Қолибоф: “Ҳамсоягони Сурия дар доми тарроҳии Омрико ва Исроил наяфтанд”
Ахбори байналмилал
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ (Порлумон)-и Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х, бо ишора ба воқеаҳои Сурия навишт: “Таҳаррукоти ҷадиди гурӯҳҳои теруристӣ-такфирӣ бахше аз тарроҳии Омрико ва режими номашрӯи саҳюнистӣ аст. Ҳамсоягони Сурия ҳушёр бошанд ва дар доми тарроҳии онҳо наяфтанд.”
Қолибоф таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Меҳвари Муқовамат пас аз ба шикаст кашондани режими саҳюнистӣ, дар муқобили тавтиаи ҷадид, ҳамчун гузашта ҳомии давлат ва миллати Сурия хоҳанд буд.”
Қаламонлайн