Суқуту нобудии подшоҳони золиму мағрур
Мактаби инсоният
Фиръавн касе буд, ки худро худои замин мепиндошт.
Ҳеч кас ҷуръати интиқод аз ӯро надошт.
Ва агар касе ҷасорат мекард, ӯро ба ҷурми фасод ва тахриб дастгир мекард, зиндонӣ мекард ва саранҷом нобудаш менамуд…
Аммо таърих нишон дод, ки қудрат ва мақом агар бетақво ва бидуни инсоф бошанд, аз инсон фиръавн месозад.
Саранҷоми подшоҳони золим ва мағрур ҳамеша мисли ҳам будааст; суқуту нобудӣ.
Қудрат ва мақом танҳо замоне арзишманд аст, ки дар хидмати мардум бошад, на дар хидмати нафсу ғурур.
Бошад, ки аз сарнавишти фиръавнҳо ибрат бигирем ва ҳамеша ба адолат, фурӯтанӣ ва хидмат ба дигарон пойбанд бошем.
Қаламонлайн