Куршабпарак будан чӣ гуна аст?

Куршабпарак будан чӣ гуна аст?

Ёддоште аз Меҳмоншо Шариф

Дар дарсҳои “Сарсухан ба фалсафа”, дар мав’зуи ‘фалсафаи зеҳн’ донишҷӯёни ман ҳатман мақолаи файласуфи америкоӣ Томас Нигел “Куршабпарак ё хафош будан чӣ гуна аст?” (Thomas Nagel, What is it like to be a bat?) – ро мехонданд. Мақола қариб панҷоҳсола шуда бошад ҳам фикрҳои созандае дорад, ки имруз барои як донишҷӯ барои шинохтани зеҳн, таҷрубаи инфиродӣ ва шинохти таҷрубаи дигарон аз фоида холӣ нест.

Имрӯз вазъи фарҳанги-сиёсии мардум дар ин сарзамин то куҷое масъалаҳои бардоштаи ин мақоларо ба ёд меоранд…Дар ин муҳит дидан мумкин аст, ки мардум ба тарзи зиндагие одат кардаанд, ки бевосита ба шаклгирии зеҳни куршабпаракӣ овардааст. Ин таҷрубаест, ки қавми дар он буда ҳақиқат ва ростиро, чун куршабпарак рушноиро ё чун вампир офтобро, дигар дӯст надоранд, балки ин чизҳо барои саломатиашон зарар дорад ва шояд дудашонро барорад. Ҳақиқатро, ки аз рузгори паёмбарони аввалини инсоният то Афлотун ва аз рӯзгори Афлотун то мо маҳаки шинохти ҳасти ва воқеъияти инсон ҳисобида мешуд ин қавми академик-рузноманигор-шоир-сиёсатшинос-зиёи=хокшапҳо дигар эътироф намекунанд. Дигар донише, ки аз ҳақиқат, маънӣ ва иртибототи мантиқӣ шакл гирифтааст барои инҳо дониш нест. Ин қавм бар риши Aфлотун, Ибни Сино, Имом Ғазолӣ ва Декарт хандида шинохти ҳақ ва ҳаққиқатро чун куршабпарак дар ҳудудҳои ҳис нигоҳ доштаанд ва ҳар гуна донишро танҳо дар ҳамин ҳудуд мешиносанд. Дигар дастгоҳи ҳисиашон мисли куршабпарак шуда ва дигар аз ақл кор намегиранд, балки фоида ва хатарро хуб ҳис мекунанд ва ин унсури бунёдии будани онҳо дар ин ғористон аст.

Акнун дар ин муҳит роҳҳои алтернативии шинохт дигар вуҷуд надоранд ва ҳақиқат яктост. Дигар ё ин ҳақиқатро қабул мекунед ва ё зиндон, ё тарки ёру диёр ва ё… Бубинед, бо ин ҳама мушкилие, ки дар ин сарзамин аст ин куршабпаракҳо, касонеро ки ин фазои пасти ҳастӣ ва фарҳанги-сиёсиро шакл додаанд, касонеро, ки аз боқимондаҳои ин миллату давлат ҳукумати музофоти-фашистӣ сохтаанд, барои ин куршабпаракҳо фозилтарин мардум, қаҳрамон ва ягонаи давранд. Дирӯз ҳам рузи таваллуди дракуларо ҷашн гирифта буданд…

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 2
Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 1

Матолиби пурбоздид