиро дар пай дошт, аммо шеъри машрута пас аз ин хонатаконӣ бисёр берамақ ва камтафаккур шуд. Дар ин шеър ҷуз ватаниёти ифротӣ ва миллигароёна камтар чизе метавон ёфт, ки битавон як ҷараёни фикриаш номид. Бигузарем аз Ишқӣ ва Ориф ва Фаррухии Яздӣ, ки таҳаввулро дар соддатарин сатҳи он дарёфтанд, ҳатто Баҳор ва дигар эътидолиюни ин давра низ армуғони тозае дар тафаккур надоранд, ҷуз навъе миллигароии мубҳам ва нигоҳе иҷмолӣ ба қонун ва қонунгароӣ ва амсоли инҳо.
Аммо вуҷуҳи ин бозандешӣ дар шеъри Иқбол чист? Ман ба таври иҷмол ба ин маворид ишора мекунам:
- Хирадварзӣ
Суннати муқобилаи ишқу ақл дар шеъри куҳани мо, ҳарчанд ба ишқ дар маънои ирфонии он ҳувияте дода, хирад ва андешаро то ҳудуде ба маҳоққи инзиво бурдааст. Ба ростӣ чаро ин «хирад»- е, ки Фирдавсӣ ва Носири Хусрав он қадр онро меситоянд, дар шеъри мактаби ироқӣ ва ҳиндии мо ин қадр манфур ва матруд мешавад? Посухи ин суол бимонад барои маҷоли дигар, аммо ин қадр метавон гуфт, ки Иқбол пас аз солҳо, бо ақл оштӣ мекунад, онро меситояд ва мекӯшад бо он, бар рӯйи ду ҷаҳон битозад:
Ҳикмату фалсафаро ҳиммати мардӣ бояд,
Теғи андеша ба рӯйи ду ҷаҳон охтан аст.
Ҳол, инро муқоиса кунед бо сухани Хоқонӣ, ки фалсафаро камтар аз фалс медонад, яъне беарзиш ва зоид:
Нақди ҳар фалсафӣ кам аз фалсест
Фалс дар кисаи амал маниҳед.
Ва сухани Бедил, ки ишқро султон ва ақлро гадо мешуморад:
Ақл агар дар боргоҳи ишқ мелофад, чӣ бок?
Бар дари султон, сари чандин гадо хоҳад шикаст.
Аммо Иқбол он қадр ҳам хом нест, ки аз он сӯи бом биафтад ва аз шавқи хирадварзӣ ва андешагароӣ, ҳамаи ҷавониби ишроқии инсонро фаромӯш кунад. Иттифоқан, ӯ он гоҳ ки ба нақди тамаддуни Ғарб мепардозад, бештарин нуқтаи иттикояш хирадгароии мутлақи андешамандони ғарбӣ ва ғафлаташон аз «иксири муҳаббат» ба қавли худи ӯст. Ин суханро дар шеъри «Паём» аз китоби «Нақши фаранг» ба равшанӣ метавон дарёфт.
Ҳикмату фалсафа корест, ки поёнаш нест,
Силии ишқу муҳаббат ба дабистонаш нест.
Бештар роҳи дили мардуми бедор занад,
Фитнае нест, ки дар чашми сухандонаш нест…
Чора ин аст, ки аз ишқ гушоде талабем,
Пеши ӯ саҷда гузорему муроде талабем.
Дар воқеъ Иқбол ақлро рад намекунад, онро таъйид мекунад, вале кофӣ намедонад ва ин равшанбинонатарин қазоват дар миёни ақлу ишқ дар шеъри мост.
- Муқобила бо зуҳди манфӣ
Кори дигари Иқбол, муқобила бо зуҳди оҷизона ё дурусттар бигӯем, аҷзи зоҳидонае аст, ки бар саропои шеъри форсӣ чира шуда буд ва ба вижа дар мактаби ҳиндӣ ба авҷ расида буд. Шояд ин навъе муборизаи манфӣ буд алайҳи зӯргӯён. Яъне шоирон мекӯшиданд бо ситоиш аз тавозӯъ ва шикастагӣ ва хоксорӣ, ҳуккоми асрро ба чунин шевае даъват кунанд, вале ин равиш ба назар мерасад, ки беш аз ин ки бар ҳокимон асаре бигузорад, мардуми бечораро ба хорӣ ва хиффат мекашад. Паёми шеъри мактаби ҳиндӣ ба ҷомеа ин буд:
Ба нокасон чу расӣ, андаке тавозӯъ кун,
Даре, ки паст бувад, метавон хамида гузашт.
Ва ё ин байти Бедил:
Дар тангнои хонаи гардун, ҳилолвор
Хоҳӣ сарат ба сақф наёяд, хамида рав.
Ва дар ниҳоят ҳам шоир фақат ба ҳамин хурсанд аст, ки агар ҳам гарданкашон пояи иззатро ба осмон расондаанд, ин арзише надорад, чун ғубор ҳам ба осмон мерасад. Беҳтар ин аст, ки мисли соя афтода бошӣ то баланду паст дар баробарат яке бошад, чунонки дар ин байтҳо аз Бедил мебинем:
Сарат ар ба чарх сояд, нахӯрӣ фиреби иззат,
Ки ҳамон каф ғуборе ба ҳаво расида бошӣ.
Ва
Баланду паст садди роҳи аҷзи мо намегардад,
Ба паҳлӯ қатъ созад соя чандин кӯҳу саҳроро.
Мулоҳиза мекунед, ки ин навъ нигоҳ як дилхушкунӣ аст яъне бале, ин аҷзи мо аз он шукӯҳи шумо беҳтар аст. Аммо Иқбол аз ин тазодди фақру ғино ва бечорагиву шукӯҳ, чунин натиҷае намегирад. Ӯ дар пайи инқилоб аст ва он ҳам ба қавли худаш «инқилобе, ки нагунҷад ба замири афлок»:
Хоҷа аз хуни раги муздур созад лаъли ноб,
Аз ҷафои деҳхудоён кишти деҳқонон хароб,
Инқилоб!
Инқилоб, эй инқилоб!
Шайхи шаҳр аз риштаи тасбеҳ сад мӯъмин ба дом,
Кофирони содадилро барҳаман зуннортоб,
Инқилоб!
Инқилоб, эй инқилоб!
Миру султон нардбозу каъбатайни шон дағал,
Ҷони маҳкумон зи тан бурданду маҳкумон ба хоб,
Инқилоб!
Инқилоб, эй инқилоб!..
- Озодихоҳӣ
Яке дигар аз вижагиҳои боризи шеъри Иқбол, озодихоҳӣ аст. Ин «озодӣ» ба мафҳуми навини он аз дастовардҳои ҷаҳон дар чанд қарни ахир аст. Дар фарҳангу адаби куҳани мо озодӣ бештар ваҷҳи маънавӣ ва ирфонӣ дорад ва камтар ба ҷавониби сиёсӣ ва иҷтимоии ин калима таваҷҷӯҳ мешавад. Масалан, вақте Мавлонои Балхӣ ва Бедил, ки дар ин байтҳо аз зиндон ва озодӣ ва амсоли инҳо сухан мегӯянд, бештар мафоҳими маънавӣ мавриди назар аст:
Бозомадам чун иди нав то қуфли зиндон бишканам
В-ин чархи мардумхорро чанголу дандон бишканам.
Ва
Танам зи банди либоси такаллуф озод аст,
Бараҳнагӣ ба барам хилъати Худодод аст.
Вале Иқбол ҳамонанди дигар шоирони он давра, ғолибан озодиро аз манзари иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар назар дорад ва ин мафҳум ба вижа дар шеъри ӯ, бо навъе бегонаситезӣ ҳамроҳ аст, чунонки мегӯяд:
Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо.
Дар канори ин озодихоҳӣ навъе инқилобигарӣ аз навъи мубориза алайҳи истибдод ҳам дар шеъри Иқбол дида мешавад ва албатта ин бе сабаб ҳам нест, чун ӯ дар рӯзгори вобастагии кишвараш ба истеъмори Ангилис ба сар мебурда ва аз муборизони роҳи истиқлол ва бунёнгузорони кишвари Покистон аст. Шеъри «Хоҷа ва муздур»-и Иқбол ба хубӣ баёнгари муборизаҷӯӣ ва инқилобигарии ӯст:
Хоҷа аз хуни раги муздур созад лаъли ноб,
Аз ҷафои деҳхудоён кишти деҳқонон хароб,
Инқилоб!
Инқилоб, эй инқилоб!..
Миру султон нардбозу каъбатайни шон дағал,
Ҷони маҳкумон зи тан бурданду маҳкумон ба хоб,
Инқилоб!
Инқилоб, эй инқилоб!
Идома дорад…
Қаламонлайн