Аз финҳо биёмӯзем…

Фарҳанг

Аз финҳо биёмӯзем…

Мактаби инсоният

Панҷ рози сарафрозии мардуми фин ё сабақҳое, ки аз Финландия бояд омӯхт!

  1. Финҳо бо таҷаммулу шукӯҳ зистанро намепазиранд ва онро ҷузви фарҳанги асримиёнагӣ медонанду хосси одамони ноқис. Онҳо муътақиданд, ки танҳо одами ноқис к,азои х,очат дар унитази тиллоиро ифтихор медонад.
  2. Финиҳо бар ин боваранд, ки сарват андӯхтану аз ҳисоби ғорати ҳаммилат зистан баёнгари нафрат ба ин мардум аст. Чунин амалро разилону нокасон анҷом медиҳанд.
  3. Финиҳо бовар доранд, ки ба манфиати хеш харҷ кардани пули буҷети давлат (миллат) маъное ҷуз нафрат ба фарзандони худро надорад, зеро фарзандони мо мебояд дар мактаб дарс бихонанду дар хиёбонҳои бунёдкардаи мо қадам занад. Танҳо зишткирдор чунин мекунад.
  4. Дузд ба андешаи финҳо як буздил аст, ӯ ҳамеша аз ин ки додгоҳи виҷдону адл рӯзе ӯро кайфар хоҳад дод, нигарон аст. Чунин шахс наметавонад оромиш дошта бошад ва ҳаромзодае беш нест.
  5. Ба назари финиҳо фарзандонро дар Донишгоҳ шомил кардану ҷойи кор додан корест абас. Чун фарзанде ки қудрати ба пойи худ истоданро надорад, рӯзе меуфтаду нокому шарманда мегардад. Ин хислат низ хосси аблаҳон аст.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Устод Сайфулло Муллоҷон

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тромп: Аз Арабистон дархости як триллион доллар сармоягузорӣ хоҳам кард
Шодӣ ва шодмонӣ дар хонавода

Матолиби пурбоздид