Ифтитоҳи утоқҳои забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Ифтитоҳи утоқҳои забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Ахбори минтақа

Ба гузориши Ховар, дар доираи ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, ду утоқ барои дарси забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид.

Ҳоло донишҷӯён метавонанд аз ин утоқҳои дарсӣ, ки дорои китобҳои илмию бадеӣ бо забони тоҷикӣ аст, истифода намоянд. Ҳамзамон донишҷӯён имкон доранд дар ин утоқҳо тавассути филмҳои ҳуҷҷатию таърихӣ бо тамаддун, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, либосҳои миллӣ ва дигар васоили тоҷикон шинос шаванд.

Барои таҷҳизи утоқҳо мутахассисони Осорхонаи Миллии Тоҷикистон саҳм гузошта, аз фонди ёрирасони муассиса 27 ашёи таърихӣ, аз қабили китобҳои қадимии дастнавису чопи сангӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва зарфҳои армуғонӣ ба ин даргоҳ эҳдо шуд.

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аёдати вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон аз устод Фарзона
Амири Қатар хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Истодагии шумо дар канори мардуми Фаластин, фаромӯш нахоҳад шуд!”

Матолиби пурбоздид