Исроил: Ҳамлаи заминӣ ба Лубнонро оғоз кардем

 

Исроил: Ҳамлаи заминӣ ба Лубнонро оғоз кардем

Байналмилал

Бо вуҷуди он ки Исроил муддаӣ шуд, ҳамлаи заминӣба Лубнонро оғоз кардааст, аммо хабарнигорон дар ҷануби Лубнон гузориш доданд, ки то кунун ҳеч нуфузи заминӣ аз сӯйи низомиёни саҳюнист дар марз бо Исроил сурат нагирифтааст

 Хабарнигори Алҷазира аз даври ҷадиди ҳамалоти мушакӣ ба самти Алҷалилул Улё дар шимоли Исроил хабар дод

Бар асоси гузориши манобеи исроилӣ, режими саҳюнистӣ расман таҳоҷуми заминӣ ба Лубнонро оғоз кардааст.

Ба гузориши Алъолам, сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ расман аз оғози таҳоҷуми заминӣ ба Лубнон хабар дод, бар асоси ин гузориш, ишғолгарон бо пуштибонии ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ вориди хоки Лубнон шудаанд.

Артиши ишғолгар муддаӣ шуд, амалиёти заминӣ мутамаркиз алайҳи аҳдофи Ҳизбуллоҳ аст, ишғолгарон муддаӣ шуданд, ин таҳоҷуми заминӣ бо ҳадафи таваққуфи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ сурат гирифтааст.

Артиши режими саҳюнистӣ зимни номгузории ин амалиёт ба унвони “Тирҳои шимол”, изҳор дошт: “Ин амалиёт бар асоси арзёбиҳои вазъияти майдонӣ ва дар канори набард дар соири ҷабҳаҳо идома дорад.”

Бо ин ҳол, бархе расонаҳои арабӣ мегӯянд, алорағми иддаои саҳюнистҳо, то кунун ҳеч пешравии заминӣ тавассути тонк ё нерӯи низомӣ дар ҷануби Лубнон сурат нагирифтааст.

Хабарнигори Алъолам дар ҷануби Лубнон гузориш дод, ки то кунун ҳеч нуфузи заминӣ аз сӯйи низомиёни саҳюнист дар марз бо Исроил сурат нагирифтааст.

Манобеи саҳюнистӣ гузориш доданд, ки тайи 40 дақиқа баъд аз нимашаби имшаб, 35 мушак аз хоки Лубнон ба самти Исроил шиллик шуд.

Хабарнигори Алҷазира аз даври ҷадиди ҳамалоти мушакӣ ба самти Алҷалилул Улё дар шимоли Исроил хабар дод.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Партоби мушак аз Эрон ба самти Исроил
Тафовути Ҳизбуллоҳ ва Исроил аз забони сафири собиқи Омрико дар Арабистони Саудӣ

Матолиби пурбоздид