Бозгашти ДОИШ дар Сурия дар сояи сукути ҳукумати ҷадид
Эъдоми ҳадди ақал 100 нафар тайи танҳо 4 рӯз
Ахбори байналмилал
Манобеи расонаӣ эълом карданд, ки эъдомҳои хиёбонии аносири ДОИШ дар Сурия муҷаддадан оғоз шудааст.
Ба гузориши Almaalomah, теъдоди қурбониёни ҷиноёти ДОИШ дар манотиқи ғарбӣ ва шарқии Ҳимс танҳо тайи 4 рӯз, ба 100 тан расидааст.
Бар асоси ин гузориш, аносири ташкилоти теруристии ДОИШ бо ҳамла ба чанд русто дар ғарб ва шарқи Ҳимс, иқдом ба боздошти 13 тан, ки дар ҳоли ҳаракат ба самти манотиқи худ буданд карда ва онҳоро бо шиллики гулӯла ҳадаф қарор доданд.
Аносири ДОИШ ҳамчунин клипҳои видеоии ин ҷиноёти худро дар фазои маҷозӣ мунташир кардаанд ба тавре, ки теъдоди қурбониёни ин ҷиноёт ба 100 тан мерасад.
Манобеъи расонаӣ изофа карданд, ки ДОИШ дар ҳоли иртикоби ҷиноят аст, бидуни он ки аз сӯи Ҳайати Таҳрири Шом ва ё дигар гурӯҳҳои ҳоким бар Сурия эътирозе дарёфт кунад ва шакку тардидҳое нисбат ба ҳамоҳангӣ миёни онҳо барои боз гузоштани дасти ДОИШ дар наздики марзҳои Ироқ вуҷуд дорад.
Лозим ба зикр аст, аз замони сарнагунии низоми Башшор Асад, ба дасти аносири Ҳайати Таҳрири Шом дар Сурия ҷиноёт ва эъдомҳои хиёбонӣ аз саргирифта шудааст.
Almaalomah
Қаламонлайн