Даҳ гуфтор – XYIII
Муртазо мутаҳҳарӣ
Бахши ҳаждаҳум
Мусобиқа дар хидмат ва хайр
Дар яке аз оёти сураи Моида баъд аз он ки зикре аз Қуръон ва зикре аз китобҳои осмонии гузашта ба миён меояд ва ишорае перомуни адёни гузашта мешавад, мефармояд:
لِكُلٍّ جَعَلْنَا مِنْكُمْ شِرْعَةً وَمِنْهَاجًا ۚ وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَٰكِنْ لِيَبْلُوَكُمْ فِي مَا آتَاكُمْ ۖ فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ
(Сураи Моида, ояти 48) Яъне барои ҳар кадом аз умматҳо роҳу тариқае қарор додем ва агар Худованд мехост, ҳамаро як уммат ва як миллат қарор медод, вале як уммат ва миллат қарор надод, то шуморо бо он чи дар ихтиёри шумо қарор дода, дар бӯтаи озмоиш бигузорад, ки ҳунари худро намоиш диҳед. Пас дар корҳои хайр ва нек мусобиқа бидиҳед ва гӯйи сибқатро бибаред.
Мисли ин аст, ки ин оят монанди баъзе дигар аз оёти Қуръон барои ихтилофи миллатҳо ҳикмат ва маслиҳате қоил аст ва шояд аз ин оят истифода бишавад, ки як ҳикмат ва маслиҳат ин аст, ки миллатҳои мухталиф нисбат ба корҳои неки илмӣ ва амалӣ дар ҷоддаи мусобиқа биафтанд ва ба ин васила дар бӯтаи озмоиш ва ҳунарнамоӣ қарор гиранд, то он миллате, ки шоиста аст, гӯйи сибқатро бибарад. Он вақт ба мусалмонон мегӯяд, кӯшиш кунед, ки гомҳои баланд бардоред ва мусобиқаи хайрро бибаред.
Пас роҳи мубориза бо хатар ин нест, ки бихоҳем монеъи кори ЮНЕСКО бишавем. Роҳи мубориза бо хатар ин аст, ки ибтикори ин корро худамон дар даст бигирем ва ин медали ифтихорро ба синаи худ бачаспонем. Ва боз такрор мекунам, то ба сурати як ҷиҳоди муқаддас дарнаёяд ва уламои руҳонӣ пешқадам нашаванд ва ин корро муқаддам бар ҳамаи корҳо ва аз ҳамаи онҳо воҷибтар нашуморанд, фоидае нахоҳад дошт.
Дар се чаҳор рӯз пеш иттифоқан тарҳеро, ки муассисаи ЮНЕСКО дар Эрон ба мӯҷиби ҳамон тасмиме, ки дар конфронси Карочӣ дар ду сол пеш гирифта шуда барои Эрон таҳия карда ва ба Вазорати фарҳанг таслим карда ва Вазорати фарҳанг ҳам дар ҳудуди сад нусха ё бештар барои иддае аз фарҳангиёни хибра ва бобасират фиристода, ки назари худашонро дар бораи он иброз намоянд, ман ин тарҳро дар дасти яке аз руфақо дидам. Тарҳи ҷомеъе аст, ки бо риояти шароит ва муқатазаёти Эрон танзим шуда. Ҷиҳоти кор аз рӯйи омор ва муҳосибаҳои дақиқ дар назар гирифта шуда. Пешбинӣ шуда, ки то 20 соли дигар, ки охирин мӯҳлати босаводии умум аст, ҷамъияти Эрон чӣ қадр афзоиш хоҳад ёфт, нисбати донишомӯзон ба маҷмӯъи ҷамъияти Эрон чӣ нисбат аст, агар бихоҳанд ҳамаи кӯдакони Эрон дар ин муддат ба мадраса бираванд, чӣ қадр мадраса бояд изофа шавад, чӣ қадр лавозими кор лозим аст, чӣ қадр муаллими изофӣ бояд дар назар гирифта шавад, чӣ қадр донишсаро барои тарбияти муаллим лозим аст, чӣ қадр корманди ғайримуаллим аз бозрас ва ғайра лозим аст, ҳама инҳоро ҳисоб кардаанд. Пешбинӣ шуда дар ин муддат дар ҳудуди 150 ҳазор муаллим, изофа бар он чи алъон Вазорат фарҳанг дорад, бо дар назар гирифтани фавтҳо ва истеъфоҳое, ки эҳтимолан пеш хоҳад омад зарурат дорад. Маҷмӯъи махориҷе, ки дар назар гирифта шуда барои ҳамаи қисматҳо аз таҳияи лавозими кор, сохтмони мадорис ва донишсароҳо ва ҳуқуқи муаллимин ва ғайри инҳо дар ҳудуди 20 миллиард тумон аст. Албатта махориҷи хеле зиёд аст, вале онҳо мардуме ҳастанд, ки ба истилоҳ газнакарда пора намекунанд, тасмим гирифтаанд ин корро бикунанд ва хоҳанд кард.
Вале агар мо ба сурати як ҷиҳоди муқаддас ва динӣ ин корро шурӯъ бикунем, бо даҳҳо баробар камтар аз инҳо метавонем ин корро амалӣ кунем. Дину имон дар бисёре аз маворид ҷойи қудрати пулро мегирад.
Ин иқдомот ҳама барои мадориси ибтидоӣ аст, ки асоси кор аст. Ҳамин ки мусалмонон аз ин вазифа фориғ шуданд, он вақт навбати таълимоти мутавассита ва таълимоти олия ва берун додани мутахассисин ва мутафаккирини дараҷаи аввали ҷаҳонӣ аст.
Сухан ба дарозо кашид. Метавонистам дар ҳамаи ин муддат ҳамааш бигӯям ислом дар бораи илм чунину чунон гуфта, барои ислом ба истилоҳ таблиғ ва “пропаганда“ кунам, аммо ҳамон тавре, ки дар матлаъи сухан гуфтам, ба ин гуна таблиғот ва пропагандаҳо мӯътақид нестам ва мӯътақидам асаре надорад, тарҷеҳ медиҳам, ки ба ҷойи ин ҷур таблиғот, авзоъи худамонро дар асри ҳозир ва вазифае, ки феълан дорем зикр кунам. Ҳар вақт муҷиддона даст ба кор шудем ва дар ин ҷиҳоди муқаддас ширкат кардем ва ҷилав рафтем, он вақт метавонем бо камоли сари баланд бигӯем, ислом аст, ки мефармояд:
طلب العلم فريضة علی كل مسلم
Баъд аз итмоми ин суханронӣ, ки дар 29/10/40 (20 қабл аз инқилоб) эрод шуд, пас аз чанд дақиқа яке аз шунавандагони мӯҳтарам, ки ман ӯро нашинохтам, барги коғазе ба дастам дод, ки ба унвони интиқод бар ин суханронӣ навишта буд ба ин шарҳ:
“Баҳси илму ҷаҳл аз назари ислом бисёр куллӣ аст. Вуҷуби як ҷиҳоди куллӣ ва муқаддас, ки аз мадориси ибтидоӣ бояд шурӯъ шавад баён шуд, вале соддатарин роҳи амали он зикр нашуд. Ин баҳсҳо натиҷааш ин аст, ки ҳамаи мо афсӯс мехӯрем, ки чаро чунин коре намешавад? Худи мо ҳам қабул дорем, ки бояд фикр кунем, вале мутаассифона фақат тазаккур аст ва одат ба афсӯс хӯрдан ва рад шудан. Ин ки “дар суханронӣ“ зикр шуд, ки ҷиҳоде ба василаи афроди мухталиф (ЮНЕСКО) шурӯъ шуда, ин амри табиӣ аст. Чӣ мо бихоҳем ва чӣ нахоҳем ва чӣ таблиғ бишавад ва чӣ нашавад, хоҳад шуд. Он чи мусаллам аст ин аст, ки агар пайғамбарон ҳам намеомаданд, шояд худи башар тамоми чизҳоеро, ки онҳо гуфтаанд, мефаҳмид ва ҳатто шояд Худошинос низ мешуд, вале дин омад барои тасреъи ҳар чи бештари ин сайри такомулӣ. Вазифаи мо ҳам ин аст, ки аз ин сурат батиъ (суст), онро дароварем. Бинобар ин як ташкилот ва як роҳи амалӣ ва иҷроии саҳеҳ бо масири муайян лозим аст шабеҳи корҳои Сайидҷамоли Асадободӣ.”
Ман бо ташаккур аз ин мунтақиди мӯҳтарам ва тасдиқ ва эътироф ба лузуми он чи тазаккур дода шуда, ин нуктаро ночорам тазаккур диҳам, ки дар масоили динӣ он чизе, ки дар дараҷаи аввали аҳаммият қарор дорад, имони омма аст ба ин ки инчунин фаризаи динӣ ҳаст ва бар онҳо лозим аст, ки монанди соири фароиз ба иқомаи он ҳиммат гуморанд.
Мо дар соири фароизи динӣ, ки ин эътиқод дар оммаи мардум пайдо шуда, мебинем, ки чӣ гуна бо мунтаҳои ихлос дар роҳи онҳо муҷоҳидатҳо мешавад, пулҳо барояш харҷ мешавад, ранҷҳо ва заҳматҳо барояш таҳаммул мешавад. То ҳудуди ним қарн пеш ҳамин амали ҳаҷ, дар асари набудани васоил ва набудани амният, дуруст як ҷиҳод ба шумор мерафт, ҳоҷӣ умеди баргаштани зиёде надошт ва дар айни ҳол камтар касе пайдо мешуд, ки ин фаризаро тарк кунад. Мо худамон дар миёни деҳотиҳо афроди зиёдеро дидем, ки дар гармои шадиди тобистон рӯза мегирифтанд ва дар ҳамон ҳол ба дарав мерафтанд ва бисёр иттифоқ меафтод, ки аз шиддати ташнагӣ ва гармо беҳол ва балки беҳуш меафтоданд ва боз фардо бо камоли ризоят ва кушодарӯӣ рӯза мегирифтанд. Мо дар таърихи ислом ҷуз дар садри аввал надидем, ки оммаи мардум дар роҳи илм ин гуна муҷоҳидатҳо ба харҷ диҳанд ва агар касе ин гуна муҷоҳидатҳо кардааст, баъд аз он буда, ки дар ҷоддаи илм афтода ва лаззати илмро чашида бошад. Ҳоло фикр кунед, агар мардум ин амри лазиз ва латифро ба унвони як фаризаи динӣ бишуморанд ва ҷумлаи:
طلب العلم فريضة علی كل مسلم
— аз сурати зинати тоблуҳои мадорис ва ба сурати ҷиддӣ як таклифи шаръӣ дарояд, чӣ неҳзат ва ҳаракате ба вуҷуд хоҳад омад ва худ ба худ роҳҳои иҷрои он ҳам дуруст хоҳад шуд. Ақабаи бузург ҳамин аст, ки мардум мутаваҷҷеҳи ин таклифи шаръии умумӣ бишаванд ва онро дар радифи соири фароиз бишуморанд.
Идома дорад…
Қаламонлайн