Масмумияти ғизоии коргарони муҳоҷир дар Маскав

Масмумияти ғизоии коргарони муҳоҷир дар Маскав

Дар як хобгоҳ дар шаҳри Москва 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон заҳролуд шуданд

Ахбори минтақа

Дар Москва 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар яке аз хобгоҳҳои маҳаллӣ аз ғизои тайёр заҳролуд шуданд. Панҷ нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Тибқи маълумоти Telegram-канали Mash, зарардидагон дар яке аз биноҳои истиқоматии Москва дар сохтмон кор мекарданд.

Нишонаҳои заҳролудшавӣ дар онҳо пас аз хӯрдани гӯшти мурғ ва шӯрбо пайдо шуданд.

Рӯзи дигар аҳволи онҳо бадтар шуда, қай карданд. Ба хобгоҳ чандин мошини ёрии таъҷилӣ омад.

Соҳиби хобгоҳ Ирина Кленина изҳор дошт, ки коргарон дар иншооти сохтмонӣ заҳролуд шудаанд.

Ба ақидаи зан, хобгоҳи ӯ ба ин ҳодиса ҳеҷ иртиботе надорад, зеро ба гуфтаи ӯ ба ин коргарон, корфармо ғизо медиҳад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Депорти муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Амрико
Раҳбари Эрон: Аз таҳдиди душман нигаронӣ надорем

Матолиби пурбоздид