Ҳамос: “Бидуни таваққуфи ҷанг, хабаре аз озодии гаравгонҳо нест”

Ҳамос: “Бидуни таваққуфи ҷанг, хабаре аз озодии гаравгонҳо нест”

Ахбори байналмилал

Reuters  

Ҳамос мегӯяд: то замоне, ки ҷанги Ғазза ба поён нарасад, ҳеч муомилае бар сари асирон бо Исроил анҷом нахоҳад шуд.

Reuters навишт: Халил ал-Ҳайя, раиси муваққати Ҳамос дар Ғазза, дар суханоне гуфт: «То замоне ки ҷанг дар Фаластин ба поён нарасад, ҳеч қарордоди мубодилаи гаравгонҳо дар баробари асирон бо Исроил вуҷуд нахоҳад дошт».

Ал-Ҳайя дар як мусоҳибаи телевизионӣ бо шабака телевизионии Ал-Ақсо, бо такрори мавзеъи ин гурӯҳ дар мавриди чигунагии поён додан ба ҷанг гуфт: «Бидуни поёни ҷанг, имкони табодули асирон вуҷуд надорад».

Ин мақоми Ҳамос гуфт: «Агар таҷовуз поён напазирид, чаро муқовамат ва бавежа Ҳамос, зиндониён (гаравгонҳо)-ро пас диҳанд? Чӣ гуна як фарди оқил ё ҳатто як девона корти қавии худро дар ҳоле, ки ҷанг идома дорад, аз даст медиҳад?»

Талошҳо барои музокира барои оташбас барои Ғазза мутаваққиф шудааст ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи чаҳоршанбе қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милалро, ки хостори оташбаси доимии бидуни қайду шарт буд вето кард. Сафири Вошингтун дар Созмони Милал гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида танҳо аз қатъномае ҳимоят мекунад, ки сароҳатан хостори озодии фаврии гаравгонҳои исроилӣ ба унвони бахше аз оташбас аст.

Ал-Ҳайя, ки раҳбарии тими музокиракунандаи ин гурӯҳро дар музокирот бо миёнҷиҳои қатарӣ ва мисрӣ бар ӯҳда дошт, адами пешрафт дар музокиротро ба гардани Натонёҳу андохт. Ӯ гуфт: «Мо омодаи идомаи музокирот ҳастам, аммо воқеият собит мекунад, ки Натонёҳу касе аст, ки он (музокирот)-ро тазъиф мекунад».

Reuters  

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Туркия, Ансоруллоҳи Яманро таҳдид кард
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба мақарри фармондеҳии типи “Гулонӣ”

Матолиби пурбоздид