Соҳиби хона шудани як хонаводаи тоҷик дар Русия ва вокунишҳои ҷомеа ва масъулини русӣ

Соҳиби хона шудани як хонаводаи тоҷик дар Русия ва вокунишҳои ҷомеа ва масъулини русӣ

Ахбори минтақа

Дастрасӣ ба имконоти иҷтимоӣ ва маскунӣ барои муҳоҷирон ва ақалиятҳои ғайрирусӣ, борҳо ба унвони масъалаи пурҳошия дар Русия матраҳ шудааст.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия ба далели норозигии бархе сиёсатмадорони рус амр додааст, ки қазияи тақдими манзил ба як оилаи серфарзанди тоҷик дар шаҳри Митиши Русия таҳқиқ карда шавад.

Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, зану шавҳар, ду зодаи Тоҷикистон, ки 14 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд соҳиби манзил шуданд.

Оила дорои ҳафт фарзанд буда, қаблан дар як хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарданд. Бо дарназардошти шароити вазнини зиндагии онҳо, мақомоти шаҳри Митиши ин оилаи тоҷикро бо манзили истиқоматӣ таъмин кард.

Юлия Купетская, шаҳрдори Митиши бо нашри чанд акс аз маросими тақдими санади расмии хона навишт, ки ин оила барои гирифтани хона ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст.

Чанд соат пас аз нашри хабар он боиси вокунишҳои бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорони рус шуд. Ин гурӯҳҳо даъво доранд, ки додани хона “ба хориҷиҳо ё афроди ғайрирусиягӣ беадолатона аст”.

Дар ҳамин замина, аъзои Думаи давлатӣ низ хостори таҳқиқи қонунӣ будани ин тасмим шудаанд. Аз ҷумла, Сергей Миронов, ки бо баёнияҳои зидди муҳоҷирон машҳур аст, даъват кард, қонунӣ будани тасмими мақомоти Митиши дар мавриди пешниҳоди хона ба оилаи тоҷик санҷида шавад.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, Александр Бастрикин рӯзи 20-уми январ амр додааст, ки қонунӣ будани тартиби тақсими хона дар вилояти Маскав таҳқиқ карда шавад. Дар изҳороти Кумитаи тафтишотии Русия зикр шудааст, ки ин амр бо мақсади таъмини шаффофият ва иҷрои қонунҳо дода шудааст.

Мақомоти шаҳри Митишӣ таъкид доранд, ки ин тасмим бо риояи қонунҳои Русия ва барномаҳои ҳукуматии дастгирии иҷтимоӣ гирифта шудааст.

Юлия Купетская, шаҳрдори Митишӣ гуфтааст, ки ҳар шаҳрванд, новобаста аз миллат ва пайдоиши миллӣ, ҳуқуқи баробар ба дастрасӣ ба барномаҳои давлатӣ дорад.

“Самадова ба корҳои хайрия машғул аст ва бародаронаш барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украина бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз гардонида шудааст. Оила барои гирифтани шаҳодатномаи манзил ба тамоми шароитҳо ҷавобгӯ аст”, – навиштааст Юлия Купетская.

Мавқеи худи ҳамсарон дар робита ба ин ҳама сару садо маълум нест.

Масъалаи дастрасии манзил ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷирон ва ақаллиятҳои миллӣ дар Русия борҳо боиси баҳсу мунозираҳо шудааст.

Дар як тадқиқоте, ки дар он дастрасии муҳоҷирон ба манзил дар шаҳри Москва таҳқиқ шудааст, нишон медиҳад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Маскав ба манзилҳо набаробар дастрасӣ доранд.

Ин таҳқиқот собит кардааст, ки муҳоҷирони аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар вақт барои манзили истиқоматӣ гирифтан бо монеаҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин ҳолат боиси маҳдудиятҳои ҷиддии иқтисодӣ ва ҳуқуқии барои гурӯҳҳои гуногуни муҳоҷирон шудааст.

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ

Asia-Plus

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баррасии парвандаи «Табаддулоти давлатӣ»
Сухангӯи Қассом: Дар тӯли 72 соат, беш аз 10 низомии саҳюнист кушта шуданд

Матолиби пурбоздид