Расонаҳои исроилӣ: “Оддисозӣ бо Арабистон дар ҳоли нобудист”

Расонаҳои исроилӣ: “Оддисозӣ бо Арабистон дар ҳоли нобудист”

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Як пойгоҳи исроилӣ эълом кард, то замоне, ки тасвирҳои рӯзона мунташиршуда аз Ғазза ҳамчунон марг ва вайронӣ дар сатҳи густардаро ба тасвир мекашад, Арабистон ба далели афкори умумии дохилӣ, ки дар сатҳи густарда аз фаластиниҳо ҳимоят мекунад, нахоҳад тавонист як сари ангушт ба самти оддисозӣ ҳаракат кунад.

Ба гузориши Алмаёдин, пойгоҳи исроили i24news гузориш дод, оддисозӣ бо Арабистон ҳамчунон дур аз дастрас ба назар мерасад ва гӯӣ дар ҳоли дур шудан ва муталошӣ шудан аст.

Ин пойгоҳ навишт, то замоне, ки аксҳои рӯзона мунташиршуда аз Ғазза ҳамчунон марг ва вайронӣ дар сатҳи густардаро ба тасвир мекашад, Арабистон нахоҳад тавонист ба далели афкори умумӣ, ки ба сурати густарда ҳомии фаластиниҳост, андозаи як сари ангушт ба самти оддисозӣ ҳаракат кунад.

Ин пойгоҳ навишт, ҳатто агар ҷанг дар Ғазза низ тамом шавад, корҳои бисёре вуҷуд дорад, ки қабл аз он ки ҳар масъули саудӣ аланан ҳимояти худро барои оддисозии равобит бо Исроил эълом кунад, бояд анҷом шавад.

Ин пойгоҳи исроилӣ навишт, ҳатто агар Арабистон хоҳони оддисозӣ буд, аммо эҳсосоти зидди саҳюнистӣ дар Ховари Миёна аз солҳо қабл ба авҷи худ расидааст, ки тавоноии Арабистон барои пешбурди оддисозӣ дар ояндаи наздикро маҳдуд мекунад.

Ин пойгоҳи исроилӣ навишт, чанд моҳ қабл аз 7-октябри 2023, фазои мусбате дар раванди оддисозӣ вуҷуд дошт.

Ин пойгоҳ ба суханон Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон дар мусоҳиба бо Fox News фақат 17 рӯз қабл аз амалиёти 7-уми октябр дар мавриди фурсати оддисозии Арабистон ва Исроил ишора кард, ки вай гуфта буд: “Мо ҳар рӯз ба он наздиктар мешавем!”

Almayadeen

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин тамос миёни Эрон ва давлати Тромп
Шабакаи 12 телевизиони Исроил: “Типи “Гулонӣ” дар ҷануби Лубнон болотарин талафотро аз соли 1948 доштааст”

Матолиби пурбоздид