Форсӣ ва моҳияти динии он

Фарҳанг

 

Форсӣ ва моҳияти динии он

Форсӣ ва моҳияти динии он барои Тоҷикистони имрӯзу фардо

Камолиддин Кабир

Форсӣ ва моҳияти динии он

Баҳси дувум

Машҳур гардидани ҳувияти форсӣ дар ислом ба даврони зиндагонии паёмбари акрам Муҳаммад (с) бар мегардад. Замоне, ки Салмони Форсӣ дини Исломро пазируфт ва дар як муддати кӯтоҳ бо донишу таҷрибае, ки дошт, ба яке аз мушовирини ислом, ба «аҳли хонаводаи паёмбар (с)» ва касе табдил хоҳад ёфт, ки фарзандонаш илмро фаро хоҳанд гирифт, агарчи дар Сурайё бошад (мазмун аз аҳодис).

Баъдтар Нуъмон ибни Собит, ки падараш аз Кобул ба Ироқ рафта буд, парчами дониши динро ба даст гирифт ва аввалин донишманде гардид, ки Фиқҳи акбар ё қонуни шариати исломро дар асоси Қуръон ва ҳадис тартиб дод ва ба унвони Имоми Аъзам, яъне имоми бузург, ва бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ (пурпайравтарин мазҳаби ислом) шарафёб шуд.

Ҳамчунин Ҳаким Тирмизӣ, ки дар мазҳаби ҳанафӣ буд, аз машҳуртарин донишмандони исломии замони худ гардиду ба омӯзиши олами маърифат ва руҳи инсон чанг зад, ки андешаи ӯ даричаи навреро дар ботиншиносӣ, парҳезгорӣ ва зуҳд боз кард ва роҳи наверо барои ҳикмату тасаввуф кушод.

Имом Муҳаммади Бухориро ҳама мешиносанд. Аз шаҳри Бухоро, ки таърихан шаҳри тоҷикон аст, баромад ва аҳодиси саҳеҳи паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро тартиб дод, ки пас аз Қуръон китоби дуюми ислом унвон гирифтааст.

Чаро аз ин бузургон бад-ин тартиб ёдовар шудам?

Боре дар шаҳри Пекин бо ҷамъе аз намояндагони кишварҳои араб ва узви созмони Шонгҳой ҷамъ будему суҳбат мекардем. Чун маро пурсиданд, ки кишварат куҷост? гуфтам Тоҷикистон, ки баъзе аз ҳуззор тааҷҷуб карданд ва хостори маълумоти бештар дар бораи ҳувияту кишвари ман гаштанд. Яке аз мардҳои мисрӣ, ки зоҳиран пухтатар буду ҷаҳонбинӣ ва дониши бештар дошт, ҳамроҳ шуд ва гуфт, ки инҳо (тоҷикон) аз насли Салмони Форсӣ, Абуҳанифа, Тирмизӣ ва Имом Бухорӣ ҳастанд.

Магар бо чунин гузашта чигуна мешавад ифтихор накард ва сазовори номи онҳо набуд?

Дар баробари ин бузургон метавон аз Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, Табарӣ, Мотуридӣ, Бағовӣ, Ҷувайнӣ, Мавлонои Балхӣ, Носири Хусрав ва даҳҳо фарзандони ин мардум ном бурд, ки ҳар кадом як шохае аз дарахти илмро дар дини ислом ташкил медиҳанду меваи онҳоро то ҷаҳон боқист фарзандони одам истеъмол мекунанд.

Дар маҷмуъ осори гузаштаи мо, аз Рӯдакиву Фирдавсиву Сино сар карда то Саъдиву Ҳофизу Хайёму Хоразмиву Ҷомиву Тӯсиву дигарҳо пур аз панду андарзу ҳидояту тавҳид аст, ки дарёфти динии аҳли китоби ин мардумро пур аз маърифату ҳикмат кардаанд.

Фазои шаклдодаи ҳамин бузургон аст, ки равиш ва мазҳаби ин мардум дар эътидол асту пур аз муҳаббату якдигарфаҳмӣ ва холӣ аз хушунату куштор. Агар, барои мисол, ҳукуматдории Исмоили Сомонӣ ва Темурлангро муқоиса кунем, мебинем ки дар ҳукумати Сомонӣ чӣ фазои мусолиматомезе барои ҳамзистии мазоҳиб ва мардуми гуногун шакл гирифта буд ва чӣ фатвоҳое барои қатлу куштори мазҳабҳои ғайр ва мардуми дигар дар ҳукумати Темурланг содир намешуд. Ё масалан Аҳмадшоҳ Масъудро, ки бо ҳама шуҳрату ҷасорат хоксор буду ҳатто ба душманонаш раҳм мекард, чигуна метавон бо як раҳбари «Толибон», ки имрӯз дар Афғонистон ҳукумат дорад, муқоиса кард? Дин ҳамон дин аст, вале ҳар кас онро то андозаи маърифат ва фарҳанги доштааш фаро мегирад ва амал мекунад.

Сухане аз устод Ҷалоли Бадахшӣ ба ёдам омад, ки дар ҷое мегуфт: «артише, ки фарҳанг надорад, қобил ба дарҳам шикастани душман нест». Ин ҳамон устоди сиёсатшиноси тоҷики донишгоҳи Кобул аст, ки яке аз намояндагони вазифадори толибро «гӯсола» гуфт ва чанд рӯз «меҳмони» толибон шуд.

(Аз ин ҷо метавон ба дарки хулосаи Сино, (ки дар мақолаи қабли зикраш рафт) расид, ки (туркони давр) касоне, ки дар заминҳои носозгор зиндагӣ мекунанд, аз фазилат дуранд. Мардум имрӯз шоҳиди ба тахт расидани мардони аз фазилату ҳикмат дур гаштаанд ва мебинанд, ки ин бефаросатҳо чӣ гуна дар Замин фасод мекунанд ва сабаби куштори ҳазорҳо фарзандони одам мегарданду ҳатто ба кӯдаки гаҳвора раҳм намекунанд)

Рӯзе ҳамроҳи як бародари исмоилимазҳабам дар шаҳри Женева таксӣ гирифтем, то моро ба ҷое расонад. Ронанда ироқӣ буд ва баъд аз салому алайку чанде пурсу пос дар бораи мазҳабҳо ва вазъият дар Тоҷикистон суол кард. Гуфтем мардуми мо аксаран пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, исмоилимазҳаб низ зиёд дорем, ки ҳар дуи мо яке ба қавле ҳанафӣ ва дигаре исмоилӣ ҳастему дар Тоҷикистон низ ҳамингуна бародарвор ҳамзистӣ дорем. Ҳаваси фазои моро мехӯрд, аз ҳамдигаркушии сунниву шиъа дар Ховари миёна гила мекард ва сарони Амрикоро дашном медод.

Яке мегӯяд, ки дар ақида ин ҳарфҳо дуруст нест, ки гӯё нишонаи кибр ва худпарастӣ ва худпарастӣ гуноҳест бузург. Охир эй бародар! ту чӣ медонӣ, ки “…يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ” сухани Худост. Агар ҳадди ақалл хатти арабиро хондан тавонӣ, бояд бифаҳмӣ, ки дар «…валлазина утулЪилма дараҷот» атову илму дараҷа чист. Агар Худованд худаш ба касоне, ки аз илм баҳравар ҳастанд, дараҷаи бузург дода бошад, мо кистем, ки онҳоро эҳтиром накунему гиромӣ надорем?

Зоҳиран, гуфтани ин ҳарфҳо ба номи мақола рабт надоранд. Вале насли нави мо, ки дар сарашон афсонаи «курси маҳви бесаводӣ» ҳаккокӣ шудаасту аз пули падари муҳоҷирашон китоб мехаранду дар интернет рӯзи дароз навори «бобои қанд»-ро мебинанд, чигуна дарк кунанд, ки бобои аслияшон кист ва сироталмустақимашон кадом?

Дар интернет сухане чарх мезад, ки аз қаламрави давлатдории тоҷикон имрӯз ҳудудан як фоиз боқӣ мондаасту халос. Бояд ин пурсиш низ дар сари мо чарх занад, ки ки аз фазои илмии Сомониёну тақвои Нуъмону илми Синову ҷаҳонбинии Мавлоно чӣ мондааст?

Ин ҳарфҳо аз рӯи эҳсосот нестанд, балки барои он гуфта мешаванд, ки наслҳои имрӯзу фардои мо илҳом бигиранд ва пайравони асили гузаштаи тамаддунсози худ бигарданд. Бузургон дар гӯши фарзандони худ қиссаи гузаштагон кунанд ва масъулин дар ин самт кор кунанд, то мо ба асолати хеш бар гардем ва ба мардуми дунё ҳикмату донишу маърифат ҳадя кунем.

Чаро форсӣ?

Имрӯз дар YouTube мақолае аз устоди зиндаёд Садриддин Айниро ёфтам, ки бародаре онро сабти овозӣ карда мондааст (дасташ дард накунад). Мақола бо номи «Маънои калимаи «ТОҶИК» дар луғатҳо ва ҷойи кор фармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима» навишта шудааст, ки 2 декабри соли 1942 дар шаҳри Самарқанд нашр гардидааст. Хулосааш ин аст, ки тоҷик як халқи форсизабони баланмаданият аст, ки номаш аз калимаи «тоҷ» сохта шудааст. Линкашро мегузорам то касоне, ки ҳавасманд ҳастанд гӯш кунанду фаҳманд. https://www.youtube.com/watch?v=oLWUpXoOubw

Имрӯз бисёре аз тоҷикони интернетиро мебинам, ки ҳувияти худро дар доираи забони тоҷикӣ ва ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон маҳдуд мекунанду менависанд, ки мо эронӣ нестему форсизабон нестему фалону беҳмадон нестем. Бо ин ҳарфҳо зарфиятҳои таърихӣ ва тамаддунии худро, ки дар оянда метавон истифода кард, тангтар месозанд, раҳро барои дуздони таъриху тамаддуни худ ҳамвортар мегардонанду насли ояндаи худро бечоратар.

Магар ҳувият / кистӣ фақат аз як ё ду ё се арзиш иборат асту бас? Ҳатман не!

Агар кистии тоҷикро аз нигоҳи хешовандӣ андешаборон ё ба қавли англисҳо brainstorming кунем он фарогири арзишҳои ариёӣ, эронӣ, суғдӣ, балхӣ ва ғайраҳо хоҳад буд, ки бо забонҳои эронии ғарбиву шарқӣ (аксаран форсӣ) суҳбат мекунанду дар дини исломанд ва камобеш зартуштиву бедин.

Вақти он расидааст, ки мо ба кистии худ аз нигоҳи худ назар кунему худ бигӯем, ки мо кистем. Аз он таърифе, ки русу турк дар давраи «табартақсим» ба мо доданд, ки тоҷик ҳамине, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунаду забонаш тоҷикиву хатташ кирилливу ғайри эрониву форсу монанди инҳо даст бишӯем. Ин кор бо роҳи аввал шинохтан ва дуюм сохтани худ имконпазир мегардаду бас.

Мушаххас аст, ки то шуруъи «Бозии бузург» дар ин қаламрав фазои ягонаи мардуми тоҷик ё эронӣ зинда буду касе байни ин ду фарқ намегузошт. Баъд аз сохтани «давлатҳои миллӣ» аз ҷониби русҳо бештарин ҷабри таърих ба гардани тоҷик бор шуд. Чун аз қабилаҳои парокандаи турку муғул миллатҳои қазоқу қирғизу узбак сохтанд ва тоҷикро, ки ягона миллати шаклгирифта дар ин хок буд, то тавонистанд пароканда ва хурдтар карданд.

Агар ҳолат тағйир накунад, насли ояндаи моро ин пуррӯҳо ҳатто ҳаққи гап задан ҳам нахоҳанд дод. Хайр як тоҷик панҷоҳ сол пас чигуна даъво кунад, ки Мавлоно аз мост ё Сино ё масалан Фирдавсӣ? Як эронӣ мегӯяд, ки забони ту форсӣ нест, ки даъвои Фирдавсӣ кунӣ ва як афғонистонӣ мегӯяд, ки Мавлоно аз Балхи мо ба Қуния рафт ва як узбак мегӯяд, ки Сино аз Самарқанд буду эронинажоду хатташ форсӣ ва Самарқанд шаҳрест дар Узбакистон. Мо аз ин арзишҳое, ки мегӯянд кадомашро дар таърифи имрӯзаи «тоҷик» дорем, ки бархезему даъво кунем?

Дар мақолаи пеш аз пойтахти фарҳангии туркон эълон шудани Самарқанду дар гардани тоҷик лавҳи афғону узбак кашол карданро гуфтем. Имрӯз хабари фаъол гардидани Донишгоҳи байналмиллалии туркизабонҳо дар Узбакистонро мехонем, ки минбаъд дастгоҳҳои он ба нашри мақолаву китобҳои Сино турк асту Тӯсӣ турк асту Бухорӣ турк машғул хоҳанд шуд.

Медонам, хонандае ҳатман хоҳад гуфт, ки бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Бале, агар ҳалвои моро дигарон хӯранд, ҳатман намешавад. Чаро мо дар гузашта ва имрӯз аз як ноҳияи хурди Ванҷ паҳлавонони бисёр доштем? Чун куштӣ барои ин мардум ба арзиш табдил ёфт. Дар ҳар нишаст аз қаҳрамониҳои мардони паҳлавон қисса мекунанду ифтихор мекунанд, ки ин ба наслҳои нав илҳом мебахшаду онҳоро ба майдон мебарорад.

Агар ҳеҷ чиз тағйир накунад, насли фардои мо аз пӯшидани ҳувияти Салмониву Бухориву Атториву Носирӣ дуртар хоҳанд шуд ва тоқии ифротӣ ба сар хоҳанд кард.

Пеши роҳи инро гирифтан осон аст. Камтарин иқдом дар ин масир овардани «ҳувияти форсӣ» ба ин мардум аст, то ба асолати хеш бар гарданд ва мусофири раҳи гузаштагони худ бошанд.

Баҳси мазкур дар мақолаи баъдӣ, ки вобаста ба аҳаммияти иқтисодии форсӣ барои Тоҷикистони имрӯз навишта хоҳад шуд, ҷамъбаст мегардад.

Камолиддин Кабир

11 феврали соли 2025

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ботил аз қувват пазирад шаъни Ҳақ
Тавзеҳи бархе ҷузъиёти парвандаи табаддулот

Матолиби пурбоздид