Зиндагии муштарак ва садоқату ростӣ

Зиндагии муштарак ва садоқату ростӣ

Сабки зиндагӣ

Нақши садоқату ростӣ дар зиндагии зану шавҳар

Садоқату ростгӯӣ яке аз муҳимтарин ниёзҳои отифӣ дар зиндагии муштараки зану шавҳар аст. Дар сурате ки садоқат байни зану шавҳар вуҷуд дошта бошад, эҳсоси ишқу муҳаббати онҳо амиқтар мешавад. Садоқат зану шавҳарро ба якдигар наздиктар мекунадю дар як хонаводаи солим, садоқат, дурустӣ ва қобили эътимоду бовар будан аззаруритарин аҷзои робита ҳастанд. Огоҳӣ аз ин мазӯъ, ки метавонед бар сиҳҳати ҳарфҳои ҳамсари худ итминон дошта бошед, ҳисси амният ба шумо медиҳад, чаро ки ӯ дарҳама ҳол бо шумо содиқ аст. ҳамсари ростгӯ бо дар миён гузоштани ҳақиқат ин ҳисро ба шумо медиҳад, ки дар назари ӯ фарди мавриди эътимоде ҳастед.

Паёмадҳои адами садоқат бо ҳамсар

Замоне ки дар тӯлонимуддат ба касе ишқ меварзед, ки эътимоде ба ӯ надоред, ба худбоварӣ ва эътимод ба нафси ӯ ва асароти дарозмуддати ишқ варзидан ва зиндагӣ бо касе, ки ба ӯ бовар надоред, барои эътимод ба нафси шумо ва робитаатон осеб мерасонад. Яке аз мухаррибтарин авомиле, ки боис мешавад, самимияти байни зану шавҳар, ишқ ва шӯру ҳарорати робита аз байн биравад, бозгӯ накардани ҳақиқат аст.

Ғолибан афроде, ки ҳақиқатро дасткорӣ мекунанд, мӯътақиданд, ки ҳақ доранд гоҳе вақтҳо воқеиятҳоро бозгӯ накунанд ё бо гуфтани ҳақиқат шароит бадтар мешавад ва ба гуфтаи худашон, дурӯғҳояшон маслиҳатӣ аст.

Вақте шумо бо як фарди дурӯғгӯ зиндагӣ мекунед, дар ниҳоят маҷбур мешавед, ки дурӯғҳои ӯро бипӯшонед ва худатон ҳам монанди ӯ ба як дурӯғгӯ табдил шавед. Пас аҳамияти зиёде дорад, дар зиндагии муштарак содиқ бошед то ҳамсару фарзандони худро аз дурӯғгӯӣ боздоред.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Олимони дин амонатдорони паёмбаронанд
Ҳикояти зани биҳиштӣ

Матолиби пурбоздид