Чаро ин ҳама “фолбин” дар Тоҷикистон?
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар кишвар 6500 нафар фолбину муллоҳои чаласавод боздошт шудаанд”
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, чанд рӯз пеш дар ҷараёни ифтитоҳи “Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос”, гуфтааст, дар кишвар 6500 нафар фолбину муллоҳои чаласавод боздошт шудаанд.
Ду се нукта дар ин хусус ҳаст, ки лозим аст ёдовар шавам:
1) Дар ҷомеаи мо бо камоли таассуф ин расму одати бепоя ва асос ҳанӯз вуҷуд дорад, ки ҳар вақт аз фолбину ҷодугар ёд шавад, мулло низ ба зеҳнҳо табодур мекунад; гӯӣ ин ду тоифа аз як қумошанд, гӯӣ фолбину ҷодугар як навъ қавму хешӣ бо мулло доранд. Ва ин расми бепоя ба ҳадде аст, ки ба ҳар фолбину ҷодугар дар ҷомеаи мо, мутаассифона унвони муллогӣ низ дода шуда ва ӯро мулло мехонанд.
Ва ин дар ҳолест, ки дар воқеъ миёни фолбин ва мулло (муллои динӣ) на танҳо қавму хешӣ барқарор нест, ки ин ду бо ҳам дар тазодд ҳастанд. Яъне фолбинӣ ва ҷодугарӣ аз назари ойини муқаддаси ислом, куфр аст ва ислом ҳар касеро, ки ба ин пеша машғул шавад, кофир ва аз дин беруншуда медонад.
2) Ҳоло, мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон – ки ҳамеша ба сурати зимнӣ (на ошкор) ойини исломро хурофа ва муллоҳоро хурофапараст мепиндорад – вақте фолбинеро ва ё ҷодугареро боздошт карданд, эълом мекунад, ки мо чанд муллои бесаводеро низ боздошт кардем, ки як ишораи зимнӣ аст ба ин ки мулло ҳамон фолбину ва фолбин ҳамон муллост.
Ин ҳақиқат ва воқеиятро инон бидонанд, ки ин ду падида рабте ба ҳам надоранд ва балки бо ҳам дар тазодданд.
3) Пурсиши муҳим дар ин миён, ки худнамоӣ мекунад ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки: чаро дар ҷомеаи начандон бузурги Тоҷикистон бо ҷамъияти ҳудуди 10 миллион инсон, 6500 нафар фолбину ҷодугар боздошт шаванд? Оё ин суол ба зеҳни мақомот ва шахси раисиҷумҳури кишвар хутур кардааст ва барои он посухе ёфтаанд?
Ин хеле мусибат аст, ки дар якчунин ҷомеае, ин адад фолбин ва хурофапараст пайдо шавад!
Оё медонед, дар чӣ ҷомеаҳое бозори фолбину ҷодугару куллан хурофапарастҳо ривоҷу равнақ пайдо мекунад?
Агар посухи ин суолро надонед, ҳоло ба арзатон мерасонам: тибқи назари муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони ҷомеашинос, дар ҷомеае бозори ҷодугару фолбину хурофагаро равнақ пайдо мекунад, ки он ҷомеа – бо арзи пӯзиш – як ҷомеаи аз назари фикрӣ “мунҳатт” яъне суқуткарда, “нафаҳм ва аблаҳ” бошад. (Р.к. ба Доиратулмаорифи Бритонико (Encyclopædia Britannica)) Нороҳат нашавед, ин айни он чи дар таҳқиқоти пажӯҳишгарон омада.
Хуб, оё ҷомеаи мо якчунин ҷомеае аст?
Аз назари исломӣ ҳам, ки арз кардам, ислом фолбиниву ҷодугариро як амали куфромез ва анҷомдиҳандаи онро кофир медонад.
4) Ҳоло, суоли дигаре, ки баъди ин ҳақиқати талх худнамоӣ ва он ҳам ниёз ба посух дорад ин аст, ки агар чунин аст, пас чӣ касе муқассири ин ҳақиқати талх аст? Яъне чӣ касе ва ё касоне сабаб шудаанд, ки имрӯз ҷомеаи мо ба якчунин вазъи асафборе гирифтор шавад ва раисиҷумҳураш эълон кунад, ки бале, мо 6500 нафар фолбину ҷодугарро боздошт кардем?
Посухи ин пурсиш низ равшан аст. Сабабаш ин аст, ки шумо мақомоти мӯҳтарам ва дар раъси шумо, ҷаноби раисиҷумҳур – ҷомеаро ба ин ҳолати асафбор расондаед.
Шумо беш аз 30 сол аст, ки тамоми кӯшишатон ин шудааст, ки муллоҳои босаводро манъ ва ё ба зиндон афканед ва ё маҷбур ба тарки кишвар намоед ва ба ҷойи онҳо одамони бесавод ва аблаҳро ба унвони мулло ва руҳонӣ дар ҷомеа муаррифӣ кунед.
Дигар, чӣ арз кунам? Оё чунин нест?
Оё имрӯз як мулло ва руҳонии босавод ва чизфаҳм дар ҷомеа пайдо мекунед?
Бо ин ҳол, ин табиист, ки дар якчунин ҷомеае 6500 нафар фолбин ва ҷодугар боздошт шаванд. Ҳоло ин адад фақат дастгир шудаҳои онҳо, Худо медонад ҳоло боздоштнашудаҳояш чӣ адад ҳастанд!
Худо худаш ба доду ин ҷомеаи мо бирасад!
Худо медонад, ки ҷуз эҳсоси вазифа ва масъулият, ин ҳарфҳоро нагуфтам.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн