Рози муваффақият

Муҳоҷират

Рози муваффақият

Мактаби инсоният

Рӯзе аз як зани муваффақ пурсидам, ки рози муваффақияташро бо ман дар миён бигзорад. Ӯ лабханде заду гуфт:

Муваффақияти ман замоне оғоз шуд, ки ҷангҳои кучакро ба ҷангҷӯёни кучак вогузор кардам.

Баҳсу ҷидол бо касонеро, ки пушти сарам ғайбат мекарданд, раҳо кардам.

Дигар барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ва исботи худам талош накардам ва саъй накардам интизороти ҳамаро бароварда кунам ва ҳамаро аз худам розӣ нигаҳ дорам.

Ин талошро ҳам канор гузоштам, ки дигаронро қонеъ кунам, ки дар бораи ман иштибоҳ мекунанд.

Он замон буд, ки муборизаамро барои:

Аҳдофам

Рӯъёҳоям

Афкорам ва ояндаам оғоз кардам.

Рӯзе, ки аз ҷангҳои кучак даст кашидам, масири муваффақиятам оғоз шуд.

Ҳар муборизае арзиши қурбонӣ кардани замон ва зиндагиро надорад.

Бояд муборизотамонро бисёр ҳушмандона интихоб кунем.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯшантарин дарси таърих
Нишонаи ҷомеаи ақибмонда

Матолиби пурбоздид