Мерасид аз дур монанди ҳилол

Адаб

Мерасид аз дур монанди ҳилол

Ҳикояти Подшоҳ ва канизак, Маснавии маънавӣ

Мавлоно дар ҳикояти “Подшоҳ ва канизак”, ки нахустин ҳикояти Маснавӣ аст, ин мавзӯъро матраҳ карда ва нукоти муҳиммеро дар ин бора ёдовар мешавад, ки дӯст дорам барои азизон баён бикунам.

Дар ин ҳикоят, он ҷо, ки пизишкон аз дармони канизак нотавон мешаванд ва подшоҳ рӯ ба масҷид меоварад ва ба зорӣ ва тавалло ба даргоҳи Худо мепардозад, дар ин асно, якдафъа хоб бар ӯ ғалаба пайдо мекунад ва дар олами хоб пиреро мебинад, ки ба ӯ тавсия мекунад, фардо табиби ҳозиқе аз сӯйи мо назди ту меояд, ки:

Чунки ояд ӯ, ҳакими ҳозиқ аст,

Содиқаш дон, к-ӯ амину содиқ аст.

Баъд, подшоҳ бедор мешавад ва ба интизори он табиб менишинад, ки якдафъа он табиб аз дур намоён мешавад:

Мерасид аз дур монанди ҳилол,

Нест буду ҳаст бар шакли хаёл.

Он табиби ҳозиқро – ки дар воқеъ инсони комил буд – Мавлоно ташбеҳ мекунад ба ҳилоли моҳ. Моҳе, ки дар аввалҳои моҳ падид меояд. Ҳилоли моҳ дар рӯзи аввал бисёр-бисёр нозук аст, ҳар касе қодир ба дидани он нест, танҳо касоне, ки қудрати биноияшон қавӣ аст мебинанд. Бинобар ин ҳилолро ба “хаёл” ташбеҳ мекунад.

Аз ин ҷо Мавлоно дигар вориди ин баҳси мо, яъне баҳси “хаёл” мешавад ва нукоти муҳиммеро баён медорад.

Хуб ҳоло хаёл чист? Мавлоно мегӯяд: Хаёл, ҳам ҳаст ва ҳам нест. Яъне хаёл воқеан ҳаст, зеро дар вуҷуди инсон аст, вале чизе нест, ки бишавад онро дид.

Баъд мегӯяд: Хаёл на танҳо ҳаст, балки тамоми ҳаракоту саканоти мо инсонҳо муҳаррикаш, таҳриккунандааш хаёл аст:

Нестваш бошад хаёл андар равон,

Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон.

“Равон” дар мисраи аввал ба маънии “ҷон” аст ва дар мисраи дуввум ба маънии “раванда”, “ҷорӣ” аст. “Нестваш” ба маънии “нестнамо” аст, пасванди “ваш” ба маънии монанд аст, бинобар ин “нестваш” яъне мисли ин ки аслан нест. Ҷон ва ё руҳ, ба олами ҳақиқат мутааллиқ аст, дар сурате, ки хаёл поя ва асосаш гумон аст ва ба олами зеҳнӣ мутааллиқ аст, пас нестнамо аст.

Мавлоно мегӯяд, он қудрат ва нерӯи хаёл дар даруни ҷони мо монанди ин аст, ки аслан вуҷуд надорад ва нест, вале ҳамин хаёл, ки онро наметавон дид ва вуҷуди хориҷӣ ҳам надорад, дорои қудрати зиёде аст ва ҳамаи чархиши ин дунё бар асоси ин хаёл аст ва бар руҳу ҷисм ҳар ду метавонад мусаллат шавад ва руҳу ҷисми шахсро ба коре водор ва ё баръакс аз коре боздорад. Тамоми ҷунбиш ва ҳаракат дар олами ҳастӣ, ки ин мавҷудоти зинда доранд, ҳамагӣ ношӣ аз хаёланд. Шахс аввал хаёл мекунад ва сипас ба дунболи хаёли худ ҳаракат мекунад.

Бар хаёле сулҳашону ҷангашон

В-аз хаёле фахрашону нангашон.

Дар ин дунё ҳама чиз ношӣ аз хаёл аст. Агар ҷанге мекунанд, муҳаррик ва водоркунандааш як хаёл аст, ки шояд хаёли бепоя ва асос бошад. Ва агар бо ҳам сулҳ мекунанд, он ҳам метавонад муҳаррикаш як хаёл бошад.

Дар ҷаласаи шарҳи Маснавӣ барои дӯстон чанд мисол задам. Яке ин ки масалан агар байни ду инсон ё ду ҳизби сиёсӣ ва ё ҳатто ду кишвар ҷанге сурат гирад, шумо мебинед, маншаъи он чи басо як хаёли беасос аст, бар асоси ин хаёл хунҳо рехта мешавад. Як хаёле, фикре, бар сараш зада, ки асос ҳам надорад, масалан ба ӯ ба дурӯғ васвасагарон гуфтаанд, ки фалонӣ дар бораи ту гумони баде дорад ва ё қасди баде дорад ва хулоса фалонӣ одами баде аст. Он вақт, дар зеҳни ин бандаи Худо нисбат ба тараф гумони бад эҷод мешавад ва ҳамин гумони буд сабаб мешавад бо ӯ вориди ҷангу даргирӣ шавад. Кош фақат байни ду инсон буд, балки хеле аз набардҳои бузург дар ҷаҳон ва ҳатто ҷангҳои ҷаҳонӣ, вақте сарчашма ва сабаб ва маншаъи онҳоро баррасӣ мекунед, мебинед як хаёли беасосе беш нест.

Хеле аз ин бадбиниҳо ва даъвоҳо, ки дар ҳамин шабакаи маҷозӣ байни инсонҳо аҳёнан дида мешавад, агар баррасӣ кунед, мебинед, маншаъи онҳо як хаёл аст ва дигар ҳеч, хаёли бепоя. Тараф, дар бораи як бандаи Худо аз ину он, аз васвасагарон шунида, ки фалонӣ одами баде аст, сарсупурдаи фалон давлат аст, ҷосус аст масалан. Баъд, дар зеҳни тараф нисбат ба ӯ гумони бад эҷод мешавад, як хаёли нодуруст эҷод мешавад. Ҳамин хаёл сабаб мешавад, ки аҳёнан бо ӯ вориди ҷангу даъво шавад. Хулоса:

Бар хаёле сулҳашону ҷангашон

В-аз хаёле фахрашону нангашон.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба ахлоқи зебои Паёмбари Акрам(с)
Ишқ

Матолиби пурбоздид