Ниёиш

Адаб

Ниёиш

Дуои рӯзи шанбе

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ба номи Худо оғоз мекунам ва аз номи ӯ кӯмак мехоҳам, ки сухани паноҳҷӯёну гуфтори парҳезкорон аст. Ва паноҳ мебарам ба Худои баландмартаба аз ситами ситамгарону найранги ҳасудон ва саркашии золимон ва ӯро бо ситоиши бартар аз ситоиши ситоишгарон меситоям!

Худоё, туӣ ягонаи бе анбозу подшоҳи мутлақ, ки дар фармонравоият зид надорӣ ва дар подшоҳият мухолиф надорӣ!

Аз ту мехоҳам, ки бар банда ва фиристодаат Муҳаммад дуруд фирист ва сипоси неъматҳоятро чунон насибам кун, ки маро ба камоли хушнудият бирасонад;

ва маро ба лутфу карамат бар тоату пойбандӣ бар бандагият ва шоистагии подошат ёрӣ кун;

ва то зиндаам бо боздоштан аз нофармоният бар ман раҳм кун;

ва то замоне ки маро боқӣ медорӣ бар анҷоми ончӣ бароям суд мерасонад маро тавфиқ деҳ

ва ба китоби худ (Қуръони Карим) барои пазириши ҳақ синаамро фароху омода гардон ва бори гуноҳонамро бо тиловаташ аз номаи аъмолам пок кун;

ва дар дину ҷонам бар ман саломатӣ бахш ва касонеро, ки бо онҳо маънус шудаам аз ман ваҳшатзада накун; ва дар боқимондаи умрам эҳсонатро бар ман тамом кун, чунонки дар гузаштаи умрам бар ман эҳсон намудӣ, эй меҳрубонтарини меҳрубонон.

Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маҳрум аз муноҷоти бо Худо
Дармони дардҳо

Матолиби пурбоздид