Ҳикояти Маҳмуди Сабуктагин
Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ
Яке аз мулуки Хуросон Маҳмуди Сабуктагинро ба хоб чунон дид, ки ҷумла вуҷуди ӯ рехта буд ва хок шуд, магар чашмони ӯ, ки ҳамчунон дар чашмхона ҳамегардид ва назар ҳамекард. Соири ҳукамо аз таъвили он фурӯ монданд, магар дарвеше, ки хидмат ба ҷой овард ва гуфт:
— Ҳанӯз нигарон аст, ки мулкаш бо дигарон аст.
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд,
К-аз ҳастияш ба рӯи замин-бар нишон намонд.
В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок,
Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд.
Зинда-аст номи фаррухи Нӯшервон ба хайр,
Гарчи басе гузашт, ки Нӯшервон намонд.
Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр
З-он пештар, ки бонг барояд, фалон намонд.
Қаламонлайн