Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон

Фарҳанг

Худбинӣ ва худхоҳӣ, решаи ҳамаи гуноҳон бидуни истисно

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши аввал

Агар Худо бихоҳад, дар чаҳор панҷ қисмат, дар бораи худхоҳӣ ва худбинӣ, ки ҳамон маният ва иноният аст сӯҳбат хоҳам кард ва ин ки реша ва сарчашмаи ҳамаи гуноҳон бидуни истисно дар ин дунё, ҳамин хислат аст. Агар ин сифати нописанд ва зишт аз инсон рахт барбандад – ки бисёр бисёр душвор ва сахт аст – олам гулистон хоҳад шуд.

Асосан, монеи маърифати ҳақиқии Худо ва расидан ба ӯ, вуҷуди ҳамин хислат дар инсонҳост. Бузургтарин парда ва ҳиҷоб байни инсон ва Худо, ҳамин хӯй аст. Яъне ту то вақте, ки нигоҳат ба худат аст, фикру зикрат ба худат аст, фақат худатро мебинӣ, маҳол аст Худоро бибинӣ. Ин маҳол аст.

Одамҳо, ки Худоро намебинанд, далелаш ҳамин аст. Дуруст мисли ин ки ту васати хиёбон миёни анбӯҳе аз мошинҳо роҳ меравӣ ва фикру зикрат сахт машғули чизе аст ва фақат ба он чиз меандешӣ ва дар он фурӯ рафтаӣ, дар ин ҷо, ту дигар чашмат ба мошинҳо намеафтад, гӯӣ ҳеч мошине нест. Хеле аз тасодуфҳо сабабаш ҳамин будааст; тараф, сахт машғули андеша буда ба гунае, ки дигар фаромӯш карда, ки дар васати хиёбон аст, ки якдафъа як мошин задааст.

Мо, одамҳо дар ин дунё дуруст мисли ҳаминем; нигоҳамон, ки фақат ба худамон аст, дигар Худоро намебинем. Одам вақте вафот кард, ин дуруст мисли ин аст, ки мошин вақте инсонро бизанад, якдафъа мефаҳмад куҷост, бедор мешавад. Қуръон дар ин бора таъбири зебо ва расое дорад; мефармояд:

لَقَدْ كُنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَٰذَا فَكَشَفْنَا عَنْكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ

“Ту аз ин ғофил будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрӯз чашмонат тезбин шудааст.” (Қоф/22)

Ин ки мефармояд, ғофил будӣ, хеле маъно дорад. Таъбири ғофил будан ва дар ғафлат буданро дар ҷойе ба кор мебаранд, ки чизе бошад, вале шумо ба он таваҷҷӯҳ надошта бошед, ҳушу ёдатон ба ҷойи дигар бошад.

Худо дар ин оят мефармояд, ки вақте инсон мурд ва мо пардаро аз баробараш бардоштем, тоза хоҳад фаҳмид, ки чӣ хабар будааст.

Хулоса, сӯҳбати банда дар чанд бахш, ҳамин мавзӯъ аст. Гуфтанист, аз уламое, ки дар ин мавзӯъ баҳсе бисёр ҷомеъ ва муфассале кардаанд, яке Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ дар “Эҳё” аст ва дигар, Мавлавӣ Балхӣ ва ҳамчунин Файзи Кошонӣ.

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаоравшанӣ

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти босмачиҳо – YI
Забони коргар

Матолиби пурбоздид