Истеъдод ва халлоқият дар кӯдакон
Мактаби инсоният
Равишҳои бисёре барои парвариши тафаккури халлоқ дар кӯдакон вуҷуд дорад ва хеле аз онҳо вобаста ба хулқиёт ва тавоноиҳои фарзандон аст.
Корҳое, ки бояд барои парвариши халлоқият ва истеъдоди кӯдакатон дар манзил анҷом диҳед, ба шаҳри зер аст.
1 – Ҳангоми иштибоҳоти кӯдак сахтгирӣ накунед
Иштибоҳ кардани кӯдак як масъалаи табиӣ ва одӣ аст. Бачаҳое, ки аз шикаст хӯрдан битарсанд, ҳисси кунҷковӣ дар онҳо саркӯб мешавад.
Агар фарзанди шумо баъд аз иштибоҳ ноумед шуд, ё эҳсоси шикаст кард, бо ӯ барои ҷуброн ва тағири натиҷа сӯҳбат кунед. ӯро роҳнамои кунед, ки чӣ тавр метавонад иштибоҳашро ҷуброн кунад. Фақат роҳнамоӣ кунед ва худатон иштибоҳи ӯро ислоҳ накунед.
2 – Ташвиқи кӯдак
Ҳар иқдоми мусбат ва ҳар талоши кӯдакатонро ташвиқ кунед.
Подошҳои каломӣ беҳтарин навъи ташвиқ ҳастанд.
Агар дар ташвиқҳо беш аз ҳад сахтгир ҳастед ва чорчӯбмадор ҳастед ва аз ҷадвали ситора истифода мекунед, саъй кунед бо дидани корҳои халлоқона дар кӯдак, ӯро ташвиқу таҳсин кунед ва ҳатто ногаҳонӣ ба ӯ ситора ё ҷоиза бидиҳед.
Қаламонлайн