Чаро мо, инсонҳо пойбанди ҳақиқат нестем?
Ҳақиқат, мисли адолат аст. Зеро ҳамон тавре, ки ҳама аз адолат мегӯем ва аммо амалан ба он пойбанд нестем, ҳамин тавр ҳама аз ҳақиқат дам мезанем, вале дар амал ба он пойбанд нестем.
Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:
فَالْحقٌ أَوْسَعُ الأشْیَاءِ فِی الّتوَاصُفِ، وَأَضْیَقُهَا فِی التّنَاصُفِ
“Ҳақ, васеътарини чизҳо дар мақоми тавсифу таъриф аст, лекин дар мақоми инсоф ва иҷро ва пиёда кардан, сахттарин ва тангтарин мавзӯъ аст.” (Наҳҷулбалоға, хутбаи 216)
Ҳақиқат яъне чизе, ки мутобиқ бо воқеъ бошад. Масалан агар шумо мӯътақид бошед, кураи замин гирди офтоб мечархад, ин бовари шумо ҳақиқат аст, зеро олами хориҷ ва воқеъ низ чунин аст ва ин эътиқоди шумо бо олами хориҷ мутобиқ аст. Ва хилофи ҳақиқат, дурӯғ аст. Дар ҳамин мисол, агар шумо мӯътақид бошед, ки офтоб гирди замин мечархад, ин бовари шумо дурӯғ аст, зеро хилофи воқеи хориҷ аст.
Бештари инсонҳо ва балки аксари онҳо, бо камоли таассуф ҳарчанд худро тобеи ҳақиқат – яъне он чи мутобиқ бо воқеи хориҷ аст – нишон медиҳанд, аммо дар амал, пайрави он нестанд. Меъёри онҳо дар гароиш ба чизе, ҳақиқат нест, балки ҳавои нафс аст, яъне чизеро мегароянд ва тобеи онанд, ки ҳавои нафси онҳо мегӯяд, на он чизеро, ки ҳақ аст.
Ва ин воқеияти талх, дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мо, инсонҳо намудор аст; чӣ дар ақоид ва боварҳо ва чӣ дар масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Дар заминаи як ҷаҳонбинӣ ва бовар масалан, ангезаи инсонҳо (бештари инсонҳо) дар гароиш ба боваре ё дине ва ё мактаб ва ҷаҳонбиние, чӣ бединӣ бошад ва чӣ диндорӣ ва агар дин аст, чӣ ислом бошад ё масеҳият ва ё зардуштӣ ва ғайра, оё ангезаи инсонҳо, ҳақиқат (мутобиқат бо воқеъ) аст ё ин ки дине, ки мо мегаравем, ба ин далел мегаравем, ки чун дини обову аҷдодӣ аст? Муҳит иқтизои онро дорад?! Чун “хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав”… Кадомин?!
Дар арсаи умури иҷтимоӣ ва сиёсӣ, агар аз як ҳокими золим ва ситамгаре дар ҷомеа таърифу тамҷид мешавад, медонем, ки ин, хилофи воқеъ ва дурӯғ аст, аммо мо сукут ва хомӯширо тарҷеҳ медиҳем. Чаро? Ангезаи мо дар ин мавзеъгирӣ чист? Оё пайравӣ аз ҳақиқат аст ё пайравӣ аз ҳавои нафс?! Қатъан пайравӣ аз ҳавои нафс. Зеро нафси мо ба мо талқин мекунад, ки роҳати ман дар сукут аст, на ибрози ҳақиқат, ки дарди сарсоз аст.
Дар арсаи байналмилал, ҳама нек медонем, ки саҳюнистҳо – як мушт нажодпараст ва бераҳм, сарзаминеро ғасб кардаанд ва яксара ҳар инсонеро, ки мухолифашон аст мекушанд, аммо чун аз қудрати сиёсӣ ва нуфуз ва имконот ва сарвати фаровон дар ҷаҳон бархӯрдоранд ба ҳадде, ки дасташон ба ҳама ҷо мерасад, агар чизе дар бораи моҳияти ҳақиқии онҳо бигӯем, яъне агар ҳақиқатро дар ин маврид бигӯем, онҳо метавонанд хафаамон кунанд ва дар воқеъ аз онҳо метарсем, ба ҳамин далел сукутро тарҷеҳ медиҳем, то ҷонамон солим монда бошад. Ангезаи ин сукут чист?! Оё ҷуз пайравӣ аз ҳавои нафс?! Ин ки пеши худ мегӯем, сукут кунам беҳтар аст, ин яъне ҳамон пайравӣ аз хостаи нафс.
Ин аст, ки гуфтам, мо, инсонҳо, албатта аксари мо, тобеи ҳақиқат нестем, балки тобеи ҳавои нафсем, ҳамон тавре, ки тобеи адолат нестем, ҳарчанд дӯсташ дорем.
Зеро тобеи ҳақиқат будан ва ҳамчунин пойбанд ба адолат будан, кори ба қавли маъруф, “ҳазрати Фил аст”, талх аст, бисёр талх аст, ки маҳрумиятҳои зиёдеро ба дунбол меоварад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн