Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Телавивро бо мушаки болистики “Фаластин-2” ҳадаф қарор додем”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Телавивро бо мушаки болистики “Фаластин-2” ҳадаф қарор додем”

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки артиши Яман як ҳадафи низомии саҳюнистиро дар Телавив бо мушаки болистики “Фаластин-2” маврид ҳамла қарор додааст.

Ба гузориши Алмаёдин, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе аз ҳамла ба як ҳадафи низомии саҳюнистӣ дар Телавив бо мушаки болистики “Фаластин-2” хабар дод.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман афзуд: “Ҳамчунин ҳадафи ҳаётиеро дар минтақаи ишғолии Асқалон бо паҳподи “Ёфо” мавриди ҳамла қарор додем. Ҳар ду амалиёт дар Ёфо (Телавив) ва Асқалон аҳдофи худро бо муваффақият муҳаққақ карданд.”

Сареъ идома дод: “Мо дар ростои ёрии бародаронамон дар Фаластин ва Лубнон амалиётҳои низомии бештреро алайҳи душмани исроилӣ иҷро хоҳем кард.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: “То замоне, ки таҷовуз ба Ғазза ва Лубнон мутаваққиф нашавад, амалиёти мо низ мутаваққиф нахоҳад шуд.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ҷанги минтақаӣ дар Ховари Миёна
Артиши Исроил: Мақарри марказии Ҳизбуллоҳро бомбборон кардем

Матолиби пурбоздид