Раҳбари Эрон: Аз таҳдиди душман нигаронӣ надорем
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Имрӯз аз лиҳози таҳдиди сахтафзории душман, ҳеч нигаронӣ ва мушкиле надорем”
Байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (душанбе), бо ҳазорон нафар аз мардуми устони Озарбойҷони Шарқии ин кишвар, дидор ва гуфтугӯ кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Имрӯз аз лиҳози дифоъи сахт ва таҳдиди сахтафзории душман ҳеч нигаронӣ ва мушкиле надорем ва тавоноии мо барои муқобила бо таҳдидҳои сахт, дар сатҳи олӣ аст; мардум аз ин ҷиҳат эҳсоси амният мекунанд.”
Қаламонлайн