Ҳукумати худкома
Меҳмоншоҳ Шарифзода
Бахши аввал
Чӣ ҳукуматҳоро ҳукумати худкома ва диктотурӣ метавон гуфт?
Ҳукуматҳои худкома чӣ гуна таърифу тафсир мешаванд?
Ин масъалаи табиати сиёсат ва ҳаёти сиёсист, ки аз сатҳҳои дигари фаъолияти инсон фарқ мекунад. Фикр мекунам ин ҷо аз “ҳукуматҳои худкома ва диктотурӣ”, “низомҳои худкома ва диктотурӣ” гуфтан мувофиқтар аст, зеро дар ин гуна системаҳои сиёсӣ қудрат сӯистифода мешавад ё дигар хел ҳарф занем, ин ҷо давлат ‘хусусӣ’ шудааст. Мо аз таҷрибаи ҳукумронии як ҳизб дар Шӯравии собиқ хабар дорем, ки бо такя ба идеология ва болои террор ҷаҳоне бунёд кард ва адолати иҷтимоиро мехост дар тамоми дунё барқарор кардан. Ва Ҳитлер ҳам дар Германия бо идеологияи дигар ҳамин мақсадро дошт ва аз ин сабаб ин низомҳои диктатуриро тамомиятхоҳ ё тоталитарӣ меномиданд.
Бубинед, ки низомҳои худкома ва диктотурӣ, ки дар нимаи асри бистум ва имрӯз арзи вуҷуд кардаанд то ҷойе ба ин қудратҳои тамомиятхоҳ монанди доранд вале боз аз ҳам аз онҳо фарқ мекунанд. Умумияти ин шаклҳои сиёсии давлатдори ин аст, ки дар ҳар ду система озодиии фардият поймол мешавад ва ирода ва ихтиёри як шахс болои мардум ғолиб меояд. Ва мо хабар дорем, ки дар солҳои сиюми асри гузашта чи гуна, аз як тараф зери фишору тарс, ва аз тарафи дигар бо пропогандаи (ташвиқоти) сахти болшевики –марксистӣ ва ваъдаҳои наҷот дар ҳаёти воқеии мардум аз шахсияти Сталин “ягонаи давр” сохта шуда буд. Чунин равандро дар ҳама низомҳои худкома ва махсус дар низомҳои худкомаи пасошӯравӣ, мушоҳида кардан мумкин аст, ки чи гуна дар ҷомеа бо ёрии мошини пропогандаи аз давраи шӯравӣ боқи монда, “ягонагони давр” сохта шудаанд. Дар Шӯравии собиқ ин раванд агар дохили ҳизб зуҳур карда ва баъди марги Сталин, гуё аз таркиби ҳизб тоза карда шуд, вале дар кишварҳои пасошӯрави мо мебинем, ки чи гуна тамоми кишвар ба ҳизб ва хоҷагии “ягонагони давр” ё худкомаҳо табдил ёфтааст.
Аслан ин падидаест, ки дар сиёсатшиносӣ ва дигар улуми иҷтимоӣ хуб шинохта шудааст ва ончи дар мо ва баъзе аз дигар давлатҳои пасошӯрави мегузарад бештар ба падидае бо номи “низомҳои султонӣ” наздики дорад. Вале фикр мекунам агар он ҷи дар мо ва дигар кишварҳои пасошӯрави мегузарад мавриди таҳқиқ қарор бигирад вобаста ба матни (контексти) ин кишварҳо сифатҳо ва хусуиятҳои нави худкомагиро пайдо кардан мумкин аст. Имрӯз он чи дар ин кишварҳо гузашта истодааст барои бисёриҳо ва ба хусус барои мардуме, ки ин ҳамаро аз сари худ гузаронида истодаанд, номаълум аст. Чи хеле ки дар таҳқиқотҳои имруз дар бораи низомҳои султонӣ менависанд, вафодори ва садоқат ба роҳбар яке аз сифатҳои ин гуна низомҳои худкома ва диктатурист. Вафодорӣ ва садоқат ба роҳбар ин арзиши асосии будан дар вазифа ҳаст ва он на аз руи бовари ба идеология, на аз руи он ки ин шахсияте ‘нобиғаи давр ва ягонаи дунёст’ чунон ки дар системаҳои тамомиятхоҳ буд, балки аз рӯи тарс ва тамаъ зуҳур кардааст.
Дар чунин низомҳо ниҳодҳо (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, қудратӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ) дуруст кор ва фикр, яъне дониш ва амал истеҳсол, намекунанд, зеро ихтиёр ва зарфият надоранд ва ба ҷои ҳама “ягонаи давр” кор мекунад , фикр мекунад ва тасмим мегирад. Аз ин рӯ дар чунин кишварҳои низоми худкома дошта “ҳазрати” фасод дар ҳама сатҳҳо дар ҷомеа ҳукумрон мешавад. Аслан коркунони ниҳодҳо ва бахусус роҳбарони ниҳодҳо аз тарафи “ягонаи давр” интихоб мешаванд ва аз ин сабаб мо дар роҳбари аслан мардуми як минтақа, дӯстон ва наздикони “ягона давр”-ро метавонем дидан. Дигар чуноне ки мебинем ин мардум, ки кӯр кӯрона ва ё дониста аз тарс ва ё ба хотири тамаъ қудрат ва нуфузи як шахсро парастиш мекунанд аз мардум ҳам чунин чизро талаб мекунанд ва ҷомеаро пурра ба ихтиёри як шахс месупоранд. Дигар фардият, дигарандешӣ ва мухолифони сиёсӣ имкони вуҷуд доштан надоранд ва мардум чунон, ки дар қудратҳои тамомиятхоҳ буд ба ом ё ба ашёи хоми “ягонагони давр” табдил меёбанд ва зери ҳарфҳои онҳо дар стадионҳо мерақсанд. Аслан машруияти ин гуна низомҳо болои эҳсосот ва боварии ом ба “ҳаққонияти” роҳи пешгирифтаи онҳост.
Ин гуна низомҳои худкома ва ё низомҳои султонӣ пеш аз давлатҳои пасошӯравӣ дар зиёд қисматҳои дунё ва ба хусус дар Африқо зуҳур карда буданд. Ва ин ҷо қисса дароз мешавад агар дар бораи шуҳратталабӣ, унвондӯсти ва тарафҳои дигари зиндагии ин аҷубаҳои давр ҳарф занем. Дигар ҳаминро метавон гуфт ки ин қавм чун ба қудрат расиданд то мурдан дигар аз вазифа рафтан намехоҳанд , бо он ки фахр аз гузашта ва бузургони худ доранд халқи худро зери таҳқир ва камбағаливу бечорагӣ нигоҳ медоранд, зеро сармояи фарҳангиро хароб кардаанд ва сармояи кишварро аз худ намуда ва онро дар бонкҳои берун аз кишвар нигоҳ медоранд. Тақдири охирин диктаторҳои Африкойи Бен Алӣ, Каддофӣ ва Муборак ва дигарон маълум аст, ки бо онҳо ва бо сармояи мардум, ки онҳо аз худ карда буданд чи шуд…
Идома дорад…
Қаламонлайн