Вежагии дигаре аз такфириҳои терурист
Вежагии дигари такфириҳои терурист, ки тоза маълум шуд
Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ
Пештар, вақте сухан аз такфириҳои терурист ба миён меомад, он чи дар зеҳнҳо аз эшон хутур мекард ин буд, ки онҳо, як мушт афроди нафаҳме ҳастанд, ки дӯстро аз душман фарқ намекунанд, афроди бераҳме, ки ҳамаро яксара сар мебуранд, аз ислом фақат исму расмашро доранд, аммо аз маъно ва ҳақиқати ислом фарсахҳо ба дуранд ва ғайра аз ин қабил авсоф.
Ҳоло, ба тозагӣ ва баъд аз сайтараи ин ҷамоат бар Сурия, як вежагии дигари ин қавми ҷоҳил ҳувайдо гашт. Ва он – бо камоли пӯзиш аз ҳаводорон ва ҳомиёнаш, ки дар миёни тоҷикҳои худамон мисли мӯру малах фаровон будаанд – ин аст ки: афроде будаанд беғайрат. Беғайрат яъне касе, ки вақте ба ҳарими ӯ (масалан занаш) дар пеши чашмонаш таҷовуз шавад, вале ӯ такон нахӯрад. Инро беғайрат ва беномус мегӯянд.
Таҷовуз ба хок ва сарзамин, чизе камтар аз таҷовуз ба зани одам нест. Ҳар инсони боғайрат ва бономус вақте ба зану баччаҳояш таҷовуз бишавад, аз онҳо дифоъ мекунад, на ин ки сокит нишинад.
Як ҳафта аст саҳюнистҳо Сурияро нобуд карданд ва то 25 километрии Димишқ расиданд, аммо Ҷулонӣ ва аъвону ансораш сокити сокитанд, ба ҷойи дифоъ аз сарзамини худ, паёмҳои дӯстӣ ба саҳюнистҳо мефиристанд ва вожаҳое чун “Равофиз” ва “Зайнабиюн” ва “Фотимиюн” ва назоири онҳо аз забонаш канда намешавад.
Хулоса, ба афроди ҳокими кунунии Сурия ва ҳомиёнаш тавсия мешавад амсоли Урдуғони беғайратро улгуи худ қарор надиҳанд; касе, ки дар авҷи таҷовузи саҳюнистҳо ба Фаластин, як он ва як лаҳза равобити сиёсӣ ва иқтисодии худро бо онҳо қатъ накард. Ҳудуди 10 ҳазор сарбози Туркия – дар авҷи ҳамалоти саҳюнистҳо ба Ғазза – дар канори артиши “Исроил” алайҳи мусалмонҳо ҷангиданд. Ин одам бисёр беғайрат аст.
Ва ба қавли Имом Ҳусайн (а) – замоне, ки саҳюнисти вақт яъне Шимри лаъин ба ҳарими аҳли байт дар Карбало ҳуҷум овард- “Дин, ки надоред, лоақал озода ва боғайрат бошед!”
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн