Ҷулонӣ: Ба дунболи ҷанг бо Исроил нестем

Ҷулонӣ: Ба дунболи ҷанг бо Исроил нестем

Ҷулонӣ: “Ба дунболи ҷанг бо Исроил нестем ва онро бахше аз набарди худ намедонем”

Ахбори байналмилал

Аҳмад аш-Шаръ маъруф ба Абӯмуҳаммад ал-Ҷулонӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии Ҳайати Таҳрири Шом ва фармондеҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳоким бар Сурия, (шанбе) бо баёни ин ки иттифоқоти Сурия пирӯзӣ бар пружаи хатарноки Эрон барои ҳамаи минтақа буд, гуфт: “Мо ба дунболи даргирӣ ва ҷанг бо Исроил ва ё ҳар гуна мунозеаи дигаре нестем ва онро бахше аз набарди худ намедонем ва ба иртибот бо ҷомеаи ҷаҳонӣ идома медиҳем.”

Ба гузориши Euronews, Ал-Ҷулонӣ изҳор дошт: “Ағлаби сафирон дар марокизи худ боқӣ монданд ва акнун пас аз инқилоби Сурия, дигар сафоратхонаҳо ҳам дар ҳоли аз саргирии фаъолият худ ҳастанд.”

Вай бо баёни ин ки мо душманӣ бо мардуми Эрон надорем, гуфт: “Мо ба русҳо фурсат додем, то дар равобити худ бо мардуми Сурия бозбинӣ кунанд.”

Ҷулонӣ тасреҳ кард: “Мо бо сафоратхонаҳои ғарбӣ дар тамос ҳастем ва бо Бритониё барои ҳузури ҳайати диплумотик вориди ройзанӣ шудем.”

Вай бо баёни ин ки аҳдофи мо барои сохт ва тавсиаи Сурия ошкор ва омода аст, изҳор дошт: “Мо ба дунболи даргирӣ ва ҷанг бо Исроил ва ё ҳар гуна мунозеаи дигаре нестем ва ба иртибот бо ҷомеаи ҷаҳонӣ идома медиҳем.”

Ҷулонӣ бо баёни ин иддао, ки иттифоқоти Сурия пирӯзӣ бар пружаи хатарноки Эрон барои ҳамаи минтақа буд, гуфт: “Исроил ба дунболи вуруд ба Сурия ба баҳонаи вуҷуди Эрон буд, аммо акнун баҳонае надоранд.”

Ҷулонӣ гуфт, мо метавонистем пойгоҳҳои Русияро ҳадаф гирем, аммо тарҷеҳ додем равобити ҳасанае бо Маскав дошта бошем.

аrabic.euronews.com

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бозгашти ДОИШ дар Сурия дар сояи сукути ҳукумати ҷадид
Вокуниши Алӣ Мутаҳҳарӣ ба таҳаввулоти Сурия: “Туркия ин вазъиятро эҷод кард”

Матолиби пурбоздид