Назми ҷадиди ҷаҳонӣ
Назми ҷадиди ҷаҳонӣ ба ривояти Тромп, Путин ва Ши Ҷинпинг
Байналмилал
Ба гузориши шабакаи хабарии Bloomberg, дунё дар интизори такрори Ялта қарор дорад, то як назми ҷадиди ҷаҳонӣ барои солҳои ояндаи ҷаҳон таъйин ва танзим шавад.
Бар пояи ин гузориш, агарчӣ дар ҳоли ҳозир бовар карданаш сахт ба назар мерасад, вале ёдамон нарафта, ки дар соли 2010 нерӯҳои омрикоӣ, бритониёӣ, фаронсавӣ, лаҳистонӣ (полшаӣ) ва укройнӣ ба муносибати 65-умин солгарди поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум, ҳамагӣ дар канори ҳам дар майдони Сурхи Маскав дар канори ҳамтоёни русии худ роҳпаймоӣ карданд.
Дар он рӯз Владимир Путин дар канори раҳбарони Олмон ва Чин шоҳиди пайвастани нерӯҳои НАТО ба режаи низомии 9 май буд. Дар идома низ Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури вақти Русия, аз тамоюли муштараки қудратҳои бузурги ҷаҳон, барои дифоъ аз сулҳ сӯҳбат кард.
Ҳоло дар бозгаште сареъ ба соли 2025 (шароит комилан мутафовит аст); наздик ба се сол аз ҷанги Русия алайҳи Укройн мегузарад ва Путин дорад омодаи мизбонӣ аз режаи 80-умин солгарди поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум мешавад. Ӯ аз Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин даъват карда, то дар майдони Сурх ба ӯ бипайвандад – ва Ши ҳам мувофиқат кардааст.
Аммо оё Путин аз Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико низ даъват хоҳад кард? Ва оё Тромп қабул хоҳад кард ва дар маросим ҳузур хоҳад ёфт?
Ин мавзӯъ метавонад ба шиддат барои Дунолд Тромп васвасаангез бошад.
Эъломи мукаррари омодагии Тромп барои савқ додани Русия ва Укройн ба як тавофуқи сареъ барои поён додан ба ҷанг ва дирӯз ҳам ситоиш аз иқдомот ва ҳусни нияти Путин ба хотири озодии як омрикоӣ аз зиндони русҳо аз ин назар, ки оё Тромп билохира дар режаи майдони Сурх ҳузур хоҳад ёфт ё на, умедворкунанда ба назар мерасад. Бахусус, ки муваффақияти Тромп дар поён додан ба ҷанги Русия ва Укройн – пеш аз фаро расидани 9 май – ба ӯ ин иҷозаро хоҳад дод ба унвони раисиҷумҳуре, ки сулҳро ба Урупо бозгардонда, ба Маскав сафар кунад.
Дар ин миён Владимир Путин мумкин аст барномаҳои бузургтаре дар сар дошта бошад. Ӯ муддатҳост, ки ба дунболи нусхае мудерн аз қарордоди 1945-и Ялта буда – ки ба конфронсе итлоқ мешавад, ки се раҳбари бузурги замон – Уинстон Черчилл, Иосиф Сталин и Франклин Рузвелт – дар мулоқоте, ки дар шибҳиҷазираи Қрим доштанд, ҳавзаҳои нуфузи қудратҳои бузург дар солҳои пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳониро мушаххас карданд.
Путин соли гузашта баҳсҳо ва сӯҳбатҳои зиёде дар бораи як “системаи амниятии Уруосия”-и ҷадид – ки аз Урупо то Чин имтидод дорад – дошт. Бо ин пешфарз, ӯ бо ҳузури Ши ва Тромп дар Маскав, фурсате беназир барои ташкили як гурӯҳи ҷадид аз ҳокимони қудратманди ҷаҳон ба даст хоҳад овард.
Тромп орзуи тасаллути Омрико бар Гренланд, Конодо ва коноли Пономоро дорад. Ши мехоҳад Тайван ва баҳри Чини ҷанубиро контрол кунад. Путин низ қасд дорад тасаллути Русия бар Урупо ва мавқеият ва ҷойгоҳи абарқудратии Русияро – ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз даст рафт – ба Кремл бозгардонад.
Тромп мегӯяд, ки Ши, Путин ва худи ӯ ҳамдигарро ба хубӣ мешиносанд ва ба хубӣ бо ҳам канор меоянд – ва дар идома ҳам мегӯяд, ки расидан ба як тавофуқи ҷадид барои тағйири шакли амнияти ҷаҳонӣ мумкин аст барои ҳар се ин қудратҳо ҷаззоб бошад.
Ин мавзӯъ албатта боиси тарси бисёре аз муттаҳидони демукротики Иёлоти Муттаҳида дар Урупо ва Осиё хоҳад шуд.
Bloomberg
Қаламонлайн