Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад…

Он кас, ки надонад ва надонад, ки надонад…

Мактаби инсоният

Андарзҳое аз Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р)

1 – “Аҳмақтарини мардумон касест, ки эътиқоди росих дорад ба ин ки ӯ фозил аст ва бартар. Ва оқилтарини мардум касест, ки беш аз дигарон хештанро муттаҳам (ба нодонӣ) мекунад.”

2 – “Баъзе аз ҳукамо гуфтаанд: сӯҳбат (ҳамраҳӣ ва дӯстӣ) макун бо касе, ки ҳолаташ бо ту дар чаҳор маврид тағйир мекунад: вақте хашмгин мешавад, замоне ки хушнуд аст, вақте тамаъ меварзад ва замоне ки (ба чизе) ҳаво ва ҳавас мекунад… Шоир мегӯяд: (тарҷумаи шеъри арабӣ)

Шахси карим (мӯҳтарам) касе аст, ки вақте риштаи дӯстии ту бо ӯ қатъ мешавад, зиштии туро пинҳон ва некиҳоятро ошкор мекунад.

Ва аммо шахси лаъим (паст ва фурӯмоя) касе аст, ки замоне ки риштаи дӯстият бо вай қатъ мешавад, некиҳои туро пинҳон ва бӯҳтон ва иттиҳом бар ту мезанад.”

3 – “Одамҳо чаҳор дастаанд:

1) Касе, ки медонад, ва медонад, ки ӯ медонад, пас ӯ олим аст, ӯро пайравӣ намоед;

2) Касе, ки медонад, ва намедонад, ки медонад, пас ӯ хоб аст, бояд бедораш кард;

3) Касе, ки намедонад, ва медонад, ки намедонад, пас ӯ ҷӯянда аст, бояд роҳ нишон дод;

4) Касе, ки намедонад, ва намедонад, ки намедонад, пас ӯ нодон (-и мураккаб) аст, ки бояд тардаш кард (ва аз ӯ дур шуд).”

(Эҳёу улумид-дин, 1/59)

Қаламонлайн

 

Tags: , ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Майдони мурувват
Арзишҳои ахлоқӣ

Матолиби пурбоздид