Шоистасолорӣ
Кишвардорӣ ва сиёсат дар осори Саъдӣ
Шоистасолорӣ
Барномаи таълимотии мамлакат
Аз назари Саъдӣ, барномаи таълимотии мамлакат бояд мубтанӣ бар парвариши аҳли раъю донишу разм бошад:
Ду тан парвар, эй шоҳи кишваргушой!
Яке аҳли разму дигар аҳли рой.
Зи номоварон гӯи давлат баранд,
Ки донову шамшерзан парваранд…
Қаламзан накӯ дору шамшерзан,
На мутриб, ки мардӣ наёяд зи зан.
(Бӯстон, боби 1, с.251)
Саъдӣ дар заминаи истихдом дар созмонҳои идории кишвар, мӯътақид аст, ки бояд кормандони Худотарс истихдом бишаванд. Ӯ эътиқод ба Худоро шарти асосии ҳар раҳбаре, аз болотарин нуқтаи ҳирами қудрат то раҳбарони радаи миёна ва кормандони ҷузъ медонад ва ин эътиқоди бунёдиро пояи ҳамаи хубиҳо медонад. Зеро Худотарсӣ парҳезгорӣ ва амали солеҳро мутазаммин аст ва инчунин касе озори халқ наҷӯяд:
Худотарсро бар раъият гумор,
Ки меъмори мулк аст парҳезгор.
Бадандеши туст он хунхори халқ,
Ки нафъи ту ҷӯяд дар озори халқ.
Риёсат ба дасти касоне хатост,
Ки аз дасташон дастҳо бар Худост.
Накӯкорпарвар набинад бадӣ,
Чу бад парварӣ хасми ҷони худӣ.
(Бӯстон, боби 1, с.212)
Супурдани умурот ба серчашмон
Ба эътиқоди Саъдӣ, чашмсерӣ, ва ба истилоҳи худаш, мунъимшиносӣ, яке аз шароити истихдом аст ва муфлисони гурусначашм шоистаи коргузорӣ нестанд:
Амал гар диҳӣ марди мунъимшинос,
Ки муфлис надорад зи султон ҳарос.
Чу муфлис фурӯ бурд гардан ба дӯш,
Аз ӯ барнаёяд дигар ҷуз хурӯш.
(Бӯстон, боби 1, с.213)
Саъдӣ салоҳ намедонад, ки дӯстони деринаро бо ҳам дар як идора машғул доранд; чаро ки:
Чӣ донӣ, ки ҳамдаст гарданду ёр,
Яке дузд бошад, яке пардадор.
Чу дуздон зи ҳам бок доранду бим,
Равад дар миён корвоне салим.
(Бӯстон, боби 1, с.214)
Шоистасолорӣ
Саъдӣ хешовандсолориро дар истихдоми кормандон мазмум мешуморад ва ба шоистасолорӣ мӯътақид аст:
Барад бар дил аз ҷаври ғам борҳо,
Ки ноозмуда диҳад корҳо.
* * *
Нахоҳӣ, ки зойеъ шавад рӯзгор,
Ба нокордида мафармой кор.
(Бӯстон, боби 1, с.250)
Дар иртиқо низ: “Ба ақлаш бибояд нахуст озмуд”, сипас “Ба қадри ҳунар пойгоҳаш фузуд.”
Чу Юсуф касе дар салоҳу тамиз
Ба як сол бояд, ки гардад Азиз.
Ба айём то бар наёяд басе,
Нашояд расидан ба ғаври касе.
(Бӯстон, боби 1, с.216)
Ба ақидаи Саъдӣ, мавориди мусбати шахсияти корманд ва маъмури давлат хирадмандӣ, покизадинӣ, накӯсиратӣ, равшанқиёсӣ, сухансанҷӣ ва мардумшиносӣ аст. Мақомоти идорӣ ва низомиро бояд ба кордонон ва ҷаҳондидагон супурд. Аз хурдон кори бузург наёяд ва сандон ба мушт шикаста нашавад.
Гарат мамлакат бояд ороста,
Мадеҳ кор муъзам ба навхоста.
Сипаҳро макун пешрав ҷуз касе,
Ки дар ҷангҳо буда бошад басе.
(Бӯстон, боби 1, с.250)
Идома дорад…
Манбаъ: Доиратулмаорифи Таҳур
Қаламонлайн