Саргузашти босмачиҳо – YI

Таърих

Саргузашти босмачиҳо – YI

Бахши шашум

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Фаъолият дар Бухоро

Ташкили Кунграи Шарқ дар Боку ва кӯшиши болшевикҳо дар барандозии амирнишини Бухоро ва ногузириашон ба ин ки барои муддате кӯтоҳ аз аносури миллӣ истифода кунанд, фурсати хубе буд. Дар сояи тасмимоти Кунграи Боку, дигар дар ҳар ҷое ҳар кас ба ташкилоти махфӣ рӯй оварда буд ва касоне, ки зарурати тадовуми ин навъ ташкилотро дарк мекарданд, аз ҳар вилояте ба ҳудуди Бухоро ва Самарқанд омада буданд. Аммо чун назариёти мухталиф роҷеъ ба масоил ҳанӯз табалвур наёфта буд, табақабандии онҳо — ки дар он зиндагии тавтиаомез пеш омада буд — душвор менамуд. Эҳсос мешуд, ки бори масъалаи босмачиҳо комилан бар дӯши ташкилоти махфӣ қарор мегирад. Ҷонзоков ва бархе аз бошқирҳо ба босмачиҳо пайваста буданд ва барои ташкили кунгра тадоруки лозим дида шуда буд.

Тамос бо хориҷ ҷузъи масоили қавмҳои гуногуни мардум буд. Ориф Каримӣ, аз равшанфикрони тотор, аз атрофи Ғулча омада буд. Дар он ноҳия, тамос бо намояндагони жопунӣ, ки дар онҷо буданд, зарурӣ шумурда мешуд. Амири Бухоро таҳти таъқиб буд. Аммо пас аз фирори ӯ, масъалаи ҳаводоронаш (амирчиҳо), ҳаводорони маъдудаш, ва ҳамчунин босмачиҳое, ки ҳам аз амир ва ҳам аз болшевикҳо норозӣ буданд, ба миён омада буд. Ҷамолпошшо тасмим дошт, ки умури Туркистонро аз Кобул идора кунад ва бо босмачиҳо тамос мегирифт. Ва Анварпошшо аз Маскав ба суди болшевикҳо таблиғоти иттиҳоди исломӣ мекард. Ин ҷараён низ дар қазия муассир буд.

Дар миёни мо, яҳудиёни мутамойил ба андешаҳои мо ва туркҳои кошғарӣ, ки дар Туркистони ғарбӣ коргарӣ мекарданд, вуҷуд доштанд. Зарурати таъйини равобити ҳамаи инҳо бо дастаҳои русӣ низ дар миён буд. Пас аз ба даст омадани ҳукумати Бухоро ва Хева — ки қарор буд усули идораи онҳо ҳарчанд ба таври муваққат ба ҷойи кумунистӣ, унвони халқӣ дошта бошад — лузуми таъйини дидгоҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пеш меомад.

Дар гузашта, қувваҳои сиёсии маҳаллии Туркистон ба: 1) мутақаддимин, 2) мутаҷаддидин (ҳамон ҷадидиҳо) ва 3) сусиёлистҳо тақсим мешуд ва пас аз рафтани амир, қудрат дар дасти мутаҷаддидин ва сусиёлистҳо тамаркуз ёфта буд. Аммо онон низ гирифтори ихтилофи назар буданд. Дар нахустин ҳафтаи январ, масоили барнома мавриди музокира қарор гирифт. Иддае аз “исломиҳои Шӯро”-и Туркистон ва мутаҷаддидини Бухоро беш аз дигарон ба ин масоил мепардохтанд. Намояндаи сусиёлизми халқӣ низ, бошқирҳо ва марҳум Абдулҳамид Ориф (ов), вазири умури дохила (сипас вазири ҷанг) буданд. Аз онҷо, ки барномаи омодае вуҷуд надошт, дар музокироти ҷаласаи умумӣ, барномаи 27-моддаии сусиёлистҳои миллӣ, ки дар 1919 дар Бошқиристон, дар июни 1920 дар Маскав ва сипас дар Кунграи Боку бо кӯмаки ман ва Ҷонзоков танзим гардида буд, қироат шуд. Аз ҳуззор теъдоди андаке ба он тамоюл нишон доданд.

Чанд рӯз баъд, яке аз аъзои аксарият як тарҳи 19-моддаӣ барои барнома пешниҳод кард. Дар ин тарҳ, маводде чун адами таъарруз ба печа (ҳиҷоб, рӯбанд)-и занон, ҳифзи ҳокими шариат, эҳтимом ба умури динӣ ва назархоҳӣ аз ақвоми мухталифи мардум вуҷуд дошт, ки ҳеч кадом барои тарафи муқобил пазируфтанӣ набуд; танҳо масоили мавриди иттифоқ аз ин қабил буд:

1) зарурати вуҷуди ҷамъияти махфӣ;

2) муборизаи ҷиддӣ бо амир, то охирин марҳила ва таъсиси ҳукумати миллӣ;

3) ташкили вазорати ҷанг ва комиссариат (намояндагӣ)-ҳои он ва таъсиси артиш;

4) зарурати фаъолиятҳои фарҳангии муосир.

Билохира имкони ин ки равшанфикрони Бухоро дар ҳизб гирд оянд пеш наёмад ва фақат бо танзими як маромномаи умумӣ васоили эҷоди як “ҷамъият” фароҳам шуд. Ба ин далел, Ориф ва рафиқонаш ва бошқирҳо эълом карданд, то замоне ки барномаҳои ҳизбӣ бар мабнои гароишҳо танзим нашавад, ба ҷамъият нахоҳанд пайваст ва равшанфикрон ва кумунистҳои қазоқ дар Тошканд низ ҳамин матлабро бо пайку нома хостор шуданд. Дар натиҷа, қарор шуд, ки аз тарафе тараққихоҳон (мутаҷаддидин) ва аз сӯи дигар тӯдаҳои (яъне гурӯҳҳои) сусиёлист барномае мутобиқи гароишҳои худ таҳия кунанд, вале муваққатан, бе он ки мунтазири таъйини он бошанд, барномаи муштараке муташаккил аз нуқоти мавриди иттифоқ фароҳам оварданд. Ба ин тартиб, маромномаи 7-моддаии 27 июн пазируфта шуд, ва ин ҷамъият “Иттиҳоди ҷамъиятҳои инқилобии миллӣ ва ҳамагонии мусалмонони Осиёи Миёна” ном гирифт.

Масъалаи барнома дар сентябри 1921 ва аввали октябри ҳамон сол дар Самарқанд, дар сентябри 1922 дар кунграҳои ӯзбакҳо ва қазоқҳои Тошканд ба музокира ниҳода шуд ва порае ислоҳот дар он сурат гирифт.

7 модда аз ин қарор буд:

1) Туркистон (Осиёи Миёна) бояд мустақил шавад ва худи мардуми Туркистон сарнавишти онро таъйин кунанд;

2) Усули идории Туркистон бар асоси “Ҷумҳурии демукротик” хоҳад буд;

3) Касби истиқлол фақат бо таъсиси артиши миллӣ мумкин аст, ва ҳукумати миллӣ фақат метавонад ба артиши миллӣ муттакӣ бошад;

4) Истиқлоли Туркистон (Осиёи Миёна) ҳамоно истиқлоли иқтисодии он аст ва аз ин рӯ хатти машйи куллии иқтисодиёти он, ташхиси арҷаҳияти навъи санъат ё кишоварзӣ, таъйини масири хутути оҳан ва наҳрҳо ва васоиле аз ин қабил бояд ба дасти худи мардуми Туркистон бошад;

5) Пешрафт додани фарҳанги муосир ва маорифи ҳирфаӣ ва ошно шудан бо тамаддуни урупоӣ бидуни висотати фарҳанги рус;

6) Ҳалли масъалаи миллият ва баҳрабрадорӣ аз сарвати табиии мамлакат бо риояти усули мунтаносиб;

7) Озодии комил дар умури мазҳабӣ ва наёмехтани умури ҳукуматӣ бо умури динӣ. (1)

Агарчӣ то ин охирҳо барномаи ташкилоти мазбур тағйир накардааст, вале худи он ба “Ваҳдати миллии Туркистон” тағйири ном додааст.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҷрии шабакаи Алҳивор: Эрон қудрати аввали минтақа аст
Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон

Матолиби пурбоздид