Боздошти ҳафт нафар ҷосуси эронӣ дар Исроил

Боздошти ҳафт нафар ҷосуси эронӣ дар Исроил

Дастгирии ҳафт нафар дар Исроил, ки барои Эрон ҷосусӣ мекарданд

Ахбори байналмилал

Мақомоти режими саҳюнистӣ хабар доданд, ки нерӯҳои амниятии ин режим ҳафт нафарро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон дастгир карданд.

Ба гузориши расонаи давлатии исроилии Times of Israel, ин муттаҳамон “исроилиҳои яҳудӣ” ҳастанд, ки решаи озарбойҷонӣ доранд ва сокини Ҳайфо мебошанд.

Тибқи иттиҳоми додситони кулли Исроил, ин 7 муттаҳам, ҳудуди 600 маъмурият аз қабили ҷамъоварии иттилоот дар марказҳои ҳассоси низомӣ, зерсохтӣ ва шиносоии аҳдофи инсонӣ барои Эронро анҷом доданд.

Ба гуфтаи мақомот исроилӣ, ин марказҳои ҳассос иборатанд аз пойгоҳи ҳавоии “Ромот Дэвед”, пойгоҳи ҳавоии “Навотим”, “Глилут” ва пойгоҳи типи Гулонӣ, ки дар он, ҳафтаи гузашта 4 сарбоз дар ҳамлаи паҳподии Ҳизбуллоҳ кушта шуданд.

Додситони кулли Исроил гуфт, ки аз ин муттаҳамон “харитаҳои маконҳои стратегӣ аз ҷумла пойгоҳи типи Гулонӣ” кашф ва забт шуд.

Ба гуфтаи пулиси Исроил, ангезаи муттаҳамон сирфан манфиатҳои молӣ буда ва онҳо тавассути ду маъмури иттилоотии Эрон ҳидоят мешуданд.

Times of Israel

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷоизаи дигари филми «ДОВ»
Haaretz: “Эрон эмайли мақомоти исроилиро ҳак кардааст”

Матолиби пурбоздид