Мубориза дар роҳи қонунӣ ва миллӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон

Фарҳанг

Ҳикояти мубориза дар роҳи қонунӣ ва миллӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон

Муҳаммадҷон Шакурӣ

Бахши аввал

Шахси масъуле дар Тоҷикистон чанде пеш ба муносибати ёдоварии таърихи муборизаҳои мардуми мо дар роҳи ҳифзи забон, дар роҳи ҳифзи забони  давлатӣ  ва  Қонуни  забон,  ки  дар Ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ сурат гирифта буд, аз ҷумла дар Тоҷикистон, суханронӣ оғоз карду ба чӣ сабабе якбора гуфт:

– Ин ҷо ягон нафар набояд даъво дошта бошад, ки мо қаҳрамонӣ кардем. Ҳамаи ҷумҳуриҳои назди Балтика, Қафқоз ва Осиёи Миёна ин корро карданд ва ин як раванди таърихӣ буд. Матни ин суханронӣ дар рӯзномаи “Наҷот”,   22 июли 2010 саҳифаи 5 чоп шудааст. Афсӯс хӯрдам, ки эшон ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг, хусусан дар соҳаи ҳифзи забон, дар бораи муборизоне, ки дар солҳои 1980-90 дар роҳи забони миллии худ, дар роҳи забони давлатӣ фидокориҳо карда буданд, дар  бораи  онҳо  бо    ин  гуна  як  оҳанги  нофорам сухан мекунаду мегӯяд, ки гӯё онҳо имрӯз даъвои қаҳрамонӣ  доранд,  вале  сазовори  қаҳрамонӣ нестанд ва ҳоказо.

Аз он касоне, ки дар Тоҷикистон дар ин мубориза ширкат доштанд, бисёриҳо имрӯз дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Метавон гуфт, ки дар баъзе соҳаҳо ҳанӯз банда фаъолият дорам. Аз он нафароне,  ки  дар  қабули  Қонуни  забон иштирок доштанд, фақат ман   дар қайди ҳаёт ҳастам ва он гапе, ки ин нафар гуфтааст: баъзе касон даъвои қаҳрамонӣ доранд, имрӯз пеш аз ҳама дар ҳаққи банда гуфта шудааст. Он кас, ки имрӯз “ба оши тайёр бакавул шуда омад”, ҳатто андак кӯшиш накардааст, ки аз таърихи масъала хабар ёбад. Таърихи ҳамин рӯз, ин таърихи дирӯз не, ҳатто таърихи парерӯз не, таърихи ҳамин рӯз аст.  Афсус, ки  чунин  таърихе  навишта  ҳам нашудааст.  Ҳоло мумкин навишта шавад. Алъон банда мехоҳам, ки баъзе лаҳзаҳоеро аз ҳаёти худам, аз ширкати худам дар он муборизаҳо баён кунам.

Дар он муборизаҳо дар Тоҷикистони мо бисёре иштирок карда буданд. Дар байни он иштирокдорон одамони машҳури соҳаи фарҳанг, адабиёт, санъат, матбуот мавҷуд буданд. Ғайр аз ин дар ин мубориза гурӯҳи калони одамони одӣ, муаллимони қишлоқ иштирок кардаанд. Он иштироккардаҳо бешуморанд. Ёдашон ба хайр! Фақат баъзеи онҳо имрӯз бо мо қадам мегузоранд. Ман дар бораи ҳамаи онҳо ё ин ки баъзеи онҳо ин ҷо ҳикоя карда наметавонам.

Фақат он чиро, ки худам медонам, беҳтар медонам, он чиро, ки ба худам дахл дошт, он кореро, ки ба худи ман супурда буданд, то иҷро кунам, баъзе чизҳоро ёдовар мешаваму бас.

Масъалаи  забонҳои  миллии  ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар замони зуҳури Горбачёв ба миён омад. Ҳамин ки Горбачёв ошкорбаёнӣ эълон кард, то мардум ошкоро гап зананд, камбудҳоро гӯянд, мақсадҳоро равшан  баён  кунанд ва ҳоказо. Ҳама мардуми Советӣ мунтазири чунин ишорае буданд, бинобар ин дар ҳама соҳаҳои гуногуни ҳаёт ошкорбаёнӣ шурӯъ шуд, аз ҷумла дар бораи аҳволи забони миллии халқҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои   иттифоқӣ.   Аввалин   бор   масъалаи аҳволи забони миллии халқҳои СССР нахуст дар баъзе маҷлисҳои Маскав бардошта шуд. Дар маҷлисҳое,   ки   дар      Иттифоқи   Нависандагони СССР, дар Институти Адабиёти ҷаҳон, дар Институти Шарқшиносӣ, дар идораҳои рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва баъзе ҷойҳои дигар барпо мегардид, мардум  аз  аҳволи  табоҳи  забонҳои  миллӣ  сухан оғоз карданд. Сухан аз ин оғоз карданд, ки дар ҷумҳуриҳо   вазъи   забони   миллӣ   хеле   бад   аст. Забони миллӣ аз инкишоф, аз тараққӣ бозмондааст, хеле хароб шудааст, оҷизу нотавон шудааст. Дар зери фишори пурзӯри забони русӣ қарор ёфтааст. Дар ҳама ҷо забони русӣ ҳукмрон аст. Аммо забони миллии ҳар ҷумҳурӣ аз иҷрои вазифаҳои иҷтимоии худ маҳрум мондааст. Вазифаҳои иҷтимоии худро иҷро карда наметавонад. Аз ҳуқуқҳо маҳрум аст, амал намекунад, вазифаи худро иҷро намекунад. Ба таъбири дигар пасмонда, бознишаста, харобу афгор аст.

Дар ин бора дар маҷлисҳо баъзе суханҳои аҷиб гуфта мешуд. Мисолҳои барҷаста оварда мешуд. Дар бораи фарҳанги миллӣ, дар бораи забони адабии халқҳо академик Лихачёв бисёр суханҳои аҷиб мегуфт. Якумин бор, ҳамон вақтҳо суханронии ӯро чанд бор дар Маскав шунидам. Суханҳои ӯ таъсири амиқе дар дили ман гузоштанд. Дар  он  ҷамъомадҳо  Чингиз  Айтматов  суханронӣ карда буд. Ман на як бор, балки чанд суханронии ӯро дидаву шунида будам. Мисол овард, ки дар шаҳри Фрунзе, Бишкеки имрӯза пойтахти Қирғизистон, ҳамагӣ як мактаби қирғизӣ боқӣ мондааст, ки ба он мактаб ҳам аз дигар мактабҳо кадом   бачаеро,   ки   берун   ронанд,   беистеъдод бошаду хонда натавонад, ба ҳамин мактаби қирғизӣ меоранд.  Чингиз  Айтматов ин гуна гапҳоро хеле боалам мегуфт.

Аз Ҷумҳурии Молдавия бисёр шикоят мекарданд, аз ин, ки хаташон дигар шудааст. Хаташон лотинӣ буд, кириллӣ шудааст. Хати аслии онҳо  лотинӣ  асту барои  онҳо  хеле  муҳим ҳамон хати лотинӣ аст. Бисёр, аз ҳад зиёд намояндагони ҷумҳуриҳои  лаби  Балтика,  хусусан  Эстония. Аҳволи забони миллии онҳо нисбат ба аҳволи забони  миллии  тоҷикии мо  беҳтар буд,  аз гапҳояшон   маълум   мешуд,   ки   беҳтар   будааст. Лекин бо вуҷуди он онҳо камбуди бисёре аз фаъолияти  иҷтимоии  забони  миллӣ  эҳсос мекарданд ва забони миллии худро бисёр талаб мекарданд.

Ҳар   вақте   ки   ҳуқуқҳои   қонунии   забони миллӣ баргардонда шавад, дар ҳар ҷумҳурӣ бояд пурра, мукаммалан амал кунад, фаъолият кунад, он гоҳ тараққӣ мекунад. Агар фаъолият накунад, амал накунад, бекор истад, ин забон оқибат нест мешавад. Чизе, ки амал намекунад, кор намекунад, ба ягон кор даркор нест, оқибат нест мешавад. Забони миллӣ ҳам ба ҳамин роҳ рафта истодааст. Мисолҳои бисёре оварда шуд, ки солҳои ҳокимияти Шӯравӣ   чандин   забон   аз   байн   рафтааст.   Аз забонҳои   халқҳои   хурд,   ки   забонашон   чандон қавию тавоно набудааст ё ин ки қавию тавоно бошад ҳам, азбаски худи ин халқ кам будаасту дар байни халқҳои дигар мондааст, дар натиҷа кам-кам забонаш аз байн рафтааст. Рақамҳои аҷибе дар матбуоти он солҳо дар Маскав чоп шуд. Баъзе он рақамҳоро ман дар баъзе мақолаҳоям навиштаам.

Ҳамин тавр муборизаи зидди беҳуқуқии забони миллӣ, муборизаи ҳифзи забон аз Маскав сар шуд. Дар доираҳои демократии Маскав аз тарафи намояндагони ҷумҳуриҳои гуногуни собиқ Шӯравӣ   бардошта   шуд.   Ин   дар   ҳақиқат   як мубориза буд. Муборизаи сахте буд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ назир надошт. Ман он суханрониҳоро гӯш мекардаму дар бораи забони худамон, дар бораи аҳволи забони форсӣ-тоҷикии Тоҷикистонамон фикр мекардам, ки ин забон, ин забони бузург, забони ҳазорсола, таърихи ҳазоронсола дошта, дар ин муддати таърихи тӯлонӣ сарватҳои олиҷаноб ҷамъ овардааст, вале имрӯз он сарватҳоро    ҳеҷ    кас    намедонад,    он    сарватҳо истифода намешаванд. Забони тоҷикӣ аз ҳуқуқ маҳрум, дар чордевори хонаҳо мондааст. Андеша мекардам, ки агар ин тур давом кунад, маълум аст, ки роҳи забони миллӣ аз чордевори хона рост ба сӯи нестист. Бо таассуф медидам, ки забони миллиямон дар чордевори хона мондаасту ба сӯи нобудӣ меравад. Аз зинда мондани он умед нест. Мехостам дар ин бора ман ҳам чизе бигӯям. Ман хуб гӯш кардам суханрониҳои маҷлисҳои Маскавро ва оқибат ба ин фикр омадам, ки мо ҳам бояд ором нашинем, Тоҷикистон ҳам бояд хомӯш наистад. Бояд ба ин мубориза ҳамроҳ шавад, чунки забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо хеле зиёдтар осеб дидааст, нисбат ба дигар забонҳо хеле зиёдтар ба роҳи нестӣ наздик шудааст. Бисёр мехостам, ки чизе нависам, аммо медонистам, ки агар ҳам чизе нависам, онро дар Душанбе чоп кунондан имкон надорад. Нависам, мегӯянд, ки миллатчӣ шудӣ. Баъд дар баъзе маҷлисҳои Маскав мегуфтагӣ шудам. Медидам, ки мардум чӣ мегӯянд, сухани маро маро қабул мекунанд ё на? Он демократҳои Маскав, ки ин масъаларо бардоштаанд, эроде мегиранд ё не?

Идома дорад…

Муҳаммадҷон Шакурӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сегафредо – II
Нома

Матолиби пурбоздид