Кӣ бар Сурия ҳукумат хоҳад кард?

Таҳлили хабарӣ

Кӣ бар Сурия ҳукумат хоҳад кард?

Акнун, ки Асад сарнагун шудааст, чӣ касе бар Сурия ҳукумат хоҳад кард?

Таҳлиле дар нашрияи Economist

(Таҳлили мазкур лузуман мавзеи гурӯҳи расонаии Қаламонлойн намебошад ва ҷиҳати огоҳии бештари мухотабин бознашр мешавад)

Дар масири Димишқ аз марзи Сурия бо Лубнон дар 8-декабр, постҳои артиши Сурия ба вузуҳ матрук ва холӣ аз нерӯ буданд. Осфолти ҷодда пур аз юниформҳои раҳошудае буд, ки нерӯҳои Башшор Асад дар ҳангоми фирор, ба суръат аз онҳо даст кашида ва либосҳои ғайринизомӣ пӯшида буданд, то аз шӯришиёни пешравикунанда бигурезанд. Постерҳои пора ва харобшудае, ки тасвири Башшор Асадро намоиш медоданд, ба унвони нишонае аз суқути низом, дар канори ҷоддаҳо боқӣ монда буданд. Камтар аз ду ҳафта пас аз оғози пешравии шӯришиён, низоми Башшор Асад фурӯ пошид ва ӯ маҷбур шуд ба Маскав фирор кунад. Дар Димишқ ва саросари Сурия, мардум ба оғози як фасли ҷадид умедвор буданд ва дар талош барои таҷдиди равобити худ бо дунёи берун буданд.

Оё опозисиюни Сурия метавонад муттаҳид шавад?

Чӣ навъ оғози тозае интизори мардуми Сурияро медиҳад? Посух ба ин пурсиш бастагии зиёде ба ин дорад, ки оё опозисиюни чандпораи Сурия, ки акнун пас аз суқути низоми Башшор Асад душмани муштараки худро аз даст додааст, метавонад бо якдигар муттаҳид шавад ва давлати маданӣ, федерол ва чандфарҳангӣ барои тамоми Сурия ташкил диҳад, ё ин ки дубора ба даргириҳои дохилӣ фурӯ рафта ва кишварро ба ҷанги дохилии ҷадиде бикашонад.

То кунун, нишонаҳои аввалия нисбатан умедворкунанда будааст, ҳарчанд ҳанӯз бисёр зуд аст, ки бихоҳем ба ин таҳаввулот итминон пайдо кунем. Шӯришиён бавежа гурӯҳи Ҳайати Таҳрири Шом, ки замоне вобаста ба Алқоида буд ва тайи чанд соли гузашта бахшҳое аз шимоли ғарби Сурияро таҳти контрол дошт, муддаӣ ҳастанд, ки аз дарсҳои тағйири режимҳои гузашта дар ҷаҳони араб омӯхтаанд. Ба гуфтаи онон, бар хилофи таҷрибаҳои талхи Ироқ ва Либӣ, интиқоли қудрат дар Сурия ба таври маҳаллӣ ва аз тариқи нерӯҳои дохилӣ мудирият хоҳад шуд, на тавассути қудратҳои хориҷӣ ё бозгашти аносири табъидӣ.

Шӯришиён пас аз суқути низоми Башшор Асад, аз мақомоти маданӣ ва пулис хостаанд, ки то эъломи давлати ваҳдати миллӣ, дар мансабҳои худ боқӣ бмонанд ва назми умумиро ҳифз кунанд. Дар ҳамин росто, онҳо иқдом ба вазъи манъи рафту омад кардаанд, ки то шаби 8-декабр ба таври умда аз бурузи ғорат дар пойтахт ҷилавгирӣ кардааст — гарчӣ сирқати зуруф аз кохи риёсати ҷумҳурӣ ҳамчунон рух додааст. Алорағми ин ки аксари шӯришиён аз аксарияти суннӣ ҳастанд, ки бавежа аз сӯйи низоми алавии Асад ҳадафи терур қарор гирифтаанд, онон аз пирӯзиҳои фирқаии худ костаанд ва ба ҷойи он, ваъда додаанд, ки аз ақаллиятҳои мухталифи Сурия муҳофизат хоҳанд кард.

Бозсозии Сурия ё бӯҳрони ҷадид? Рақобат барои саҳм аз манобеи иқтисодӣ ва бозсозӣ

Аммо дар Сурия, авзоъ ба таври маъмул печидатар аз он чизест, ки ба назар мерасад. Тақсими ғайрирасмии Сурия, ки дар даврони низоми Башшор Асад шакл гирифт, пас аз суқути ӯ шиддат ёфта ва ба шаклҳои ҷадиде буруз кардааст. Дар рӯзҳои ахир, шӯришиён аз шимол, шарқ ва ҷануби кишвар бо назми шигифтангезе контроли худро ҳамоҳанг кардаанд. Бо ин ҳол, чун суқути низоми Асад сареътар аз он чи ки пешбинӣ мешуд рух дод, шӯришиён фурсати кофӣ барои барномарезӣ барои даврони пас аз суқутро надоштанд.

Дар ҳоли ҳозир, чаҳор ҷиноҳи аслӣ дар Сурия ҳар кадом артиши худро доранд ва барои тасаллут бар бахшҳое аз кишвар рақобат мекунанд.

Ин ҷиноҳҳо иборатанд аз:

1) шӯришиёни суннии мавриди ҳимояти Туркия дар шимоли ғарб;

2) курдҳо дар шимол ва шарқ;

3) шӯришиёни мавриди ҳимояти Урдун дар ҷануб

4) вафодорони боқимонда аз фирқаи алавии Асад дар ғарб.

Ҳамаи ин гурӯҳҳо бо тасарруфи силоҳҳо, заминҳо ва дороиҳои иқтисодӣ аз низоми Башшор Асад дар рӯзҳои ахир, тақвият шудаанд ва ҳар як хостори саҳми худ аз ғаноим ва саҳме дар бастаҳое ҳастанд, ки барои бозсозии Сурияи вайроншуда тартиб дода хоҳад шуд. Ин бастаҳои бозсозӣ, бо баровардҳои ҳазинаӣ ҳудуди 200 милёрд дулор, ба яке аз меҳварҳои рақобат ва таниш дар рӯзҳои оянда табдил хоҳад шуд.

Чанд соат пас аз суқути Башшор Асад, оташбаси шиканандае, ки миёни гурӯҳҳои мухталиф дар Сурия барқарор шуда буд, шурӯъ ба фурӯпошӣ кард ва даргириҳо бавежа дар Манбаҷ, дар хатти марзӣ байни арабҳои мавриди ҳимояти Туркия дар шимоли ғарб ва курдҳо дар шимоли шарқ шиддат ёфт. Ин хушунатҳо ёдовари таҷрибаҳои талхи гузашта барои суриҳост, зеро онҳо фаромӯш накардаанд, ки сарнагунии диктотурҳои Ироқ ва Либӣ чӣ гуна боиси оғози даҳаҳо ҷанги дохилӣ ва даргириҳои хунин миёни ҷонишинони эҳтимолии онҳо шуд. Илова бар ин, суриҳо ба хубӣ аз душвориҳои мудирияти равобити печида бо ҳамсоягони худ, бавежа Туркия ва Исроил, огоҳ ҳастанд. Дар яке аз ҳутелҳои панҷситораи Димишқ дар шаби 8-декабр, мусиқии ҷази нарм, ки дар ҳангоми шом пахш мешуд, гоҳе бо садои ҳамалоти ҳавоии Исроил ба як пойгоҳи низомии наздик қатъ мешуд.

Ал-Ҷулонӣ оё метавонад мухолифонашро муттаҳид кунад?

Қудратмандтарин рақиб барои раҳбарии Сурия, Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонии 42 сола, раҳбари Ҳайат Таҳрири Шом аст, ки танҳо 11 рӯз пеш, дар 27-ноябр, ҳамлаи шӯришиёнро аз мақарри худ дар Идлиб дар шимоли ғарби Сурия оғоз кард. Ал-Ҷулонӣ ба масеҳиён ва занон итминон дода, ки қасд надорад қавонини исломии сахтгиронаро дар манотиқи таҳти контроли худ эъмол кунад. Дар шаби 8-декабр, ӯ дар масҷиди умавии Димишқ хутбае эрод кард ва телевизиюни давлатии Сурия баёнияе пахш кард, ки дар он гуфта шуда буд: “Оянда аз они мост!”

Гуфта мешавад, ки Ал-Ҷулонӣ ба муқоисаи худ бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ҷавони Арабистони Саудӣ, алоқаманд аст ва ба дунболи ба даст овардани раҳбарии на танҳо дар Сурия, балки дар сатҳи минтақа аст.

Бо ин ҳол, гузаштаи Ал-Ҷулонӣ ба унвони раҳбари Алқоида дар Сурия ва саркӯбҳои ваҳшиёнае, ки барои ҳазфи руқабои худ ба кор гирифта, боис шуда, то бисёре аз гурӯҳҳои дигар нисбат ба ӯ мӯҳтот бошанд. Муҳимтарин чолиши Ал-Ҷулонӣ дар масири раҳбарии Сурия, ҷалби пазириш аз сӯйи дигар шӯришиён аст. Ӯ солҳо бештар бо ин гурӯҳҳо даргир буда, то бо низоми Асад ва ҳамин мавзӯъ метавонад монее бузург дар масири таҳаққуқи орзуҳои сиёсиаш бошад.

Ояндаи курдҳо ва алавиҳо дар Сурия; таслим ё муқовамат?

Ин ки Омрико, Русия ва Созмони Милали Муттаҳид ҳама Ал-Ҷулониро ба унвони терурист шинохта ва Ҳайати Таҳрири Шомро ба унвони як созмони теруристӣ муаррифи кардаанд, мумкин аст чолишҳои бузургеро барои ӯ дар сурати тасоҳуби қудрат эҷод кунад. Вазъияти байналмилалии ӯ бавежа дар баробари қудратҳои ғарбӣ ва минтақаӣ печида аст ва метавонад бар талошҳояш барои ба даст овардани машрӯият дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ таъсиргузор бошад.

Аз сӯйи дигар, иртиботи наздики Ал-Ҷулонӣ бо Туркия ва Қатар низ мӯҷиби нигарониҳои қудратҳои арабӣ мешавад, бавежа онҳое, ки тамоюл доранд ҳавзаи нуфузи онҳоро дар минтақа маҳдуд нигаҳ доранд. Ин равобит метавонад ӯро дар баробари дигар қудратҳои арабӣ ва бавежа кишварҳои мухолифи ҳар навъ нуфузи хориҷӣ дар Сурия, қарор диҳад. Бархе аз шахсиятҳои мухолиф низ ба таври талвеҳӣ дар бораи ин ҳушдор додаанд, ки шояд терури Ал-Ҷулонӣ битавонад муфид бошад. Яке аз таҳлилгарони наздик ба руқабои ӯ дар ин замина гуфтааст: “Мо метарсем, ки ӯ табдил ба як Асади дигар шавад.”

Ҳар касе, ки дар Димишқ ба қудрат бирасад, бидуни шак бо чолишҳои бузурге дар масири контроли тамоми Сурия рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар шимоли шарқи кишвар, курдҳо ҳамчунон ба нерӯҳои омрикоии мустақар дар минтақа чашм дӯхтаанд, то аз ҳар гуна талоше барои бозпасгирии майдонҳои нафтӣ, сабади нони Сурия ва шаҳрҳои арабӣ, ки таҳти контрол доранд, ҷилавгирӣ кунанд. Дар манотиқи стратегии Манбаҷ ва Риққа, ки дар ҳоли ҳозир шоҳиди даргириҳои мустамар бо нерӯҳои мавриди ҳимояти Туркия ҳастанд, курдҳо ба дунболи ҳифзи худмухторие ҳастанд, ки дар даврони ҳукумати Башшор Асад ба даст овардаанд.

Аз сӯйи дигар, дар рустоҳои кӯҳистонии воқеъ дар савоҳили Медитарона, алавиҳои ҳомии Асад низ бояд тасмими сарнавиштсозе иттихоз кунанд: оё ба мубориза идома диҳанд ё ба ҳукумати аксарияти суннӣ тан диҳанд ва аз идомаи муқовамат даст бардоранд?

Economist

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷабҳаи муқовамат на аз пирӯзиҳо мағрур бояд бишавад, на аз шикастҳо маъюс
Билохира бояд табиӣ ҷилва кунад!

Матолиби пурбоздид