Ҳамос: “Оташбаси Лубнон таваҳҳумоти Натонёҳуро нобуд кард”

Ҳамос: “Оташбаси Лубнон таваҳҳумоти Натонёҳуро нобуд кард”

Ахбори байналмилал

Ҷунбиши Ҳамос зимни истиқбол аз тавофуқи оташбас дар Лубнон, онро нуқтаи атфи муҳимме барои аз байн бурдани таваҳҳумоти Натонёҳу дар тағйири нақшаи Ховари Миёна ва нобудии муқовамат донист.

Ба гузориши Алҷазира, ҷунбиши Ҳамос тайи баёнияе, аз нақши меҳварим муқовамати исломӣ дар Лубнон дар ҳимоят аз навори Ғазза ва муқовамати Фаластин ва фидокориҳои бузурги Ҳизбуллоҳ ва дабири кулли шаҳиди он Сайидҳасан Насруллоҳ тақдир кард.

Ҳамос дар идомаи ин баёния ба муносибати иҷрои оташбас дар Лубнон, эълом кард: “Ҳамчунин, устувории миллати бародар Лубнон ва ҳамбастагии ҳамешагии онҳо бо мардуми Фаластин дар баробари ишғолгарӣ ва таҷовузоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистиро арҷ мениҳем ва аз Худованди Мутаъол хосторем, ки Лубнон ва мардуми онро аз ҳар гуна осеб ва балое ҳифз бифармояд!”

Бар асоси ин баёния, пазириши тавофуқ бо Лубнон аз сӯйи душман бидуни таҳаққуқи шароите, ки пештар таъйин карда буд, нуқтаи атфи муҳимме дар аз байн бурдани таваҳҳумоти Натонёҳу мабнӣ бар тағйири нақшаи Ховари Миёна бо тавассул ба зӯр ва низ шикасти нерӯҳои муқовамат ё халъи силоҳи онҳост.”

Ҳамос таъкид кард, ки бидуни устувории муқовамат ва ҳимояти мардумӣ, чунин тавофуқе муҳаққақ намешуд. Мо итминон дорем, ки Меҳвари Муқовамат ба ҳимоят аз мардуми мо ва набарди онҳо бо тамоми имконот идома медиҳад.”

Ин ҷунбиш бори дигар эълом кард, ки барои ҳамкорӣ бо ҳар гуна талош барои оташбас дар Ғазза омодааст ва хостори таваққуфи таҷовуз алайҳи мардуми Ғазза дар чорчӯби умуре, ки ба сурати миллӣ бар сари он тавофуқ шудааст. Яъне оташбас, ақибнишинии нерӯҳои ишғолгар, бозгашти оворагон ва такмили як муомилаи воқеӣ ва комили табодули асирон.

Ҳамос аз набарди мардум ва муқовамати Фаластин дар навори Ғазза тайи беш аз як соли гузашта тақдир ва таъкид кард, ки “мо ҳамчун ҷасаде воҳид дар сангари дифоъ аз сарзамини худ ва муқобила бо тарҳҳои душмани саҳюнистӣ қарор дорем ва то таваққуфи ҷанг бар аҳди худ ҳастем.”

Дар идомаи ин баёния, аз кишварҳои исломӣ ва арабӣ ва ҳамаи озодагони ҷаҳон хоста шуда бо таҳарруки ҷиддӣ ва фишор бар Вошингтун ва режими ишғолгар, ба наслкушӣ дар Ғазза поён диҳанд.

Ҳамос таъкид кард, ки миллат ва муқовамати Фаластин бар аҳди худ ва пойбандӣ ба усули миллӣ ва ҳуқуқи машрӯъи хеш пойбанд аст ва ба дифоъ аз сарзамин ва муқаддасоти Фаластин то озодсозии ин сарзамин ва нобудии ишғолгарон ва ташкили кишвари мустақилли Фаластин ба пойтахтии Қудс идома хоҳад дод.

Aljazeera

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ: “Исроил барои оташбас ба илтимос афтод”
Financial Times: “Бойден ба маблағи 680 миллион доллар, силоҳ ба Исроил медиҳад”

Матолиби пурбоздид