Номаи уламои аҳли суннат ба Оятуллоҳ Хоманаӣ
Номаи се ҳазор нафар аз уламои аҳли суннат ба Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳимоят аз амалиёти “Ваъдаи содиқ-2”
Байналмилал
Се ҳазор нафар аз уламои аҳли суннат дар номае хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ қадрдонӣ ва ҳимояти худро аз амалиёти зафарманди “Ваъдаи содиқ-2” эълом карданд.
Ба гузориши Алъолам ба нақл аз дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар ин нома хитоб ба раҳбари Ҷ.И.Эрон омадааст: “Ҳол, ки бо заъомати муқтадирона ва ҳакимонаи шумо ва пас аз муддате хештандории иззатмандона, бо дасти тавонманди Сипоҳи далери Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, қалби сарзаминҳои ишғолӣ дар шомгоҳи 10-уми меҳрмоҳ бо оташи хашми ношӣ аз хашми уммати исломӣ ва ҷунуди илоҳӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт, қалби доғдори хонадони шуҳадо, мардуми бепаноҳи Фаластин ва ҳамаи озодагони олам таскини дубора ёфт ва муборизони настӯҳи Қудси шарифро барои муқобила бо режими манҳуси саҳюнистӣ то поёни умри ношарафи ин валади номашрӯъи истикбори ҷаҳонӣ, ҷоне дубора ва азми хастагинопазир бахшид.”
Дар идомаи ин нома омадааст: “Инҷонибон, ҷамъе аз имомони ҷумъа ва ҷамоат ва мубаллиғони аҳли суннат ба унвони ходимони Қуръон ва маорифи исломӣ ва раҳрави масири ваҳдат ва ҷиҳоди табйин, зимни тақдири вофир аз баёноти равшангарона ва хутбаҳои душманшикани шумо дар намози ҷумъаи ахири Теҳрон ва таҷдиди паймон бо ормонҳои имоми роҳил (р) ва шуҳадои воломақом ва пайравӣ аз он қоиди азим, маротиби сипос ва имтинони қалбии худро аз амалиёти зафарманди “Ваъдаи содиқ-2”-и Сипоҳи қаҳрамон ва нерӯҳои мусаллаҳи пурифтихори Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи режими ғосиб ва кӯдаккуш ба маҳзари он раҳбари фарзона ва фармондеҳон ва муҷоҳидони фӣ сабилиллоҳ эълом медорем.”
Қаламонлайн