Панҷакент: Панҷеканд ё Панҷекат?

Таърих

Панҷакент: Панҷеканд ё Панҷекат?

Умед Ҷайҳонӣ

Панҷакент: Панҷеканд ё Панҷекат – кадом ҷойном бояд расмӣ шавад?

Таърих ва ҷуғрофиё замону макони ҳар миллатеро месозанд. Ҷойномҳо ё номҳои ҷуғрофиёӣ бахше аз дороии маънавӣ ва мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон боз мондаанд. Ин ҷойномҳо дар худ ёду нишонаҳое аз он рӯзгоронро нуҳуфтаанд, ки барои роҳёбӣ ба он гузаштаҳо роҳнамоёне арзишманд ҳастанд. Аз ин рӯ ҷойномҳои бостониву таърихиро бояд пос дошт ва зинда кард.

Яке аз чунин ҷойномҳо номи шаҳрест, ки мардуми бумӣ онро Панҷекат меномад, вале дар санадҳои расмӣ ва нақшаҳои ҷуғрофиёӣ Панҷакент навишта мешавад. Аммо ин ҷойном дар номаҳои Девоштич, ки аз кӯҳи Муғ ёфт шудаанд, ба хатти суғдӣ {Pnčyknδh} навишта шуда, ки Pančēkanϑ хонда мешавад ва маънояш «шаҳри Панч» аст, ки аз ҳамкарди номи сарзамин, яъне Панч, бо афзудани миёнванди -ē- < *-ahi̯a дар ҳолати изофаи бароии шакли танҳо бо kanϑ «шаҳр» сохта шудааст[1]. Бояд таъкид кард, ки дар ин ҷойном Панҷ номи ҷой аст, на номи кас ё шумора. Агар он шумора мебуд, ин ҷойном миёнванди -е- намедошт, чунонки суғдён номи шаҳри туркии Бешболиқро panžkanδ менавиштанд, ки дақиқан «панҷ шаҳр» аст. Ин нукта аз унвонҳои Девоштич ҳам рӯшан мешавад, ки дар номаҳо suγδīk xutāw smā̆rkanϑč xuβu δēwāštīč (подшоҳи Суғд шоҳи Самарқанд Девоштич; suγδīk xutāw δēwāštīč (подшоҳи Суғд Девоштич); pančē xuβu δēwāštīč (шоҳи Панҷ Девоштич) хонда мешавад. Чунонки аз ин унвонҳо ошкор аст, шаҳри Самарқанд пойтахти подшоҳии Суғд буда ва Панҷ бахше аз ин подшоҳӣ буда, ки шаҳри Панҷеканд маркази он будааст. Ҳаминҷо бояд ёдоварӣ кард, ки он ноҳияро ҳам бояд Девоштич меномиданд, на Деваштич.

Пасванде, ки дар ин ҷойном омадааст, аз *kanϑa- : *kaϑa- < *kn̥ϑa- «шаҳр, русто, деҳа» дар забони эронии бостон рӯидааст[2]. Ин пасванд дар ҷойномҳои суғдӣ ду гуна дорад: яке куҳантар -kanϑ, ки дар форсии тоҷикӣ -канд гаштааст ва дигаре навтар -kaϑ, ки бо уфтодани -n- аз -kanϑ падид омадаву дар форсии тоҷикӣ -кат шудааст [3]. Ин ду пасванд ба маънои «ободӣ; русто, шаҳр» дар гузашта дар номгузорӣ корбурди фаровон доштаанд, аммо акнун бар ин нукта бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар ҷойномҳои бозмондаи суғдӣ пасванди -кат бар деҳаву русто будани он макон далолат мекунад ва шаҳрҳо пасванди -канд доранд.

Бино бар ин далоил, номи шаҳри Панҷакент бояд ислоҳ ва куҳантарин номи он, яъне Панҷеканд, зинда ва расману қонунан бар ин шаҳр гузошта шавад.

Манобеъ:

  1. Лившиц В.А., Хромов А.Л. Согдийский язык. – ОИЯ. Среднеиранские языки. М., 1981.
  2. Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: «Восточная литература», 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. – с. 347.
  3. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики // Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. — СПб., 2004. — сс. 88–110.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳалокати фармондеҳи артиши Исроил дар Ғазза
Шаҳрҳои соҳилии саҳюнистҳо дар оташи Ҳизбуллоҳ

Матолиби пурбоздид