Ҷузъиёте аз фирори Башшор Асад ба ривояти Reuters
Касе аз нақшаи фирор хабар надошт
Ахбори байналмилал
Хабаргузории Reuters ҷузиёти ҷадиде аз фирори Башшор Асад ва ваъдаҳои ӯ ба фармондеҳони артиши Сурияро мунташир кард.
Reuters дар гузорише навишт:
Башшор Асад фармондеҳони артиши Сурияро фиреб дод ва ба онҳо иттилоъ дод, ки кӯмаки Русия дар роҳ аст.
Вай ҳатто бародар ва бастагони худро аз барномаҳои худ барои фирор аз Димишқ мутталеъ накард.
Ӯ ба мудири дафтари худ иттилоъ дод, ки ба хона бозхоҳад гашт, аммо ӯ ба самти фурудгоҳ ҳаракат кард.
Раиси ҷумҳури собиқи Сурия аз мушовири худ Бусина Шаъбон хост, то матни суханронӣ барои ӯ бинависад, аммо вақте ба дафтар расид, ӯро наёфт.
Асад ҳатто бародари кӯчактараш Моҳирро аз барномаи худ барои хуруҷ мутталеъ накард.
Моҳир Асад бо болгард ба Ироқ ва сипас ба Русия рафт.
Башшор Асад дар 28-ноябр ба Маскав рафт, аммо дархостҳои ӯ барои дахолати низомӣ, дар Кремл шунида нашуд.
Вай дар дидори Ироқчӣ (вазири хориҷаи Эрон) нороҳат буд ва эътироф кард, ки артиши Сурия заиф аст.
Лавров (вазири хориҷаи Русия) талошҳоеро барои таъмини амнияти Асад аз тариқи иртибот бо Туркия ва Қатар раҳбарӣ кард.
Қатар ва Туркия бо Таҳрири Шом барои тасҳили хуруҷи Асад ҳамоҳангиҳое анҷом доданд.
Қаламонлайн