Тромп: “Робитаам бо Эрдуғон олист”
Ахбори байналмилал
“Кӯмаки 4 миллиард долларии Омрико ба Исроил, хеле зиёд аст”
Тромп дар дидор бо Натонёҳу гуфт: “Робитаам бо Эрдуғон олӣ аст. Ба Натонёҳу гуфтам, агар мушкиле бо Туркия дорӣ, ман метавонам онро ҳал кунам.”
Вай афзуд: “Бо марде, ки исмаш Эрдуғон аст, робитаи олӣ дорам ва ӯро дӯст дорам ва ӯ ҳам манро дӯст дорад. Ин боиси асабонияти расонаҳо шудааст. Ба Натонёҳу гуфтам, ман Эрдуғонро дӯст дорам ва агар мушкилоте бо ӯ дорад, бояд онҳоро ҳал кунад. Исроилиҳо бояд бо ақлоният, ҳар мушкилеро бо Туркия ҳал кунанд.”
Тромп афзуд: “Ба Исроил хеле кӯмак мекунем. Ба Исроил ҳар сол 4 миллиард доллар медиҳем. Ин хеле зиёд аст.”
Тромп дар посух ба суоли як хабарнигор, ки оё қасд дорад кӯмаки молӣ ба Исроилро қатъ кунад, ҷавоб дод, на, аммо ин маблағ зиёд аст.
Қаламонлайн