Рубоиёти Субҳӣ Ҷавҳаризода
Рубоиёт
Даврон чу туро ба арши аъло дорад,
Рӯзе ба сафи пиёдагон бигзорад.
Ҳарчанд ки ҳампари саҳоб аст уқоб,
Охир ҷасади варо замин бардорад.
* * *
Ба чашмам нури рахшонам ту бошӣ,
Шабонгаҳ моҳи тобонам ту бошӣ.
Мунаввар гашт ин дил аз зиёят,
Ки меҳри партавафшонам ту бошӣ.
* * *
Эй тозагули баҳор як ханда намо,
Бо ишва назар карда дилам банда намо.
Хоҳам ки ба ту роз бигӯям як дам,
Оинаи дил ба лутф рахшанда намо.
* * *
Ба дил тире задӣ бо як нигоҳат,
Рабуда қалби мо чашми сиёҳат.
Надида одамӣ мислат ба дунё,
Ҷаҳони ҳуснию кони малоҳат.
Қаламонлайн