Ҳимояти қотеи Теҳрон аз Димишқ
Ахбори байналмилал
Irna
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон, якшанбе барои дидор бо мақомоти баландпояи Сурия вориди шаҳр Димишқ – пойтахти ин кишвар шуд.
Дар ин мулоқотҳо Ироқчӣ ба ҳимояти қотеи Теҳрон аз Димишқ таъкид намуд.
Ин сафар дар ҳоле сурат гирифт, ки гурӯҳҳои такфирӣ дар бархе аз шаҳрҳои Сурия ошӯб ва ноамнӣ эҷод карда буданд.
Дар идома низ вазири умури хориҷаи Эрон ба Онқоро рафт, то бо мақомоти Туркия перомуни равобити дуҷониба ва авзои минтақаӣ ва таҳаввулоти ҷорӣ дар Сурия баҳсу табодули назар кунад.
Irna
Қаламонлайн