Оё касе фикрашро мекард?!
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Имрӯзҳо соате нест, ки хабар аз инфиҷор дар ин ё он шаҳри Исроил ва ё марги сарбозони саҳюнист дар майдонҳои ҷанг дар Ғазза ва Лубнон гузориш нашавад.
Албатта ин инфиҷорҳо ва маргу мирҳо дар Исроил, ба он андоза ва ҳаҷме, ки дар Ғазза ва Лубнон дида мешавад нест ва аслан қобили қиёс бо онҳо намебошад. Вале бо ин вуҷуд ва бо ин ки Исроил саъй дар кетмон ва пинҳон кардани талафоти худ дар Ғазза ва Лубнон ва низ мизони зарару зиёне, ки дар як соли ахир дидаааст мекунад, бо ин ҳама аммо офтобро, ки намешавад аз мардум махфӣ нигоҳ дошт. Омору арқоме, ки ниҳодҳои саҳюнистӣ аҳёнан мунташир мекунанд, бисёр ваҳшатнок аст! Ҳеч кас фикри инро намекард.
Ба сухани дигар, бо ин ки талафоти Меҳвари Муқовимат дар як соли ахир дар Ғазза ва Лубнон беш аз он аст, ки тасаввураш мерафт, вале вақте шумо ба вазъи душмани исроилӣ нигоҳ мекунед, мебинед, ин ҳама қурбониҳо, ки додаед, арзиши инро доштааст.
Бале, озодӣ аз султаи ишғолгар қурбонӣ мехоҳад ва қурбонӣ ва талафот ҳар андоза зиёд бошад, аммо қобили қиёс бо зиллат ва хорӣ, ки одам таҳти ишғоли зӯргӯ зиндагӣ мекунад, нест.
Албатта инро одами залилу хор, ки фикраш фақат шикаму зери шикам аст намефаҳмад. Инро танҳо азиз ва сарбаланд мефаҳмад.
Хулоса, ҳеч кас фикри инро намекард, ки рӯзе ин вазъи асафбор домангири Исроил бишавад. Ҳама одат карда буданд, ки Исроилро “кун фа якун” бидонанд, вале ин тафаккур фурӯ рехт. Чанд сабоҳе дигар, Исроил куллан фурӯ мерезад, иншоаллоҳ.
Қаламонлайн