Amnesty International: Исроил дар Ғазза муртакиби наслкушӣ шудааст

Афви байналмилал (Amnesty International): “Исроил дар Ғазза муртакиби наслкушӣ шудааст”

Ахбори байналмилал

Созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башарии Афви байналмилал (Amnesty International) мустақар дар Ландан, Исроилро ба наслкушӣ алайҳи фаластиниён дар ҷанги Ғазза муттаҳам кард.

Ин созмони ҳуқуқи башарӣ имрӯз (панҷшанбе) дар гузорише гуфт, ки пас аз моҳҳо таҳлили воқеаҳо ва изҳороти мақомоти исроилӣ, ба ин натиҷа расидааст.

Бону Агнес Калламар, дабири кулли Афви байналмилал, бо ироаи гузориш ба хабарнигорон дар Лоҳа (Гаага) гуфт: “Наслкушӣ дар ҳоли анҷом аст. Ҳеч шакке нест. Пас аз 6 моҳ таҳқиқи амиқ ва мутамаркиз, ҳеч шакке дар зеҳни мо вуҷуд надорад.”

Дабири кулли Афви байналмилал гуфт, ки ҳадафи Афви байналмилал исботи наслкушӣ набуд, аммо пас аз баррасии шавоҳид ва додаҳо ба таври куллӣ, танҳо натиҷагирӣ ин буд, ки “Исроил ба таври амдӣ дар гузашта ва акнун наслкушӣ мекунад.”

Вай афзуд: “Ин иддао, ки ҳадафи ҷанги Исроил дар Ғазза танҳо аз байн бурдани Ҳамос аст ва на нобудии физикии фаластиниён ба унвони як гурӯҳи миллӣ ва қавмӣ, ин иддао ба соддагӣ дар баробари баррасии дақиқ, давом намеоварад.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тафриқа афкан ва ҳукумат кун!
Баёнияи Фармондеҳии марказии нерӯҳои Омрико (CENTCOM) дар ҳимоят аз теруристҳои муҳоҷими Сурия

Матолиби пурбоздид