Ҳамалоти Яман ба чанд киштии низомии Амрикоӣ
Ҳамалоти Яман ба 2 новшикан ва 3 киштии омрикоӣ дар халиҷи Адан ва бандари Ҷибутӣ
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки муваффақ шуданд, 2 новшикан ва 3 киштии Омрикоро дар халиҷи Адан ва бандари Ҷибутӣ ҳадаф қарор диҳанд.
Ба гузориши Алмасира
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, шомгоҳи имрӯз (сешанбе) хабар дод, ки 2 новшикани омрикоиро дар халиҷи Адан ҳадаф қарор додаанд.
Яҳё Сареъ ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои дарёӣ, паҳподӣ ва мушакии Яман 3 киштии тадорукотии Омрикоро пас аз хуруҷ аз бандари Ҷибутӣ ҳадаф қарор доданд.
Ба гуфтаи нерӯҳои яманӣ, дар ҳамалоте манотиқи Ёфо (Телавив) ва Асқалон дар Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор гирифтааст. Нерӯҳои Яман гуфтанд, ки амалиётҳои мазкур бо чандин мушак ва паҳпод сурат гирифта ва бо муваффақият анҷом шудааст.
Гуфтанист, ин ҳамалот ба киштиҳои омрикоӣ тайи 10 рӯзи гузашта барои дуввумин бор аст, ки рух додааст. Ҳамалоти Яман ба аҳдофи низомии режими саҳюнистӣ дар манотиқи Ёфо ва Асқалони ишғолӣ ҳам бо 2 паҳбод буда, ки субҳи имрӯз сурат гирифт.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин гуфтанд, ки ба амалиётҳои ҳимоятии худ аз муқовамати Фаластин ва амалиётҳои дифоӣ аз Яман то замоне идома хоҳанд дод, ки муҳосираи Ғазза шикаста шавад.
Қаламонлайн