Носир бен Аваз ал-Қарнӣ: Ғазза, охирин диж аст

Носир бен Аваз ал-Қарнӣ: Ғазза, охирин диж аст

Писари зиндонии саршиноси сиёсии саудӣ: “Ғазза, охирин диж аст”

Ахбори байналмилал

Писари Аваз ал-Қарнӣ, руҳонии саршиноси саудӣ бо баёни ин ки амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” иззати арабиро бозгардонд, Ғаззаро охирин дижи мусалмонон донист ва хостори иқдоми фаврии уммати исломӣ барои дифоъ аз он шуд.

Носир бен Аваз ал-Қарнӣ, писари руҳонӣ ва фаъоли сиёсии зиндонӣ ва маҳкум ба эъдоми саудӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузори фаластинии “Шиҳоб” тасреҳ кард, ки мардуми Ғазза бо вуҷуди муҳосира, гуруснагӣ ва ҳатто контроли шадиди ҳар чизе, ки вориди Ғазза мешавад ва низ гузаргоҳҳо, вазифаи худро анҷом доданд ва “ғайри мумкинро мумкин карданд”.

Вай дар идома дар тамҷид аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” гуфт: “Ин рӯйдоди бузург, нахустин гом барои озодсозии Масҷидулақсо ва бозгардондани иззати мусалмонҳо буд”. Аз ин рӯ Ал-Қарнӣ аз мардум ва давлатҳои арабӣ хост, ки иқдоме фаврӣ ва муассир барои Ғазза анҷом диҳанд.

Носир ал-Қарнӣ идома дод, ки Ғазза танҳо аз худ дифоъ мекунад, балки аз шарофати як уммат дифоъ мекунад. Аммо дар ҳоле, ки размандагони муқовамат шигифтангезтарин тасовирро халқ мекунанд ва аз ҳеч, шукӯҳ халқ мекунанд, бархе кишварҳо ба дунболи оддисозӣ ҳастанд, гӯӣ ба дунболи сулҳи иддаоӣ бар рӯйи хуни кӯдакон ва бақоёи аҷсоди мардуми бегуноҳи Ғазза ҳастанд.

Писари руҳонии зиндонии саудӣ, ки чанд сол пеш тавониста аз Арабистон фирор кунад, ин суолро аз уммати арабӣ ва исломӣ пурсид: “Оё хатти қирмизе вуҷуд дорад, ки пас аз он амалан барои ҳимоят аз Ғазза вориди амал шавем ё ин ки қарор аст дар ҳоле, ки беҳтарин ҷавонони уммати худро аз даст медиҳем, ҳамчунон тамошогар бошем?”

Вай дар бораи раиси дафтари сиёсии Ҳамос, шаҳид Яҳё Синвор низ гуфт, ки ӯ як фармондеҳ ва сумбуле буд, ки бо ин поёне, ки барои худ рақам зад, ҷовидона шуд. Вай афзуд: “Абӯиброҳим ҳатто дар охирин лаҳазоти зиндагиаш бо як тикка чӯб муқовамат кард ва ин руҳияи қаҳрамонӣ бояд илҳомбахши ҷавонони уммати исломӣ бошад ва тавсияи ӯ ба яку ним миллиард мусалмон ин аст, ки он чи аз иззати онҳо боқӣ мондаро ҳифз ва аз Ғазза дифоъ кунанд.”

Носир ал-Қарнӣ дар хотима гуфт: “Вазифаи имрӯзи мо аз ҳар замони дигаре бузургтар аст. Ҳар кас имрӯз аз Алақсо ғофил шавад, фардо аз Ҳарамайни Шарифайн ғофил хоҳад шуд. Ғазза охирин диж аст ва ҳар ки аз Масҷидулақсо ғофил шавад, ба ҳеч макони муқаддаси дигаре низ вафо нахоҳад кард.”

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тағйири макони ҷаласаҳои кобинаи Исроил ба далели тарс аз Эрон
Ихтилофоти дохилӣ дар кобинаи Натонёҳу

Матолиби пурбоздид