Оятуллоҳ Хоманаӣ: Музокира бо Омрико ҳеч таъсире дар рафъи мушкилот надорад
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Музокира бо Омрико ҳушмандона, оқилона ва шарофатмандона нест ва ҳеч таъсире дар рафъи мушкилоти кишвар надорад”
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, ба муносибати наздик шудани солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ба ҷамъе аз фармондеҳони нерӯи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиши ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Вай дар ибтидои ин дидор гуфт: “Аввалан музокира бо Омрико ҳеч таъсире дар рафъи мушкилот кишвар надорад. Инро бояд мо дуруст бифаҳмем; ин ҷур ба мо вонамуд накунанд, ки агар нишастем пушти мизи музокира бо он давлат, фалон мушкил ё фалон мушкил ҳал мешавад. На, хайр! Аз музокира бо Омрико ҳеч мушкиле ҳал намешавад. Далел? Таҷриба!”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Мо дар даҳаи 90 нишастем бо Омрико музокира кардем, ҳудуди ду сол як муъоҳадае ҳам ташкил шуд. Албатта Омрико танҳо набуд, чанд то кишвари дигар ҳам буданд, лекин меҳвар Омрико буд, умдатан Омрико буд. Давлати мо нишаст, музокира кард – давлати он рӯз – рафтанд, омаданд, нишастанд, бархостанд, музокира карданд, гуфтугӯ карданд, хандиданд, даст доданд, рафоқат карданд, ҳама кор карданд, як муъоҳадае ташкил шуд. Дар ин муъоҳада тарафи эронӣ хеле ҳам саховат ба харҷ дод, хеле имтиёз дод ба тарафи муқобил. Аммо ҳамон муъоҳадаро омрикоиҳо амал накарданд. Ҳамин шахсе, ки алъон сари кор аст, муъоҳадаро пора кард. Гуфт, пора мекунад ва кард; амал накарданд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Қабл аз ин ки ӯ биёяд ҳам ҳамонҳое, ки ин муъоҳада бо онҳо анҷом гирифта буд, ба муъоҳада амал накарданд. Муъоҳада барои ин буд, ки таҳримҳои Омрико бардошта бишавад, бардошта нашуд таҳримҳои Омрико; таҳримҳои Омрико бардошта нашуд! Дар мавриди Созмони Милал ҳам як устухони лойи захм гузоштанд, ки мисли таҳдиде ҳамеша боло сари Эрон вуҷуд дошта бошад. Ин муъоҳада маҳсули музокарае буд, ки ду сол – бештар ё камтар – тӯл кашид.”
Вай идома дод: “Хуб ин таҷриба аст дигар; аз ин таҷриба истифода кунем. Имтиёз додем, музокара кардем, имтиёз додем, кӯтоҳ омадем, аммо натиҷае, ки мақсудамон буд ба даст наёвардем. Ҳамин муъоҳадаро ҳам бо ҳамаи ин нақсҳое, ки дошт тарафи муқобил хароб кард, нақз кард, пора кард.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ кард: “Бо якчунин давлате музокара набояд кард, музокара кардан оқилона нест, ҳушмандона нест, шарофатмандона нест.”