Ҳофиз ва маю шароб
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Мавзӯе, ки мехоҳам андаке ба тафсил дар бораи он бинависам, мавзӯи Ҳофиз ва достони маю шароб дар ашъори ӯ – ва куллан дар ашъори шоироне мисли Ҳофиз, ки орифмаслак ҳастанд – мебошад.
Ду гурӯҳ ҳастанд, ки ба Ҳофиз бисёр ситам кардаанд; ду гурӯҳе, ки бо вуҷуди ихтилоф дар бинишу гароиш, аммо дар мавриди Ҳофиз ва ашъораш, бо ҳам иттифоқи назар доранд: шариатмадорони хушкмуқаддас ва исломбадбинони пурмуддао.
Дидгоҳи ин ду гурӯҳ дар бораи он даста аз ашъори Ҳофиз, ки дар онҳо вожаҳои “маю шаробу шоҳиду хаммору буту соқиву нарду ҷому ғайра” ба кор рафта ин аст, ки ин вожаҳо ба ҳамон маънои зоҳириашон, ки ба зеҳнҳо табодур мекунанд буда ва ниёз ба таъвилу тафсиру тавҷеҳ надоранд. Яъне вақте Ҳофиз “май” мегӯяд, манзураш ҳамон майе аст, ки вақте инсон менӯшад, маст мешавад.
Далели ин бардошт, дар дараҷаи аввал, адами ошноӣ бо истилоҳоти махсуси урафост. Вақте инсон бо он истилоҳот ва чароии ба кор бурдани онҳо аз сӯйи шоирони орифмаслак ошно набошад, бале, то ҳадде ҳақ дорад вожаи “май”-и ба кор рафта дар ашъори Ҳофиз ва ё Мавлоноро ба ҳамон мойеъе, ки одам бо нӯшиданаш маст мешавад ҳамл кунад ва он гоҳ поро фаротар ниҳад ва пешниҳод кунад, то “тоҷикон бояд суннати майсозиро эҳё кунанд ва барои ин ҳар сол дар давраи Меҳргон як ҷашне бо номи “Модари май” (бар пояи достони Рӯдакӣ) барпо созанд. Ин ҷашн ҳам фоидаи моддӣ ва ҳам фоидаи маънавии бешуморе хоҳад дошт. Аз як тараф, маънавиёти Рӯдакӣ шакли амалӣ мегирад ва аз тарафи дигар, ҳунари майсозӣ ва афзоиши майи босифат боиси коҳиши алкоголизм (бадмастӣ) аз ҳисоби шароби бесифат, бахусус водка мешавад.”
Албатта, чунин бардошти ғалат аз ашъори шоирони орифмаслак, тозагӣ надорад. Дар замони худашон ҳам ба онҳо эътирозҳое аз сӯйи хушкмуқаддасҳо мешудааст; эътирозҳое, ки гоҳе боис мешуданд худи урафо камар ба шарҳу тавзеҳи муроду мақсуди худ бибанданд. Мавлавӣ мегӯяд:
Чун сафире бишнавӣ аз мурғи Ҳақ,
Зоҳирашро ёд гирӣ чун сабақ.
В-он гаҳе аз худ қиёсоте кунӣ,
Мар хаёли маҳзро зоте кунӣ.
Истилоҳотест мар абдолро,
Ки набошад з-он хабар ғаффолро.
Маҳмуди Шабистарӣ – яке аз шоирони орифмаслак, ки чизе кам аз Ҳофиз надорад — менависад, боре аз Хуросон барои ман пурсишҳое фиристоданд, то ҷавоб нависам:
Расуле бо ҳазорон лутфу эҳсон
Расид аз хидмати аҳли Хуросон…
Дар миёни он пурсишҳо ин суол ҳам будааст, ки:
Шаробу шамъу шоҳидро чӣ маъност?
Хароботӣ шудан охир чӣ даъвост?
Сипас ҷавоб медиҳад:
Шаробу шамъ, завқу нури ирфон,
Бибин шоҳид, ки аз кас нест пинҳон.
Ва ё Мағрибӣ — яке дигар аз шоирони орифмашраб — шеърҳое дар ҳамин мавзӯъ дорад, ки бисёр ҷолибанд, аз ҷумла:
Агар бинӣ дар ин девони ашъор
Хароботу хароботию хаммор
Буту зуннору тасбеҳу чалипо
Муғу тарсову габру дайру Мино
Шаробу шоҳиду шамъу шабистон
Хурӯши барбату овози мастон
Маю майхонаву ринди харобот
Ҳарифу соқиву нарду муноҷот
Навои арғануну нолаи най
Сабуҳу маҷлису ҷоми паёпай
Хуму ҷому сабӯи майфурӯшӣ
Ҳарифӣ кардан андар боданӯшӣ
Зи масҷид сӯйи майхона давидан
Дар онҷо муддате чанд орамидан
Гарав кардан пиёлай хештанро
Ниҳодан бар сари май ҷону танро
Гулу гулзору сарву боғу лола
Ҳадиси шабнаму борону жола
Хату холу қаду болову абрӯ
Узору оризу рухсору гесӯ
Лабу дандону чашми шӯху сармаст
Сару пою миёну панҷаву даст
Машав зинҳор аз ин гуфтор дар тоб
Бирав мақсуд аз он гуфтор дарёб.
Мапеч андар сару пойи иборат,
Агар ҳастӣ зи арбоби ишорат.
Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,
Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.
Назар гар барнадорӣ аз завоҳир,
Куҷо гардӣ зи арбоби сароир?
Чу ҳар якро аз ин алфоз ҷонест,
Ба зери ҳар як аз инҳо ҷаҳонест.
Ту ҷонашро талаб, аз ҷисм бигзар,
Мусаммоҷӯй бош, аз исм бигзар.
Фурӯ магзор чизе аз дақоиқ,
Ки то бошӣ зи асҳоби ҳақоиқ.
Ҳол, пурсиши асосие, ки инҷо худнамоӣ мекунад ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки агар бипазирем муроди Ҳофиз (ва мисли ӯ аз шоирони орифмаслак) аз “маю шаробу шоҳиду хаммору буту соқиву нарду ҷом” маъноҳои зоҳирии онҳо набуда ва маъноҳои дигаре мақсудашон будааст, пас, он маъноҳо асосан чӣ маъноҳое будаанд, ки Ҳофиз аз онҳо ба вожаҳое мисли “маю шаробу ғайра…” таъбир карда? Оё намешуд ба вожаҳое таъбир бишаванд, ки лоақал мавриди инкор қарор нагиранд? Магар Ҳофиз маҷбур буда ин вожаҳоро ба кор бигирад?
Пеш аз посух ба ин пурсиш, лозим аст яке ду ҷумла дар бораи худи Ҳофиз ва назари ҳамасронаш дар бораи ӯ бинависам. Шинохти шахсияти Ҳофиз кӯмак мекунад, то зуд “май”-и ӯро ба “водка” ҳамл накунем.
Ҳофиз кӣ буд?
Дар бораи шахсияти Ҳофиз ҷолиб аст бидонем, ки донишмандони ҳамасру ҳамдарси Ҳофиз ӯро беш аз ин ки ба унвони як шоир муаррифӣ кунанд, ба унвони як фақеҳ ва як ҳаким муаррифӣ кардаанд. Масалан, Муҳаммади Гуландом – яке аз ҳамдарсони Ҳофиз, ки барои нахустин бор девони ӯро пас аз вафоташ гирдоварӣ намудааст, вақте аз Ҳофиз ном мебарад, ба ин унвон ном мебарад:
“Зоти мулки сифот, мавлоно ал-аъзам, ас-саъид, ал-марҳум, аш-шаҳид, мафхарул-уламо, устоду наҳоририл-удабо, маъдинул-латоиф ар-руҳия, махзанул-маъориф ас-субҳония, шамсул-миллати вад-дин, Муҳаммад ал-Ҳофиз аш-Широзӣ.” (1)
Ҳофиз аз маъруфтарин қориёни асри худ, ки метавониста Қуръонро ба чаҳордаҳ ривоят бихонад маҳсуб мешуда ва худаш ҳам мегӯяд:
Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ, бо чордаҳ ривоят.
Ҳофиз аз шогирдони Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ, адиб ва фақеҳи маъруф аст. Дар ин робита омадааст:
“Ҳар гоҳ дар маҷлиси дарси Мир Сайид Шариф — алломаи Гургонӣ, шеър хонда мешуд, (ӯ хитоб ба шогирдонаш) мегуфт, ба ивази ин турраҳот, ба фалсафа ва ҳикмат бипардозед. Аммо чун Шамсуддин Муҳаммад (Ҳофиз) мерасид, алломаи Гургонӣ (аз ӯ) мепурсид, бар шумо чӣ илҳом шудааст? Ғазали худро бихонед. Шогирдони аллома ба вай эътироз мекарданд, ин чӣ розест, ки моро аз сурудани шеър манъ мекунӣ, вале ба шунидани шеъри Ҳофиз рағбат нишон медиҳӣ? Устод дар посух мегуфт: шеъри Ҳофиз ҳама илҳомот ва ҳадиси қудсӣ ва латоифи ҳикамӣ ва нукоти қуръонӣ аст.” (2)
Хуб вақте бидонем Ҳофиз якчунин шахсияте будааст, оё маъқул аст “май”-и ӯ ба “водка” масалан ҳамл бишавад?! Дар робита бо соири шоирони орифмашраб низ моҷаро аз ҳамин қарор аст. Масалан, оё дуруст аст “май”-и Рӯдакӣ ҳамли бар “майи босифат” бишавад ва сипас бар мабнои ҳамин бардошти ғалат, пешниҳод шавад, то “тоҷикон бояд суннати майсозиро эҳё кунанд” ва иддаъо шавад, ки ин кор мӯҷиби эҳёи “маънавиёти Рӯдакӣ” мегардад?! Дар ҳоле, ки Рӯдакӣ шахсияте аст, ки Авфӣ дар “Лубоб-ул-албоб” дар бораи ӯ менависад:
“Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гирифт ва маънои дақиқ мегуфт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд…” (3)
Инак, ба посухи он пурсиш мепардозем:
Ҳофиз ва маю шароб
Пурсиш ин буд, ки чаро Ҳофиз маъноҳои мавриди назари худро ба вожаҳое мисли “маю шаробу ғайра…” таъбир карда? Оё намешуд ба вожаҳое таъбир бикунад, ки лоақал нописанд набошанд?!
Посухро бояд аз забони худи Ҳофиз шунид. Аз назари вай ва куллан ҳамаи урафо, ишқ – ки аз он ба “май” таъбир мекунад бахусус ишқи илоҳӣ — қобили баён нест, забони ишқ забони баёнӣ нест:
Эй он, ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ,
Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат…
* * *
Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,
Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт…
Аз назари Ҳофиз, ин маъонӣ фақат бо рамз бояд гуфта шавад ва афроде ҳам метавонанд дарк кунанд, ки аҳли сулук бошанд, ғайр аз онҳо касе намефаҳмад.
Ҳофиз ҷойе ба Бӯалӣ таъризи аҷибе дорад. (4) Бӯалӣ дар охири “Ишорот” намате дорад ба номи “Мақомот-ул-орифин”. Хуб, Бӯалӣ як ҳаким ва як файласуф аст. Дар ҳоле, ки як ориф мӯътақид аст, ки бо абзори ҳикмату фалсафа ҳаргиз наметавон ҳақиқатро ёфт, шояд ба он огоҳӣ пайдо кард, аммо наметавон ба он расид ва ёфт, ин фақат ориф аст, ки бо сайру сулук метавонад ба ҳақиқат бирасад. Хуб, Ҳофиз хитоб ба Бӯалӣ мегӯяд:
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,
Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист. (5)
Баъд мегӯяд:
Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,
Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист.
Мақсуд аз “мурғи саҳар” ҳамон руҳи ориф аст, ки саҳархез аст. Дар мавзӯи саҳархезӣ ва муноҷоти саҳару гиряи саҳар, ҳеч кас аз Ҳофиз беҳтар сухан нагуфта. Ҳофиз марди шабзиндадору саҳархезе буда ва мукаррар тасреҳ мекунад, ки ман ҳар чи дорам, аз саҳархезӣ дорам:
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.
Пас, ин ки мегӯяд:
Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,
Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист.
— манзураш ин аст, ки инҳо аз китоб хондан ба даст намеояд, аз кори мурғи саҳар ба даст меояд; аз сулук, аз таҳзиби нафс, аз тазаррӯъ, аз зорӣ, аз муноҷот кардан, аз рафтан ба даргоҳи илоҳӣ фақат пайдо мешавад.
Арза кардам ду ҷаҳон бар дили корафтода,
Ба ҷуз аз ишқи ту боқӣ ҳама фонӣ донист.
Он шуд акнун, ки зи абнои авом андешам,
Мӯҳтасиб низ дар ин айши ниҳонӣ донист…
Сангу гилро кунад аз юмни назар лаълу ақиқ,
Ҳар кӣ қадри нафаси боди ямонӣ донист.
Он гоҳ мегӯяд:
Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,
Тарсам ин нуқта ба таҳқиқ надонӣ донист.
Яъне эй Бӯалӣ, ки аз дафтари ақл “Мақомотул-ъорифин” менависӣ, тарсам ин нукта ба таҳқиқ надонӣ донист.
Решаи қуръонии ин корбурд
Ҷолиб аст бидонем, ба кор бурдани вожаи “маю шароб” барои ишқи илоҳӣ, решаи қуръонӣ ҳам дорад. Дар Қуръон аз вуҷуди Худованд ба “соқии шароби таҳур” таъбир шуда, ки ба аҳли биҳишт арзонӣ медорад; мефармояд:
وَسَقَاهُمْ رَبُّهُمْ شَرَابًا طَهُورًا
“Ва (парвардигорашон) бодае пок ба онон менӯшонад.” (Сураи Инсон, ояти 21)
Олусӣ дар тафсири ин оят мегӯяд:
وقيل أريد بذاك الشراب الروحاني لا المحسوس وهو عبارة عن التجلي الرباني الذي يسكرهم عما سواه… ولعل كل ما ذكره ابن الفارض في خمريته التي لم يفرغ مثلها في كأس إشارة إلى هذا الشراب… ويحكى أنه سئل أبو يزيد عن هذه الآية فقال سقاهم شراباً طهرهم به عن محبة غيره ثم قال إن لله تعالى شراباً ادخره لأفاضل عباده يتولى سقيهم إياه فإذا شربوا طاشوا وإذا طاشوا طاروا وإذا طاروا وصلوا وإذا وصلوا اتصلوا فهم في مقعد صدق عند مليك مقتدر وحمل بعضهم جميع الأشربة على غير المتبادر منها
“Гуфта шуда, мурод аз ин шароб шаробе руҳонӣ аст на маҳсус. Ва шароби руҳонӣ иборат аз таҷаллии раббонӣ аст, ки онҳоро (биҳиштиёнро) аз ғайри Худо маст мекунад… Ва шояд тамоми он чи аз ашъор, ки Ибни Фориз (яке аз урафои номдори садри ислом) дар “Хамриёт”-аш зикр кардааст ишора ба ҳамин шароб аст… Овардаанд, ки аз Абӯязид (аз урафои машҳур) дар бораи ин оят пурсиданд, дар ҷавоб фармуд: (Худованд) биҳиштиёнро ба шаробе сероб кунад, ки эшонро аз муҳаббати ғайри Худо пок созад. Сипас фармуд: Худованди Таъоло шаробе дорад, ки барои бартарини бандаҳояш захира намуда, ки худаш соқии онҳо хоҳад буд; шаробе, ки вақте бинӯшанд, ҳуш аз сарашон бипарад ва ба парвоз дароянд ва чун ба парвоз даромаданд, ба Ӯ бирасанд ва чун расиданд, ба Ӯ муттасил шаванд… Баъзе аз уламо тамоми шаробҳоро (майҳоро) ба маъноҳое ҳамл кардаанд, ки ғайр аз он маънои зоҳирии он аст, ки ба зеҳнҳо табодур мекунад…” (Тафсири Олусӣ, ҷ.22, с.22-23, ба нақл аз Алмактабатуш-шомила)
Ин ки Олусӣ мегӯяд, “тамоми он чи аз ашъор, ки Ибни Фориз дар “Хамриёт”-аш зикр карда ишора ба ҳамин шароб аст”, ишора ба ин ҳақиқат аст, ки унвони “Хамрия” ва “Хамриёт” дар адабиёти араб ва “Соқинома” дар адабиёти порсӣ, барои ашъори ирфонӣ итлоқ мешавад. Пурравшан аст, ки қасди шоирони орифмаслаки порсизабону арабзабон монанди Ҳофиз ва Ибни Фориз аз сурудани ашъори “Хамриёт” ва “Соқинома”-ҳо, на майл ба гуноҳу тарвиҷи бодахорӣ ва майгусорӣ, балки баёни ишороти латифи ирфонӣ ва нукоти ҳикамӣ будааст.
Хуб, ба ҳамин миқдор басанда мекунам. Худованд ҷойгоҳи ҳазрати Ҳофиз, он орифи воломақомро биҳишти барин қарор диҳад ва шафоати ӯ насиби ин ҳақир гардонад!
***
Пайнавишт:
(1) Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ирфони Ҳофиз, с.12.
(2) Ҳамон манбаъ, с.13.
(3) Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, ҷ.2, с.6-7.
(4) Ба нақл аз “Ирфони Ҳофиз” таълифи устод Мутаҳҳарӣ, с.43.
(5) Ориф он рози ниҳонро фақат аз партави май – ки маълум аст, ки мақсуд аз майи орифона чист — медонад.
Қаламонлайн