Бузургтарин ифтихор

Бузургтарин ифтихор

Мактаби инсоният

(Чанд ҳикмат аз ҳазрати Алӣ (а))

شَیئانِ لایعرِفُ فَضلَهُما إلاّ مَن فَقَدَهُما: الشَّبابُ وَالعافِیةُ

“Ду чиз аст, ки қадру қиматашро намешиносад магар касе, ки он дуро аз даст дода бошад: яке ҷавонӣ, ва дигаре тандурустӣ.”

الشَّبابُ لا يَعرِفُ قَدرَهُ إلاَّ الشُّيوخُ، وَالعافِيَةُ لا يَعرِفُ قَدرَها إلاَّ أهلُ البَلاءِ، وَالصِّحَةُ لا يَعرِفُ قَدرَها إلاَّ المَرضى، وَالحَياةُ لا يَعرِفُ قَدرَها إلاَّ المَوتى

“Арзиши ҷавониро ҷуз пирон намешиносанд. Арзиши оромишу осоишро ҷуз гирифторон намешиносанд. Арзиши саломат ва тандурустиро ҷуз беморон намешиносанд. Арзиши зиндагиро ҷуз мурдагон намедонанд.”

لو كان الفقر رجلاً لقتلته

“Агар фақр ба сурати як мард таҷассум меёфт, ӯро мекуштам.”

العامل بالظلم، والمعين عليه، والراضي به: شركاء ثلاثة

“Амалкунандаи ба зулм ва кӯмаккунандаи ба ӯ ва розӣ ба он, ҳар се шарики ҷурманд.”

Ба ин маъно, ки вақте як золим ва ситамгар муртакиби ҷинояте мешавад, дар ин ҷиноят ӯ танҳо нест, балки касоне, ки давру бари ӯ ҳастанд ва низ касоне, ки зулми ӯро мебинанд ва сукут мекунанд ва дар воқеъ ба он розӣ ҳастанд низ шарики вай дар ин ҷурманд.

الناس أعداء ما جهلوا

“Мардум душмани он чӣ намедонанд ҳастанд.”

Ба ин маъно, ки вақте як нафар аз чизе огоҳ нест ва нисбат ба он ҷоҳил аст, бо он чиз душманӣ меварзад, ва иллати душмании ӯ низ надонистани ӯст ва лоғайр. Масалан, касе ки аз як дониш огоҳ набошад, вақте сӯҳбат дар бораи он дониш биравад, чун намедонад, душмани он мегардад. Албатта, ин ҳолат як ҳолати ғолиб аст, на умумӣ.)

البخيل يعيش في الدنيا عيش الفقراء، ويحاسب في الآخرة حساب الأغنياء

“Одами бахил дар дунё мисли фақирҳо зиндагӣ мекунад, вале дар охират мисли сарватмандон мавриди ҳисобу китоб қарор мегирад.”

إلهي، كفاني فخرا أن تكون لي ربا، وكفاني عزا أن أكون لك عبدا، أنت كما أريد فاجعلني كما تريد

“Худоё! Аз фахр маро ҳамин бас, ки ту бароям парвардигор бошӣ! Ва аз иззату сарбаландӣ маро ҳамин бас, ки барои ту банда бошам! Ту чунон ҳастӣ, ки мехоҳам, пас, маро чунон қарор бидеҳ, ки ту худ мехоҳӣ!”

أفضل على من شئت تكن أميره، واستغن عمن شئت تكن نظيره، واحتج إلى من شئت تكن أسيره

“Бидеҳ (яъне ато кун ва бибахш) бар ҳар кас, ки хостӣ, дар ин сурат сарвари ӯ шудаӣ. Ва бениёз бишав аз ҳар кас, ки хостӣ, дар ин ҳолат назири ӯ шудаӣ. Ниёзманд бишав ба ҳар кас, ки хостӣ, дар ин сурат, асири ӯ шудаӣ.”

Ба сухани дигар: Вақте барои касе чизе бахшидӣ ва ато намудӣ, оқои ӯ гардидаӣ. Ва вақте ки дасти ниёз ба касе дароз кардӣ ва ӯ бароят чизе бахшид, худро асири ӯ сохтаӣ. Ва аммо вақте аз касе биниёз гардидӣ ва дасти эҳтиёҷ ба сӯяш наёзидӣ, ҳамсону назири ӯ ҳастӣ.

من علامات المأمون على دين الله بعد الإقرار والعمل، الحزم في أمره، والصدق في قوله، والعدل في حكمه، والشفقة على رعيته، لا تخرجه القدرة إلى خرق، ولا اللين إلى ضعف، ولا تمنعه العزة من كرم عفو، ولا يدعوه العفو إلى إضاعة حق، ولا يدخله الإعطاء في سرف، ولا يتخطى به القصد إلى بخل، ولا تأخذه نعم الله ببطر

“Аз нишонаҳои шахси амондор бар дини Худо пас аз иқрор ва амал (яъне пас аз имон) ин аст, ки дар кори хеш устувор бошад ва дар гуфтораш ростгӯ. Дар доварӣ ва ҳукм одил бошад ва бар зердастони худ меҳрубон. Ва чунон бошад, ки тавонгарӣ ӯро ба суитасарруф (ва ҳамоқат) накашонад. Муолиймат ва нармӣ ба заъфу нотавонӣ набарад. Иззату қудрат аз карами бахшиш ва гузашт манъаш накунад. Ва гузашту бахшиш ӯро ба зойеъ кардани ҳуқуқ водор насозад. Ва ато ва бахшиш ӯро ба исрофкорӣ накашонад. Ва иқтисод ва миёнаравӣ (ва адами исроф) ӯро то марзи бахилӣ набарад ва саранҷом, неъматҳои илоҳӣ намакнашносаш насозад.”

احمد من يغلظ عليك ويعظك لا من يزكيك ويتملقك

“Касеро ситоиш бикун, ки бар ту сахт мегирад ва насиҳатат мекунад, на он касеро, ки туро табриа (сафед) мекунад ва чоплусиатро менамояд.”

أكبر الفخر ألا تفخر

“Бузургтарин ифтихор он аст, ки ифтихор накунӣ.”

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бадахлоқӣ барозандаи мусалмон нест
Истиғфор – пушаймонӣ бар он чи гузашт

Матолиби пурбоздид