Муҳосиботи Эрон дар ояндаи Сурия
Байналмилал
“Бисёре аз тасмимоте, ки Эрон дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба сарнагунии Асад иттихоз кард, ҳанӯз барои мо мушаххас нест. Дар ҳоле, ки Теҳрон ба таври воқеъбинона наметавонад умедвор бошад, ки сатҳи нуфузеро, ки дар даврони Асад аз он бархӯрдор буд эҳё кунад, муҳосиботаш эҳтимолан фаротар аз бӯҳрони кунунӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба маҳорати исботшудаи Эрон дар баҳрабардорӣ аз шароити минтақаӣ, мумкин аст пешбинӣ шавад, ки раванди гузори Сурия аз Асад, фурсатҳои ҷадиде барои нуфузи Эрон эҷод кунад, бавежа дар шароите, ки ҷиноҳҳои мухталиф бар сари касби қудрат ва манобеъ дар ҳоли рақобат ҳастанд. Барои мисол, хусумати курдҳои Сурия бо нуфузи Туркия дар Сурия, мумкин аст намоёнгари яке аз ин кушоишҳо бошад. Тавоноии исботшудаи Эрон барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои суннӣ, ҳамчунин метавонад мунҷар ба эҷоди иттиҳодҳои амалгароёна ҳавли Меҳвари Муқовимат бо Исроил шавад…”
Таҳлиле аз Бунёди Корнегӣ (Carnegie Endowment)
* * *
Тазаккур: Нашри таҳлиле аз Бунёди Корнегӣ дар бораи таҳаввулоти ахири Сурия лузуман ба маънои таъйиди тамоми он чи дар ин мақолаи таҳлилӣ омадааст намебошад, фақат барои ошноӣ ба дидгоҳҳои таҳлилгарон оварда мешавад. (Қаламонлайн)
* * *
Мақолаи таҳлилии Бунёди Корнегӣ
Дар ҳоле ки нерӯҳои артиши Сурия ба тадриҷ маҳв мешуданд, Асад наззорагар буд, ки ҳомиёни деринааш яъне Русия ва Эрон ақибнишинии нерӯҳои худро аз Сурия оғоз карда буданд. Нерӯҳои Русия ба самти истеҳкомоти соҳилии худ дар Лозиқия ва Тартус ва нерӯҳои эронӣ ба самти шарқ ба Ироқ ҳаракат мекарданд. Ҳамаи ин таҳаввулот мӯҷиб шуд ҳокими Сурия ҳукумати худро танҳо бибинад.
Решаҳои ин бӯҳронро метавон дар соли 2012 ҷустуҷӯ кард, замоне, ки Эрон барои аввалин бор ӯҳдадор ба ҳифзи ҳукумати Асад шуд. Сарлашкар Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи фақиди Нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, барои арзёбии суботи режими Асад, сафарҳое ба Сурия анҷом дод. Бар асоси гузоришҳо, дар ҷараёни ин сафарҳо тавоноии режими Баъс барои муқовамат дар баробари мавҷи инқилобӣ ва фишори шӯришиён, барои Сулаймонӣ нигаронкунанда буд. Сардор Сулаймонӣ ҳамчунин ба Лубнон сафар кард ва дар он ҷо бо Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли фақиди Ҳизбуллоҳ дидор кард, то мавозеъи дифоъии Асадро тақвият кунад. Музокирот байни Сайидҳасан Насруллоҳ ва сардор Сулаймонӣ мабнои тасмими Эрон барои дахолати низомӣ дар Сурия буд ва ба дунболи он назари мусбати Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба рағми тардидҳои аввалия ҷалб шуд.
Дар мавриди ҳазинаҳои молӣ ва амалиётии қобили таваҷҷӯҳе, ки барои як дахолати заминӣ дар миқёси бузург лозим аст, бархе нигарониҳо иброз шуд. Бо ин ҳол Сайидҳасан Насруллоҳ ва сардор Сулаймонӣ мавридеро ироа карданд, ки дахолатро барои ҳифзи ояндаи Ҳизбуллоҳ ва нуфузи минтақаии Эрон зарурӣ медонист. Истидлоли онҳо бар ин таҳдиди вуҷудӣ мутамаркиз буд, ки суқути эҳтимолии Асад барои манофеъи роҳбурдии онҳо ва Меҳвари Муқовамат эҷод мекунад.
Тайи 13 соли гузашта, иддаъо мешавад, Эрон ҳудудан рақаме байни 30 то 50 милёрд дулор дар Сурия сармоягузорӣ кардааст, ки бар таъаҳҳуди тазалзулнопазири ин кишвар барои тазмини бақои Башшор Асад таъкид дорад. Мусташорони эронӣ, бавежа Нерӯҳои Қудс, нақши таъйинкунандае дар ҳифозат аз давлати Асад дар тӯли ҷанги дохилии Сурия ифо карданд. Гузоришҳои расмӣ ба беш аз 2 ҳазор шаҳид дар миёни нерӯҳои мудофеъони ҳарам ишора мекунанд. Гумон меравад, аксари ин шуҳадо аз миёни атбоъи афғонӣ бошанд, ки ба унвони бахше аз типҳои Фотимиюн ба майдони набард эъзом шуданд, агарчӣ шумори қобил таваҷҷӯҳе аз мусташорон низ бавежа дар ҷараёни набарди Хон-Тумон дар соли 2016 ҷон бохтанд.
Эрон ҳамчунин дар таҷҳиз ва омӯзиши нерӯҳои низомии сурӣ нақши басазое ифо карда буд. Аммо тайи соли гузашта, силсилае аз ҳаводиси ғайри қобили пешбинӣ мунҷар ба хадша ва садма ба сохтори фармондеҳии мушовирони низомии эронӣ дар Сурия шуд. Дар декабри соли 2023 Сайидризо Мӯсавӣ, яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳ, ки нақши калидӣ дар заминаи ҳидояти амалиёти низомӣ дар ин кишвар алайҳи Исроил ифо мекард, дар бомбборони ҳавоии Исроил ба шаҳодат расид. Чанд моҳ баъд ва дар апрели соли 2024 дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ба Консулгарии Эрон дар Димишқ, женерол Муҳаммади Зоҳидӣ, аз фармондеҳони пешини Сипоҳ ба шаҳодат расид, ҳарчанд радди пойи нуфуз ва нақши авомиле дар дохили дастгоҳи амниятии Сурия дар ин ҳамалот вуҷуд дошт, аммо ин таҳаввулот дар канори амалиёти Исроил бар зидди нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҷумла ҳазфи дабири кулли ин гурӯҳ, Сайидҳасан Насруллоҳ, ба шакли қобили мулоҳизае нуфуз ва тавоноии Эрон дар минтақаро хадшадор карда буд.
Бо оғози амалиёти низомии шӯришиён аз Ҳалаб дар авохири моҳи ноябр, Эрон аз имконоти лозим ва кофӣ барои ҳимоят аз Асад бархӯрдор набуд. Дуруст бар хилофи соли 2016 яъне ҳангоме, ки нерӯҳои заминии таҳти амри Эрон бо ҳимояти нерӯи ҳавоии Русия барои хориҷ кардани контроли Ҳалаб аз дасти гурӯҳҳои мухолифи Башшор Асад амал карданд, имрӯз ҳеч як аз ду ҳомии пешини Асад аз азми лозим барои иҷрои амалиёти мушобеҳ бархӯрдор набуданд. Эрон ва Русия ҳар ду ба шакли фазояндае аз беамалӣ ва созишнопазирӣ ва беангезагии Асад ба сутуҳ омада ва ноумед буданд.
Дар авоили соли 2024, Эрон ва Русия ҳар ду назароташон дар бораи раисиҷумҳури Сурия тағйир карда буд. Русия бавежа аз нақзи мукаррари тавофуқи коҳиши танишҳо дар Идлиб ва муқовамати сарсахтона дар баробари ҳар шакле аз роҳи ҳалли музокира хашмгин буд. Дар ҳамин ҳол, Эрон мутаваҷҷеҳ шуд, ки нуфузи бебадили Теҳрон бар ҳукумати Димишқ пайваста рӯ ба коҳиш аст ва Асад ба таври фазоянда масири мустақиллеро барои худ тарсим мекунад, ки ағлаб бо аҳдофи минтақаии Теҳрон дар тазодд аст. Суизанни Эрон ба Асад пас аз ифшои як силсила аз иттилоот дар бораи нақши авомили сурӣ дар ҷон бохтани мусташорон ва ҳамчунин таҳаррукоти нерӯҳои низомии эронӣ дар Сурия ба авҷи худ расид. Нерӯи Қудс, ки дерзамоне дар Сурия бо озодии комил амал мекард, шоҳид буд, ки таҳаррукоти он ба таври фазояндае тавассути мақомоти сурӣ маҳдуд мешавад ва Асад иҷозаи истифода аз Баландиҳои Ҷулонро ба унвони як ҷабҳа барои анҷоми амалиёт алайҳи Исроил ба нерӯҳои эронӣ намедиҳад.
Замоне, ки шӯришиён ҳамлаи худро оғоз карданд, на Эрон ва на Русия ҳеч манфиате барои сарфи манобеъи бештар ҷиҳати ҳимоят аз режиме, ки ба ҷойи он ки як дороии роҳбурдӣ маҳсуб шавад ба як бори сангин ва камфоида бадал шуда буд, намедиданд. Истиқлоли фазояндаи Асад, амалан широкатеро, ки ҳукумати ӯро барои беш аз як даҳа ҳифз карда буд, тазъиф кард. Дар ниҳоят, Русия ба далоили башардӯстона ба Асад пешниҳоди паноҳандагӣ дод, аммо беэътиноии Маскав ба Асад дар изҳороти Сергей Лавров дар нишасти Дуҳа ошкор шуд, ҷойе, ки ӯ мусоҳибакунандаро ба хотири ин ки мехост, ба гуфтаи ӯ, Лавровро “дар рагбори суолот перомуни Сурия ғарқ кунад” сарзаниш кард.
Дар ин миён, заъфҳои бунёдии артиши Сурия, ҳатто қабл аз тасарруфи Ҳалаб тавассути шӯришиён ошкор шуд. Баҳс дар шабакаҳои иҷтимоии Эрон ин воқеиятро мунъакис мекард. Эрониёни оддӣ дар ин маҷомеъ, шурӯъ ба интиқоди ошкор аз Асад ва бекифоятии артиши ӯ карданд.
Посухи аввалияи Эрон як равиши ошно буд: яъне басиҷи шабҳинизомиёни ироқӣ барои тақвияти хутути дифоъӣ аз Асад. Аммо давлати Ироқ аз вуруди ин нерӯҳо ба Сурия мумонаъат кард. Эрон ба ҷойи ин ки ин тасмимро ба чолиш бикашад, бо суҳулати шигифтангезе бо он мувофиқат кард. Дар як таҳаввули хиракунанда, нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон бидуни ҳеч муқовамате, роҳбурдитарин дороии худ – контроли гузаргоҳи марзии Сурия ва Ироқро раҳо карданд. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҷангҷӯёни ироқии тарафдори Эрон пеш аз вуруди нерӯҳои курд аз Дераззуйр хориҷ шуда буданд, ки мунҷар ба тасарруфи сареъи гузаргоҳи марзи Қоим – Букамол тавассути нерӯҳои демукротики Сурия (SDF) шуд.
Фармондории Дейраззур ва гузаргоҳи марзии он дар Букамол ба унвони як дороии муҳим ва ҳаётӣ барои Эрон дар Сурия амал карда буд, ки нишондиҳандаи як ҳалқаи ҳаётӣ барои пешбурди амёли минтақаии Теҳрон буд. Пас аз хориҷ кардани контроли Дейраззур аз чанги гурӯҳи ДОЪИШ дар соли 2017, Эрон ин минтақаи шарқии Сурияро ба як коридури ҳаётӣ барои намоиши қудрати худ дар саросари Шом табдил кард. Гузаргоҳи Қоим – Букамол ба нуқтаи иттисоли пули заминии Эрон ба Лубнон табдил шуд ва ҷобаҷоии таслеҳот, ҷангандаҳо ва тадорукотро барои нерӯҳои ниёбатии худ дар саросари минтақа тасҳил кард.
Аҳаммияти Дейраззур фақат дар арзиши луҷестикии он набуд. Эрон барои таъмини амнияти ин минтақа, эҷоди шабакае аз пойгоҳҳои низомӣ ва эҷоди равобити амиқ бо раҳбарони қабоили маҳаллӣ сармоягузории зиёде карда буд. Эрониҳо аз норизоятиҳои аъроб алайҳи ДОЪИШ ва баъдҳо нерӯҳои SDF баҳрабардорӣ карданд, дар ҳоле, ки ҳамзамон аз ин минтақа, барои таҳти фишор гузоштани нерӯҳои омрикоии мустақар дар подагони Танаф ва наздики майдони гозии Кунуку истифода карданд. Шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти Эрон мукарраран аз ин қаламрав, ҳамалотеро алайҳи мавозеъи Омрико анҷом медоданд ва онро ба саҳнае дар рақобатҳои минтақаии Иёлоти Муттаҳида ва Эрон табдил карданд. Бо ин ҳол, замоне, ки фурӯпошии режими Асад оғоз шуд, Эрон тасмими шигифтангезе барои вогузории ин сарзамини ҳаётӣ ба нерӯҳои демукротики Сурия гирифт. Ин ақибнишинӣ шояд мунъакискунандаи як роҳбурди шумтар ва дарозмуддат бошад – қиморе, ки танишҳои мудовим байни нерӯҳои курд ва ҷамъияти араби маҳаллӣ ва нерӯҳои шӯришии мавриди ҳимояти Туркия дар ниҳоят фурсатҳои ҷадиде барои баргардондани нуфузи Эрон эҷод мекунад.
Хуруҷи Эрон аз Сурия бисёр фаротар аз хуруҷ аз Дейраззур буд, ки нишондиҳандаи чархиши комил ва маъкуси ҳузури низомии ин кишвар дар саросари Сурия буд. Шаби қабл аз фирори Асад аз Димишқ, New York Times фош кард, ки Эрон шурӯъ ба хориҷ кардани фармондеҳон ва коркунони низомии худ аз Сурия кардааст. Ин воқеиятро яке аз таҳлилгарони наздик ба ҳукумати Эрон ин гуна баён кард: “Эрон шурӯъ ба тахлияи нерӯҳо ва коркунони низомии худ мекунад, зеро агар артиши Сурия худ намехоҳад биҷангад, мо наметавонем ба унвони як нерӯи мусташорӣ ва пуштибонӣ биҷангем. Натиҷа ин аст, ки Эрон дарёфтааст, ки наметавонад дар ҳоли ҳозир бо ҳеч амалиёти низомӣ авзоъи Сурияро мудирият кунад ва ин гузинаи рӯйи миз нест.”
Бисёре аз тасмимоте, ки Эрон дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба сарнагунии Асад иттихоз кард, ҳанӯз барои мо мушаххас нест. Дар ҳоле, ки Теҳрон ба таври воқеъбинона наметавонад умедвор бошад, ки сатҳи нуфузеро, ки дар даврони Асад аз он бархӯрдор буд эҳё кунад, муҳосиботаш эҳтимолан фаротар аз бӯҳрони кунунӣ аст. Бо таваҷҷӯҳ ба маҳорати исботшудаи Эрон дар баҳрабардорӣ аз шароити минтақаӣ, мумкин аст пешбинӣ шавад, ки раванди гузори Сурия аз Асад, фурсатҳои ҷадиде барои нуфузи Эрон эҷод кунад, бавежа дар шароите, ки ҷиноҳҳои мухталиф бар сари касби қудрат ва манобеъ дар ҳоли рақобат ҳастанд. Барои мисол, хусумати курдҳои Сурия бо нуфузи Туркия дар Сурия, мумкин аст намоёнгари яке аз ин кушоишҳо бошад. Тавоноии исботшудаи Эрон барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои суннӣ, ҳамчунин метавонад мунҷар ба эҷоди иттиҳодҳои амалгароёна ҳавли Меҳвари Муқовимат бо Исроил шавад, бавежа бо таваҷҷӯҳ ба ин ки исроилиҳо ба тозагӣ минтақаи ҳоили ғайри низомии эҷодшуда ба мӯҷиби тавофуқномаи ҷудоӣ бо Сурия 1974 дар ҷануби кишварро тасарруф кардаанд.
Бо ин ҳол, ҳамаи инҳо танҳо дар сатҳи ҳадсу гумоназанӣ боқӣ мемонад. Он чи мусаллам аст он аст, ки суқути беифтихори Асад, садамоти амиқеро, ки ҳукумати ӯ ва қудратҳои хориҷии тарафдори ӯ ба Сурия таҳмил карда буд, ошкор кард. Моҳҳои оянда нишон хоҳад дод, ки оё Эрон метавонад роҳбурди худро бо воқеияти ҷадиди Сурия татбиқ диҳад ё ин ки хуруҷи Асад нуқтаи поёнии воқеӣ барои ҷоҳталабиҳои ин кишвар дар Сурия хоҳад буд?
Carnegie Endowment
Тарҷимаи рӯзномаи “Дунёи иқтисод”
Қаламонлайн